"Ислом Каримови камгап ва Ҳомид Карзайи бoилтифот..."

Меҳрангез Гулова мегӯяд, ҳамеша гумон мекард, президентҳо одамони ғайриодӣ ва фавқулодаанд, аммо ин гуна набудааст.
“Аз ҳамаи президентҳо Ислом Каримов камгаптарин буд ва аммо Ҳомид Карзайро метавон гуфт, аз ҳама боилтифот номид...” – мегӯяд Меҳрангез Гулова, ки раҳбарони бисёр кишварҳоро аз наздик дидааст ва барояшон чой, об ё ғизо бурдааст.

Ӯро аз миёни 300 донишҷӯдухтар интихоб карда буданд, то ба ширкаткунандагони ҳамоиши сарони кишварҳои узв дар Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой хидмат расонанд. Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай дар ин нишаст ба Меҳрангез гуфтааст, ки «Шумо ба мо хизмат накунед, ин убол аст. Фақат фармоед, ман худам нӯшокиро рехта менӯшам.»

Меҳрангез Гулова мегӯяд, то баргузории ин нишаст гумон мекард, президентҳо одамони ғайриодӣ ва фавқулодаанд, аммо вақте бо онҳо аз наздик мулоқот кард, дид, ки онҳо низ мисли дигарон инсонҳои оддӣ будаанд. Ҳангоми хӯрокхӯрӣ сарони кишварҳо бо онҳо шӯхиҳо карда, суханҳои хуш мегуфтаанд ва мисли фарзандони худ озодона сӯҳбат мекардаанд. Тавре аз сӯҳбат бо Меҳрангез маълум гардид ӯ ба раисиҷумҳури кишвари худ Эмомалӣ Раҳмон ҳам хизмат кардааст. Эмомалӣ Раҳмон ба вай гуфтааст, ки «Духтарам натарс ва ором бош, мо ҳама мисли Шумо нафарони оддӣ ҳастем ва мо низ хато мекунем. Худатро озод эҳсос кун!»

Тавре Меҳрангез гуфт, шаш нафар духтарро аз миёни 300 нафар ба хотири симо ва қадди расояшон интихоб кардаанд. Ва аз ҳама аҷиб он буд, ки ҳар як президенте, ки вориди бӯстонсарои президент мешуд ва ин духтаронро медид, ҳатман ҳусни онҳоро ситоиш карда, мегуфт, «духтарҳои тоҷик воқеан ҳам зебо будаанд!»

Шаҳлои Қосим, яке аз ходимони дигари нишасти президентҳо он рӯзҳои ҳаёти худро ба хушӣ ба ёд оварда, мегӯяд, дар муддати се ё чаҳор рӯз бӯстонсарои президент дар Варзоб, Қасри Миллат, Қасри Сомон ва дигар ҷойҳоеро диданд, ки одатан на ҳар кас ба онҳо роҳ меёбад. Шаҳло мегӯяд, аз ҳама лаҳзаи хотирмон он буд, ки барои сарони кишварҳо ҳафт намуд хӯрок омода карда буданд ва духтарон мебоист, ин хӯрданиҳоро зуд-зуд, яке паси дигар ба назди меҳмонҳо мебурданд. Ҳангоме ки паёпай вориди толор мешудаанд, президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба духтарон нигариста, шӯхиомез ба ҳамтои тоҷики худ Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки «чаро онҳо моро хӯрдан намемонанд?» Ин шӯхӣ ҳамаро хандондааст ва махсусан Эмомалӣ Раҳмон хеле хандидааст. Шаҳло мегӯяд: «Баъд аз он нишаст дигар ҳар вақте дар сатҳи ҳукумат чунин чорабиниҳо баргузор мешуд, моро занг зада, ба он ҷо даъват мекарданд. Ҳатто боре дар моҳи рамазон моро барои меҳмондории ифторе даъват карданд, ки яке аз вазирҳои кишвар созмон дода буд. Дар он ҷо танҳо мансабдорони Тоҷикистон буданд, бидуни президент.»

Шаҳло ва Меҳрангез гуфтанд, ширкати онҳо дар ин маъракаҳо ва хидматрасонӣ ба сарварон барояшон шонси муносибе дода буд, ки ҷойи кори хубе пайдо кунанд, аммо онҳо ин имкониятро истифода накардаанд. Он замон Хайриниссо Мавлонова, Муродалӣ Алимардонов ва роҳбарони бонкҳои кишвар аз ҷавондухтарон даъват мекарданд, ки "агар бо мо кор кардан хоҳед, марҳамат, ҳамеша муроҷиат кунед. Мо барои ҳалли мушкилатон кӯмак мекунем." Ба гуфтаи Шаҳло, духтароне тавонистанд, аз ин имконият барои худ ва наздиконашон истифода кунанд.

Шаҳло ва Меҳрангез нақл мекунанд, ки бештари духтарон аз Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон буданд ва на танҳо зоҳири зебо, балки рафтор ва нишастухези боназокат доштанд. Ба гуфтаи онҳо, ҳанӯз ҳам бархе аз онҳоро барои меҳмондорӣ ба нишастҳои давлатӣ даъват мекунанд.

Ин дар ҳолест, ки ҳамасола ба Тоҷикистон меҳмонҳои зиёде меоянд ва ҳукумати Тоҷикистон барои пешвоз ва дигар хизматрасонӣ ба меҳмонон ҳанӯз ягон ниҳод ё омӯзишгоҳе таъсис надода ва аз нерӯи донишҷӯдухтарон пистифода мекунад. Барои ширкат дар ин маъракаҳо духтарон дастмузд ҳам мегиранд, вале нахостанд, чӣ қадар будани онро ифшо кунанд. Онҳо хидмати худро як таҷрибае мешуморанд, ки барояшон хотирмон хоҳад буд.