Тоҷикистон ба вуруди то 50 кг бор аз Узбекистон иҷоза дод

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Мақомоти Тоҷикистон эълон карданд, ки интиқоли маҳсулот аз Узбекистон ба ин кишвар дар ҳаҷми то 50 килограмм иҷоза мебошад. Хуршед Каримзода, сардори Хадамоти гумрук гуфт, ки сокинони ду кишвар метавонанд, ба маблағи то 1000 доллар маҳсулотро ба Тоҷикистон бидуни таҳияи асноди расмӣ ворид кунанд.