Аслов: Зарурати азсаргирии музокирот дар Ховари Миёна пеш омадааст

Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар суханронии рӯзи 18 октябри худ дар иҷлоси 43-юми Шӯрои Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) дар шаҳри Тошканд, ба зарурати азсаргирии музокирот ба хотири хатми низоъҳо дар Ховари Миёна таъкид кард.

Сайти вазорати хориҷаи Тоҷикистон шоми 18 октябр навишт, ки Сироҷидин Аслов ба зарурати азсаргирии “раванди музокирот дар Ховари Миёна дар асоси қатъномаҳои СММ ва дигар ташаббусҳои байналмилалӣ, ҷалби Афғонистон ба равандҳои минтақавии иқтисодӣ, таъмини амнияти долонҳои транзитии тиҷоратӣ тавассути Афғонистон, тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ, аз ҷумла коркард ва татбиқи лоиҳаҳои минтақавӣ ва байниминтақавӣ дар қаламрави СҲИ таъкид кард”.

Дар хабарномаи вазорат дар бораи дигар ҷузъиёти суханронии Аслов чизе гуфта нашудааст, вале таъкид шудааст, ки иҷлоси вазирони хориҷаи 26 кишвари узви СҲИ таҳти раёсати вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов баргузор гардид. Мавзӯи аслии сӯҳбатҳо – “масъалаҳои умдаи ҷаҳони Ислом, мушкилот ва чолишҳои муосир ва роҳҳои таҳия ва татбиқи талошҳо ва иқдомоти муштарак ҷиҳати таъмини сулҳу амният ва рушди иқтисодиву иҷтимоӣ дар кишварҳои минтақа” будааст.

Ӯзбакистон раҳбари давраии СҲИ шуд

Иҷрокунандаи вазифаи президенти Ӯзбакистон Шавкат Мирзиёев дар суханронии худ ба истиқболи меҳмонони ширкатдори иҷлоси 43-юми Шӯрои вазирони хориҷаи СҲИ аз ин созмон даъват кард, ки ба ҳимояти арзишҳои дини Ислом бархоста, дастовардҳои ҷаҳони Исломро таблиғ кунанд. Вай гуфт, ки дар шароити ҷаҳони имрӯз, нақши ин созмон дар тақвияти арзишҳои мисли таҳаммулпазирӣ, эҳтироми фарҳангу сулҳ ва субот дар дохили ҷаҳони Ислом ва дар миёни пайравони дину фарҳангҳои мухталиф афзоиш меёбад.

Вай гуфт, ки ба мадди аввал принсипҳои муҳими СҲИ, ба мисли “ҷустуҷӯи роҳҳои сулҳомези сиёсиву дипломатӣ, ҷилавгирикунанда ва ҳалкунандаи низоъҳо ва ҳам вокуниши сареъ ба мушкилот мебарояд”. Вай инчунин ба нақши муҳими фарҳангиву маърифатии СҲИ таъкид кард. Соли 2017 Ӯзбакистон баъди Кувайт раҳбарии давраии СҲИ-ро ба ӯҳда гирифт.​

Нахустин ҳамоиши байналмилалӣ дар Тошканд баъди даргузашти Ислом Каримов

Ҷаласаи дурӯзаи Шӯрои вазирони умури хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои исломӣ, ки дар Тошканд то 19 октябр идома мекунад, нахустин ҳамоиши баландпояи байналмилалӣ баъди даргузашти президент Ислом Каримов аст, ки дар пойтахти Ӯзбакистон баргузор мешавад. Дар меҳвари нишасти созмон – баррасии масоили марбут ба густариши ҳамкориҳои кишварҳои узв, амнияти минтақа ва ҷаҳон ва дигар мавзӯоти байналмилалӣ қарор доранд, мегӯяд вазорати хориҷаи Тоҷикистон.

Коршинос: СҲИ натавонист ба созмони таъсиргузори ҷаҳонӣ табдил шавад

Созмони ҳамкориҳои исломӣ, ки дар гузашта исми Созмони конфронси исломиро доштааст, соли 1967 дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саъудӣ таъсис шуд. Ин созмон дар назди СММ мақоми ташкилоти нозирро дорад. Ба узвияти он ҳоло 57 кишвари мусалмоннишин шомил шудааст. Тоҷикистон соли 1992 баъди касби истиқлолият узви ин созмон шуд. Ҳадафҳои он – таҳкими ҳамкориҳои кишварҳои узв, мусоидат дар таҳкими сулҳу субот дар ҷаҳон ва дар кишварҳои исломӣ, амнияти байналмилалӣ ва кӯмаки фарҳангиву маърифатӣ ба кишварҳои узв дар рушду пешрафт аст. 28-29 октябри соли 2014 дар Душанбе нахустин Анҷумани сармоягузории Созмони Ҳамкории Исломӣ (СҲИ) баргузор гардид. ​

Коршиноси умури маҳзабӣ Саъдӣ Юсуфӣ мегӯяд, бо ин ки Созмони ҳамкориҳои исломӣ як ташаккули умда ва муҳим дар ҷаҳони Ислом ба шумор меравад, то ҳол натавонист ба як ниҳоди сиёсии муҳиму калидие табдил шавад, ки тавонад дар пешорӯи чолишҳои ҷиддии амниятиву сиёсии ҷаҳон посухгӯ бошад.

“Натавонист, ки ба унвони як созмони қавӣ ва таъсиргузор худро матраҳ кунад. То ҳол дар марҳилаи ибтидоӣ ё муқаддамотии худ қарор дорад. Тавонистааст, ки кишварҳои мусалмоннишинро гирди ҳам орад, вале бо додани изҳори назарҳои муштарак ва эъломияҳо иктифо кардааст. Мазмуни аксари онҳо ҳам маҳкум кардани падидаҳои даҳшатафканиву терроризм аст. Вале то ба ҳол натавонистааст мисли СММ ва дигар созмонҳои фаъоли дигар бошад”.

Саъдии Юсуфӣ мегӯяд, бо ин ки ин созмон ҳаргуна падидаҳои манфиву хатарнок ва ё фаъолияти созмонҳои террористии мисли “Давлати исломӣ”-ро маҳкум мекунад, ҳарфаш дар бисёр ҳолатҳо “бетаъсир аст”. Сабаби ин, ба қавли коршинос, вуҷуди ихтилофҳои сиёсӣ ва ҳам набуди ваҳдати назар дар масоили зиёди байналмилалӣ дар дохили ин созмон - дар миёни аъзои он мебошад.

Дар миёни бонуфузтарин ё таъсиргузортарин аъзоёнаш, ба қавли Саъдии Юсуфӣ, кишварҳое мебошанд, ки аз лиҳози мавқеашон дар сиёсати хориҷии байналмилалӣ бо ҳам ихтилофҳои зиёд доранд, аз ҷумла Арабистони Саъудӣ, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Туркия ва Малайзия. “Ин кишварҳо дар созмон мавқеи калидиро ишғол мекунанд, вале ҷои таассуф аст, ки дар чандин масъалаҳои сиёсӣ дучори мушкилоту ихтилофи байниҳамӣ ҳастанд ва ҳамин ихтилофҳо ҳам худи созмонро заъифтар мекунад”.

Коршинос гуфт, вуҷуди СҲИ ба унвони як минбар ё садои кишварҳои исломӣ муҳим аст ва бояд ин созмон дар паи рафъи ин ихтилофҳо бошад, то тавонад дар ҳалли низоъҳои ҷиддии мисли Ховари Миёна саҳмгузор шавад.