Нигарониҳо аз вирус даҳҳо нафарро дар Тоҷикистон муваққатан "бекор" кард

Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе.

Бархе аз ширкатҳо ва муассисаҳои Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз паҳн шудани коронавирус фаъолиятро маҳдуд карда, кормандонашонро ба рухсатии бемузд фиристодаанд.

Ширкатҳои ҳавоии Тоҷикистон – "Сомон Эйр" ва "Тоҷик Эйр" ва чаҳор фурудгоҳи байналмиллалии кишвар бештаре аз кормандони худро ба рухсатии иҷбории бемузд фиристоданд. Намояндаҳои ин ширкатҳо ба Радиои Озодӣ рӯзи 23-уми март гуфтанд, ки чунин иқдом баъди он гирифта шуд, ки парвозҳои хориҷӣ ба Тоҷикистонро барои пешгирӣ аз ҷилавгирӣ аз сирояти коронавирус рӯйи даст гирифта шудааст. Ба гуфтаи онҳо, танҳо теъдоде аз кормандони сари кор мондаанд, ки дар сурати зарурӣ аз нерӯи онҳо истифода хоҳад шуд.

Меҳмонхонаи "Ҳаят реҷенсӣ" дар Душанбе низ дар вебсайти худ гуфтааст, ки дар фаъолияти худ маҳдудиятҳоеро роҳандозӣ кардааст. Ба гуфтаи намояндагони меҳмонхона, камбуди сайёҳон онҳоро водор кардааст, ки ба чунин иқдом даст зананд. Манбаъ афзуд, ки роҳбарияти меҳмонхона рӯзи душанбеи 23-юми март дар ҷаласаи худ тасмим гирифт, ки ба ҳеҷ ваҷҳ фаъолиятро қатъ накунанд ва ба бозсозии биноҳо машғул шаванд.

Барномаи зиддибӯҳронии ҳукумат?

Ба гуфтаи мақомоти тоҷик, то ҳол дар кишвар ҳеҷ мавриди сирояти коронавирус сабт нашудааст. Сайфулло Сафаров, собиқ муовини раиси Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон гуфт, ки ҳукумат барномаи фаъолият дар шароити бӯҳронии вобаста ба бемории коронавирусро таҳия кардааст, ҳарчанд ҳеҷ ниҳоди давлатӣ дар ин бора чизе нагуфтаанд. Умед Давлатов, як масъули Маркази таҳқиқоти стратегӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки беморӣ ба бештаре аз бахшҳои иқтисоди ҷаҳонӣ зарба задааст ва Тоҷикистон низ таъсири манфии онро эҳсос хоҳад кард.

Ба гуфтаи Давлатов, пандемияи беморӣ бештар ба ҷаҳонгардӣ ва ҳавонавардӣ зарба зад, вале изҳори умедворӣ кард, ки авзоъ ба зудӣ мисли пеш аз давраи беморӣ мешавад: "Умедворем, ба зудӣ ин мушкил аз байн бурда мешавад ва арсаи сайёҳӣ дубора ба вазъи пешина бармегардад".

Тоҷикистон, ки даромади аслии он аз фурӯши алюминий, пахта ва интиқолҳои пулии муҳоҷирони корӣ дар Русия аст, рушди ҷаҳонгардиву туризмро яке аз ҳадафҳои муҳими стратегияи рушди кишвар то соли 2030 унвон кардааст. Соли 2018, ба иттилои расмӣ, аз Тоҷикистон беш аз 1 миллион меҳмони хориҷӣ дидан карда, буҷаи давлатӣ аз ин ҳисоб тахминан 23 миллион доллар фоида дидааст.

То ҳол дар саросари ҷаҳон коронавирус ё бемории шабеҳи илтиҳоби шуш ба 308 ҳазор нафар сироят карда, 13 ҳазор нафар ҷони худро аз даст додаанд. Тақрибан 100 ҳазор нафар шифо ёфтаанд. Дар Қазоқистону Узбекистон ва Қирғизистон даҳҳо мавриди сирояти беморӣ ошкор шудааст. Аммо мақомоти Тоҷикистону Туркманистон мегӯянд ҳеҷ мавриди сирояти ин бемориро сабт накардаанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!