Ҷанозаи донишманди шинохтаи тоҷик Худойназар Асозода баъд аз зӯҳри 18 феврал дар оромгоҳи Сариосиёи Душанбе ба хок супурда шуд.
Маросими видоъ бо Худойназар Асозода бо ҳузури олимону донишмандон, наздикон ва шогирдон дар манзили ин адабиётшиноси маъруф доир гардид. Расми адои намози ҷаноза дар масҷиди Сариосиёи пойтахт баргузор шуд.
Профессор Худойназар Асозода, адабиётшинос, шарқшинос, мунаққид, доктори илмҳои филологӣ субҳи рӯзи сешанбе дар синни 73-солагӣ даргузашт. Мӯсо Асозода, бародари марҳум рӯзи сешанбеи 18-уми феврал ин хабарро дар сӯҳбат бо радиои "Озодӣ" тасдиқ кард ва гуфт, ки Худойназар Асозода дар пайи бемории қалбӣ даргузаштанд. Ин ҳам дар ҳоле, ки ба иттилои шогирдонаш ду рӯзи пеш равоншод Асозодаро пизишкон ҷарроҳӣ карда буданд.
Профессор Худойназар Асозода, 25 декабри соли 1941 дар деҳаи Момайии ноҳияи Балҷувон ба дунё омадааст. Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Кӯлоб ва ДДТ-ро хатм кардааст. Ба ҳайси муаллими мактаби миёна дар ноҳияи
Колхозобод, лаборанти калони кафедраи забонии тоҷикии ДДТ, аспиранти кафедраи адабиёти шӯравии тоҷики ДДТ, тарҷумон дар Афғонистон кор кардааст. Баъди дифои рисолаи номзадӣ дар мавзӯи «Синфи коргар дар адабиёти советии тоҷик», фаъолиятро дар донишгоҳи мазкур идома додаст. Докторанти Институти шарқшиносии АИ ИҶШС буд.
Баъдан вазифаҳои муовини аввали ректори донишкадаи забонҳои Тоҷикистон (1992-93), мудири кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии ДДТ (1993-96) , декани факултаи филологияи ДДМТ (1996-99), мудири кафедраи забонҳои Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ (1999-2004), ректори ДДОТ (2005-2008)- ро ба ӯҳда дошт.
Асозода солҳои ахир профессори ДМТ буданд. Муаллифи беш аз сӣ асари илмист. Ахиран дар факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Махзани адабии профессор Худойназар Асозода ташкил ёфт ва адабиётшиноси маъруфи тоҷик 5 ҳазор нусха китоб аз китобхонаи шахсиашро ба китобхонаи факулта тақдим намуд, ки миёни онҳо китоби «Муаллим» низ ҳаст. Ин китоб маҳсули заҳмати маорифпарваронест, ки дар солҳои 40-ум бо мақсади маҳви бесаводӣ ба нашр расониданд.
Профессор Худойназар Асозода, адабиётшинос, шарқшинос, мунаққид, доктори илмҳои филологӣ субҳи рӯзи сешанбе дар синни 73-солагӣ даргузашт. Мӯсо Асозода, бародари марҳум рӯзи сешанбеи 18-уми феврал ин хабарро дар сӯҳбат бо радиои "Озодӣ" тасдиқ кард ва гуфт, ки Худойназар Асозода дар пайи бемории қалбӣ даргузаштанд. Ин ҳам дар ҳоле, ки ба иттилои шогирдонаш ду рӯзи пеш равоншод Асозодаро пизишкон ҷарроҳӣ карда буданд.
Профессор Худойназар Асозода, 25 декабри соли 1941 дар деҳаи Момайии ноҳияи Балҷувон ба дунё омадааст. Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Кӯлоб ва ДДТ-ро хатм кардааст. Ба ҳайси муаллими мактаби миёна дар ноҳияи
Баъдан вазифаҳои муовини аввали ректори донишкадаи забонҳои Тоҷикистон (1992-93), мудири кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии ДДТ (1993-96) , декани факултаи филологияи ДДМТ (1996-99), мудири кафедраи забонҳои Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ (1999-2004), ректори ДДОТ (2005-2008)- ро ба ӯҳда дошт.
Асозода солҳои ахир профессори ДМТ буданд. Муаллифи беш аз сӣ асари илмист. Ахиран дар факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Махзани адабии профессор Худойназар Асозода ташкил ёфт ва адабиётшиноси маъруфи тоҷик 5 ҳазор нусха китоб аз китобхонаи шахсиашро ба китобхонаи факулта тақдим намуд, ки миёни онҳо китоби «Муаллим» низ ҳаст. Ин китоб маҳсули заҳмати маорифпарваронест, ки дар солҳои 40-ум бо мақсади маҳви бесаводӣ ба нашр расониданд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад