Як муҳоҷири тоҷик дар шаҳри Санкт - Петербург и Русия аз сӯи афроди ношинос гаравгон гирифта шуда, вале пас аз чанд соат тавонистааст, аз асорат фирор кунад.
Баҳодур Ёрови 23 сола рӯзи 12 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "рӯзи 11 сентябр соати 13. 30 аз кор дар корхонаи мебелсозӣ берун шудам, ки ногаҳон як мошин дар паҳлуям қарор гирифт ва ду нафар ба сарам халта пӯшонда, дохили мошинам карданд. Як вақт ба ҳуш омадам, ки дасту поям баста ва дар хонае ҳастам. Он ду нафар аз ман талаби шумораи телефони падарамро карданд. Ман маҷбур шудам, ки шумораи падарамро ба онҳо диҳам."
Гаравгонгирон ба Баҳодур гуфтаанд, ки коре ба ӯ надоранд ва танҳо бо падараш ҳарф хоҳанд зад. Аммо баъдан гаравгонгирон, ки ба гуфтаи Баҳодур, ба тоҷикӣ сӯҳбат мекарданд ва симояшон ба тоҷикону узбакҳо монанд будааст, машғули нӯшидани машруб мешаванд ва Баҳодур бо кӯмаки як ҷавони дигар, ки дасту пойҳояшро мекушояд, аз асорат фирор мекунад.
Абдукарим Ёров, падари Баҳодур дар сӯҳбати телефонӣ ба Озодӣ гуфт, ки сабаби ба гарав гирифтани фарзандаш тавассути он ду ҷавонро намедонад: "Дар ҳақиқат, дирӯз ба телефонам паёмак ё СМС омад ва дар он навишта буданд, ки "писарат дар дасти мост, дар се рӯзи оянда ба инҷо (Санк-Петербург) ҳозир шавед ва бо шумо дар тамос мешавем.”
Абдукарим мегӯяд, албатта, ин паём барояш хеле нигаронкунанда буд, вале талошҳояш барои тамос бо гаравгонгирон натиҷае надод ва ӯ втанҳо замоне ором гирифт, ки хабари зиндаву саломат раҳо ёфтани писарашро шунид.
Абдукарим Ёров, мегӯяд, вай худ як таксирони оддист ва то ҳол аз касе қарздор нашудааст ва ба касе ҳам қарз надодааст: "То ҳол дар хидмати мардум ҳастам, таксӣ меронам. Ҳеҷ мушкиле бо муштариёнам надоштам. Намедонам, ин афрод киҳо ҳастанд ва чӣ мехоҳанд?"
Абдукарим Ёров сокини кӯчаи Куйбишеви шаҳри Кӯлоб буда, дар масири Кулоб - Душанбе таксиронӣ мекунад. Писари ӯ Баҳодур Ёров соли ҷорӣ Донишкадаи технологии шаҳри Кулобро хатм карда, рӯзи 17 август барои аввалин бор барои муҳоҷирати корӣ ба Русия рафт.
Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, дар ҷараёни қазияи гаравгонгирии Баҳодур Ёров қарор дорад ва қазияро таҳқиқ мекунад.
Дар гузашта низ мавридҳои гаравгонгирии муҳоҷирони тоҷик дар Русия аз ҷумла бо дасти ҳамватанони худи онҳо иттифоқ уфтодааст. Ҷамъи муҳоҷирони тоҷик дар Русия бино ба бархе оморҳо, ҳудуди 1 миллион ва бино ба оморҳои дигар, то 1,5 миллион нафарро ташкил медиҳад. Ин мардум соли гузашта ба Тоҷикистон 3,6 миллиард доллар пул фиристодаанд, ки баробари қариб нисфи маҷмӯъи маҳсулоти дохилии ин фақиртарин кишвари пасошӯравист.