Миср як шаҳрванди Тоҷикистонро озод кард

Бинои идории Донишгоҳи Ал-Азҳар.

Сафорати Тоҷикистон дар Қоҳира хабари озод шудани яке аз чаҳор шаҳрвандони кишварро, тасдиқ кард, ки ба ҳамкорӣ бо созмони Давлати исломӣ муттаҳам мешуд.

Як шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз сӯи мақомоти мисрӣ ба иттиҳоми ҳамкорӣ ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" боздошт шуда буд, раҳо шудааст.

Аз ин пештар афроди огоҳ аз парвандаи ҷиноии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Қоҳира ба Радиои Озодӣ хабар доданд, ки яке аз маъмурони пулиси Миср яке муттамҳамон ба ҷиноятро тақрибан 10 рӯз пеш озод карданд ва ӯ ба Душанбе баргаштааст. Сафорати Тоҷикистон дар Қоҳира рӯзи 27-уми январ дар посух ба номаи Радиои Озодӣ, хабари раҳоии шаҳрванди кишварро тасдиқ кард ва гуфт, ба далели идомаи таҳқиқот, муддати боздошти се тоҷики дигар тамдид шудааст.

Дар ин нома омадааст: «Таҳқиқи парвандаи шаҳрвандони мо, ки дар Миср сентябри соли гузашта боздошт шуда буданд, аз ҷониби мақомоти бозҷӯии кишвар ҳанӯз идома дорад. Бино ба зарурати анҷом додани таҳқиқоти бештар, 22 январи 2015 бо қарори ахири додгоҳ муддати боздошти шаҳрвандони мо боз ба муддати муайяни дигар тамдид гардид.»

Сафорати Тоҷикистон дар Қоҳира мегӯяд, ки намояндагони сафорат бо боздоштшудагон ва мақомоти марбутаи Миср ба гунаи мунтазам дар тамос ҳастанд ва дар нишастҳои додгоҳ иштирок мекунад. Дипломатҳои тоҷик изҳори умедворӣ карданд, ки «пас аз равшан шудани тамоми паҳлӯҳои парванда, бегуноҳии се нафар шаҳрванди боқимондаи мо собит ва онҳо низ аз боздошт озод хоҳанд шуд.»

Ба далели пӯшида сурат гирифтани муҳокима, мақомоти Миср ва сафорати Тоҷикистон дар Қоҳира аз ифшои ному насаб ва маҳалли зисти боздоштшудаҳо худдорӣ мекунанд. Мақомоти амниятии Миср соли гузашта 4 шаҳрванди Тоҷикистонро расман ба иртибот ба созмони тундрави “Давлати исломӣ” муттаҳам кардаанд.

Ду донишҷӯи тоҷик ва ду ҳамроҳи калонсолтари онҳоро рӯзи 19-уми сентябр дар ноҳияи Ҷизаи Қоҳира, маҳалли маъруфи аҳромҳои Миср дастгир карданд ва дар он замон, расонаҳои мисрӣ навиштанд, ки “шаҳрвандони Тоҷикистон бо баҳонаи саёҳат, вале бо ҳадафи ҷалби ҷавонон ба ҳайати созмони “Давлати исломӣ”ба Қоҳира омадаанд.”

Ба гуфтаи донишҷӯёни тоҷике, ки дар Қоҳира таҳсил мекунанд, яке аз боздоштшудаҳо бо номи Алӣ дар Донишгоҳи маъруфи исломии Ал-Азҳари Қоҳира таҳсил мекардааст ва дигарӣ бо лақаби Эшон қаблан донишҷӯи Донишгоҳи Айни Шамс будааст.

Расонаҳои мисрӣ дар моҳи сентябр навиштанд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон зимни бозпурсии додситонҳо эътироф кардаанд, ки ба созмони “Давлати исломӣ” иртибот доранд ва ҳангоми ҷустуҷӯи мошини иҷорагирифтаи онҳо дар Ҷиза, як корд, либоси низомӣ ва маводи марбут ба созмони “Давлати исломӣ” кашфу мусодира шудааст.

Маълум нест, ки дар воқеъ шаҳрвандони Тоҷикистон ба созмони “Давлати исломӣ” иртиботе доштаанд ва ё не, аммо ба эътиқоди донишҷӯёни тоҷик, шаҳрвандони Тоҷикистон ҳеҷ иртиботе бо он созмон надоранд. Гурӯҳи ифротгарои "Давлати исломӣ", қаламравҳои васеъе дар Ироқу Сурияро ишғол кардааст ва бино ба гузоришҳо, тақрибан 200 шаҳрванди Тоҷикистон ба ин гурӯҳ пайваста ва алайҳи нерӯҳои ҳукуматии ду кишвар меҷанганд.