Агар пул диҳанд, чаро намеравам, меравам

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон тағйири макон кардани шаҳрвандон барои ёфтани кор як омили пешрафти иқтисод ба ҳисоб меравад. Дар Тоҷикистон мардум барои тарки макон кардан моил нестанд. Хабарнигори Радиои Озодӣ аз раҳгузарон пурсид, ки оё мойиланд барои кор ба ҷойи дурдасти Тоҷикистон бираванд.