Дар пайи бӯҳрони молӣ ва болоравии қимати молу маҳсулот дар бозор, аксари сокинони Тоҷикистон водор ба он шудаанд, ки сарфаҷӯӣ карда ва даромади моҳонаи худро фақат барои хариди маводи хӯрока сарф кунанд.
Аз хароҷоти дигари рӯзгор, назири сару либос ва ё ворид сохтани навгоние дар зиндагӣ акнун аксарият парҳез мекунанд. Пажӯҳиши тозае низ муайян кардааст, ки сокинони Тоҷикистон аз 60 то 80 дар сади маоши моҳонаи худро барои хурду хӯрок сарф мекунанд.
Ин омор рӯзи панҷшанбеи 29 - уми октябр дар як нишасти созмони “Оксфам” эълон шуд ва гуфта шуд, маҳз маоши нокофӣ сокинонро бештар ба маблағҳои муҳоҷирон пойбанд кардааст. Ин пажӯҳиш аз ҷониби созмони “Оксфам” дар ҳамкорӣ бо САҲА ва миёни ду ҳазор сокини Тоҷикистон гузаронида шудааст. Бо андак тафовут, аммо оморҳои расмӣ ҳам аз болоравии хароҷоти мардум барои анвои хӯрока дарак медиҳанд.
Шариф Раҳимзода, раҳбари Кумитаи иқтисод ва молияи парлумони Тоҷикистон дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, вобаста ба бӯҳрони молӣ, поин рафтани қурбӣ миллӣ, коҳиши интиқоли маблағ аз ҷониби муҳоҷирон ва мушкилоти дигар, сохтори сабади истеъмолӣ ҳам дар кишвар тағйир ёфтааст. Ба гуфтаи ҷаноби Раҳимзода, “қаблан мардум танҳо 48 дарсади даромадашро барои дастурхони худ сарф мекард, аммо ҳоло маҷбур шудааст, қисми зиёди маблағи худро барои хӯрок, як миқдори камро барои хароҷоти дигар сарф кунад.”
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар як сӯҳбати сарироҳӣ аксар мусоҳибони мо ба он таъкид карданд, ки дар воқеъ даромади якмоҳаи онҳо ҳамеша тавре тақсимбандӣ мешавад, ки қисми бештари он барои хариди анвои хӯрока истифода мешавад. Аммо ба гуфтаи онҳо, агар зарурате барои хариди ягон лавозимоти дигари рӯзгор ё сару либос пеш омад, мусоҳибони мо мегӯянд, маҷбур мешаванд баъзе аз анвои хӯроки дастурхони худро ҳам кам кунанд. Ҳамин камии маош боис шуда, ки аксар мусоҳибони мо мегӯянд, наметавонанд нақшаву хоҳишҳои чандинсолаи худро амалӣ кунанд.
Латофат Қудратова, омӯзгори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мегӯяд, бисёр мехоҳад ба чанд кишвар сафару сайёҳат кунад. Аммо бо вуҷуди он, ки ҳоло фарзандонаш соҳиби оилаву “ҷо ба ҷо”шудаанд, вай наметавонад бо ҷамъоварии маоши худ ин хоҳишашро амалӣ кунад: “Дунёро дидан бароям муҳим аст. Агар имкониятам беҳтар мебуд ба Фаронса ва баъзе давлатҳои исломӣ рафта аз наздик ошно шавам. Аммо ҳоло зиндагӣ бисёр гарон шудааст ва ин кор мушкил аст.”
Аммо Ҳошим, марди 66-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки ҳоло бознишаста аст, мегӯяд, замоне қобилияти хуби корӣ дошт, хеле мехост фарзандонаш дар донишгоҳҳои бонуфузи хориҷ аз кишвар маълумот бигиранд ва тиҷорате дар кишвар ба роҳ монад, то замони бознишастагиаш хуб бигзарад, аммо ин имкон барояш даст надод, чун моҳонааш барои пешбурди рӯзгор “нуг ба нуг” мерасид: “Бачаҳоро дар Маскаву Олмон хонондан мехостем, аммо шукр ба ҳаминаш ҳам, ки ёфта зиндагӣ дорем. Аслан ман бештар аз либоса сарфа мекунам, чанд сол як либосро мешавад пӯшид. Нақша мекашем маблағро хуб бояд тақсимбандӣ кард.”
Бо он ки байни маоши мардум ва нархи бозор дар Тоҷикистон фарқи бузург аст, албатта ин монеи иҷро шудани нақшаҳои аксар мардум дар зиндагӣ мешавад. Бархеҳо бо кор дар чанд ҷой ва парҳез аз эҳтиёҷоти зиёде дар зиндагӣ, талош мекунанд ба сахтӣ ҳам бошад, дар зиндагӣ ва рӯзгори худ навгоние ворид кунад ва ё нақшаҳои бузургтари зиндагиашонро амалӣ созад.