Медали тиллои Хушқадам дар Ҷоми ҷаҳонии самбо (ВИДЕО)

Хушқадам Хусравов

Хушқадам Хусравов -- паҳлавони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонии самбо, ки ба ёдбуди Харлампиев дар Маскав баргузор шуд, дар вазни 62 кило бар рақибонаш пирӯз омада, соҳиби медали тилло гардид.

Мусобиқаи байналмилалии “Ёдбуди Анатолий Харлампиев”, поягузори гуштии самбо, ки Ҷоми ҷаҳонӣ ҳисоб меёбад, шаби 29-уми март дар Маскави Русия ба анҷом расид. Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи пурнуфузтарини самбо танҳо як варзишгар - Хушқадам Хусравов, паҳлавонони маъруфи тоҷик, -намояндагӣ кард.

Вай дар сабқати самбои варзишӣ байни мардон дар вазни зери 62 кило бар ҳамаи рақибонаш пирӯз шуда, ба финал баромад. Хушқадам дар қувваозмоии ниҳоӣ бар варзишгари Қазоқистон Йессет Куанов бо ҳисоби 6:3 ғалаба кард ва барои ҷойи аввал бо медали тилло ва ҷоизапулӣ сарфароз гашт. Дар ин вазн ҷойҳои севумро Иван Анискевич (Беларус) ва Шмаги Лагазаури (Гурҷистон) соҳиб шуданд.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ муовини сардовари ин мусобиқа, довари дараҷаи байналмилалӣ Маҳмуди Абдуллоҳ, дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон, хабар дод. Вай гуфт, ки дар ин мусобиқаи анъанавии байналмилалӣ беш аз 300 варзишгар аз 35 кишвари қораҳои Аврупо, Амрико, Африқо ва Осиё ширкат карданд.

Мусобиқа дар 9 вазн байни мардону занон дар риштаи самбои варзишӣ ва байни мардон дар намуди самбои размӣ баргузор шуд.

Мусобиқаи байналмилалии «Ёдбуди Анатолий Харлампиев», ки аз соли 1980 гузаронида мешавад, аз соли 2009 яке аз даврҳои муҳимтарини Ҷоми ҷаҳон, Суперҷом ё Ҷоми олии ҷаҳонии самбо ба шумор мерафт. Сар аз соли 2015 ин мусобиқа расман ягона Ҷоми ҷаҳонии самбо маҳсуб мешавад.

Ёдовар мешавем, Хушқадам Хусравов дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои Осиё, ки моҳи июни соли 2014 дар пойтахти Узбакистон - Тошканд баргузор шуда буд, дар рақобатҳо дар вазни то 62 кило ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфта, бо медали тилло сарфароз гаштааст.

Баъдан Хушқадам моҳи ноябри соли 2014 дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон, ки дар шаҳри Наритаи Ҷопон барпо гардид, дар вазни то 62 кг барои ҷойи дувум бо медали нуқра қадрдонӣ шуд. Вай дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Борис Борисов (Булғористон) мағлуб гашт.

Ассотсиатсияи хабарнигорони риштаи варзиши Тоҷикистон Хушқадам Хусравовро ба рӯйхати даҳ варзишгари беҳтарини Тоҷикистон дар соли 2014 дохил кардааст.

Хушқадам Хусравов дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “мақсади аслии ман ба даст овардани медали тиллои мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон мебошад. Чемпионати имсолаи ҷаҳон моҳи ноябр дар шаҳри Касабланкаи Мароккаш баргузор мешавад”.

Бояд тазаккур дод, баъд аз пирӯзии ҷаҳонпаҳлавон Саидмуъмин Раҳимов дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон моҳи сентябри соли 1975 дар шаҳри Мински Беларус, дар муддати қариб 40 сол ягон намояндаи Тоҷикистон ба унвони қаҳрамони ҷаҳон оид ба самбои варзишӣ мушарраф нашудааст.

Ғолибону ҷоизадорони Ҷоми ҷаҳон “Ёдбуди Анатолий Харлампиев” оид ба самбои варзишӣ байни мардон

- 52 кг

1. Беимбет КАНЖАНОВ (Қазоқистон)

2. Насимӣ УМБОЙЕВ (Озарбойҷон)

3. Кота ЯМАМОТО (Ҷопон) ва Алексей КЛЮКИН (Русия)

- 57 кг

1. Саян ХЕРТЕК (Русия)

2. Йерболат БОЙБОТИРОВ (Қазоқистон)

3. Генадий ЧЕРГАДЗЕ (Гурҷистон) ва Ҷамбулат АҲМАДОВ (Беларус)

- 62 кг

1. Хушқадам ХУСРАВОВ (Тоҷикистон)

2. Йессет КУАНОВ (Қазоқистон)

3. Иван АНИСКЕВИЧ (Беларус) ва Шмаги ЛАГАЗАУРИ (Гурҷистон)

- 68 кг

1. Евгений СУХОМЛИНОВ (Русия)

2. Эмил ҲАСАНОВ (Озарбойҷон)

3. Нурбол СЕРИКОВ (Қазоқистон) ва Сорбон ЕРНАЗАРОВ (Узбакистон)

- 74 кг

1. Амил ГАСИМОВ (Озарбойҷон)

2. Ассилбек АЛКЕЙ (Қазоқистон)

3. Степан ПОПОВ (Беларус) ва Уулу Урмат МАМБЕТЖАН

- 82 кг

1. Сергей КИРЮХИН (Русия)

2. Алексей СТЕПАНКОВ (Беларус)

3. Тежен ТЕЖЕНОВ (Туркманистон) ва Леван СИКЛАУРИ (Гурҷистон)

- 90 кг

1. Ашот ДАНИЕЛЯН (Арманистон)

2. Виктор ОСИПЕНКО (Русия)

3. Бахтиёр АББОСОВ (Озарбойҷон) ва Сергей ЛЕСЯК (Беларус)

- 100 кг

1. Давит ЛОРИАШВИЛИ (Гурҷистон)

2. Викторс РЕСКО (Латвия)

3. Евгений СЕМОЧКИН (Беларус) ва Элмураз ГАСИМОВ (Озарбойҷон)

+ 100 кг

1. Артём ОСИПЕНКО (Русия)

2. Бека БЕРДЗЕНЕШВИЛИ (Гурҷистон)

3. Юрий РИБАК (Беларус) ва Мавлуд МИРАЛИЕВ (Озарбойҷон)

Натоиҷи сабқати умумидастаӣ

Занон

1. Русия

2. Беларус

3. Қазоқистон

Мардон

1. Русия

2. Озарбойҷон

3. Қазоқистон

Самбои размӣ

1. Русия

2. Туркманистон

3. Қазоқистон