Додгоҳе дар Душанбе як додраси пешинро бар асоси парвандаи бадахлоқӣ нисбат ба кӯдак баррасӣ мекунад. Наздикони ин марди бознишаста иттиҳомро пурра рад мекунанд.
Ҳафтаи гузашта дар Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе баррасии парвандаи як додраси собиқ оғоз шуд, ки бар асоси моддаи “ҳаракати бадахлоқонаи шаҳвонӣ” нисбат ба ноболиғи 12-сола гумонбар мешавад. Тамоми иттилои марбут ба ҳувияти шахси айбдоршаванда дар ихтиёри Радиои Озодӣ аст, вале бо далелҳои ахлоқӣ маълумот нашр намешавад.
Додраси собиқ бознишаста буда, аз 60-сола боло аст ва аз рӯи моддаи 142, қисми 2, банди "г"-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон муҳокима мешавад. Ин модда аз 2 то 5 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
Масъулони Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ рӯзи 24-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки иттиҳоми зидди ин мард баъди он мавриди таҳқиқи додситонҳо ва баррасии додгоҳ қарор гирифт, ки падари духтари ноболиғ ҳамсояашро дар рафтори бад нисбат ба фарзандаш гунаҳкор кард.
Дар додгоҳ гуфтанд, ки бо далелҳои ахлоқӣ қазияро аз ин беш шарҳ намедиҳанд.
Намояндагони хонаводаи додраси собиқ, ки сокини Душанбе мебошанд, иттиҳоми додситониро “пурра беасос” ва “тӯҳмат” арзёбӣ намуданд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Падари духтаре, ки дар додгоҳ ба ҳайси ҷабрдида ёд мешавад, дар назди дурбини Радиои Озодӣ дар бораи ҷузъиёти ин парванда иттилоъ дод. Ин мард, ки аз ӯ бо ҳарфи аввали исмаш ҳамчун К.М. ёд мекунем, дар ҷавоб ба суолҳои Радиои Озодӣ рӯзи 23-юми сентябр гуфт, бо додраси собиқ, инак, 13 сол аст, ки дар як баландошёнаи Душанбе ҳамсоя мебошанд.
Ин мард мегӯяд, ҳамсоя ба духтари хурдсолаш “аз роҳи тарсонидан ва таҳдид рафтори ношоистаи шаҳвонӣ карда, барои бароварда кардани ҳисси худ кӯшиши наздикӣ ҷустанро кардааст”.
Рӯзи 23-юми сентябр вақте хабарнигори Радиои Озодӣ ба манзили шахси гумонбар рафт, як узви оила дарро боз намуда, бо шунидани қазия гуфт, падари хонадон “инсоне нест, ки нисбат ба касе амали бадеро раво бинад”.
Муҳаббат Ҷӯраева, вакили мудофеи гумонбар, дар тамоси телефонӣ бо Радиои Озодӣ аз шарҳи қазияи нафари зери ҳимояташ худдорӣ намуд ва гуфт, дар ин бора сӯҳбат намекунад.
Вале дар шарҳи қазия падари духтари ҷабрдида гуфт, ки ҳодиса моҳи июни имсол маълум шуд. Ин мард гуфт, вақте аз забони духтараш амалҳои бадахлоқонаи ҳамсояро шунид, зуд ба мақомот шикоят намуд.
“Духтарам ҳамеша ғамгин менамуд. Як рӯз дар назди дугонаҳояш гиря карда мегӯяд, ҳамсоя нисбат ба ӯ чӣ корҳоеро анҷом додааст. Ҳамин вақт аз ошёнаи сеюм як зани ҳамсоя гапҳои ӯро мешунавад. Духатрамро ба хонааш даъват карда, дар хона муфассалтар мепурсад. Мегӯяд, рафта ҳамин гапҳоро ба модарат нақл кун, лекин духтар метарсад. Чизе намегӯяд, вале гап баромад ва то ба мо расид”, -- нақл кард ӯ.
Падари духтар афзуд, бо паҳн гардидани овозаҳо, хонаводаи айбдоршаванда духтарашро бо шеваи дағалона мавриди бозпурсӣ қарор доданд ва фарзандаш аз тарс чӣ гуфтани худро намедонист.
Падари ноболиғ гуфт, дар аввал нисбат ба марди гумонбар бо моддаи 139 («Ҳаракати зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ”), ки муҷозоти сангинтарро пешбинӣ мекунад, парванда боз шуда буд, вале додситонӣ онро ба моддаи 142 иваз намудааст.
“Аз мақомот дар ин бора суол кардем. Гуфтанд, “таҷовуз нашудааст, фақат ҳолати шаҳвонии худро қонеъ кардааст”. Барои ҳамин моддаро дигар кардаанд”, -- афзуд ӯ.
Ташхиси тиббӣ низ ба қавли ҳамсӯҳбатамон нишон додааст, ки ноболиғ мавриди таҷовуз қарор нагирифта, бокира аст. Вале ду манбаи огоҳ аз парванда гуфтанд, ин ки додраси собиқ ҳавасҳои шаҳвонии худро дар бадани ноболиғ қонеъ мекард ва ин ҳолатҳо дар ҷараёни таҳқиқи мақомоти додситонӣ тасдиқи худро ёфта, бар асоси далелҳои ба дастомада айб эълон шудааст.
Падари ноболиғ мегӯяд, бисёр мехоҳад қазия одилона муҳокима шавад ва аз ҷумла, аз ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дархост кард, ки ба парвандаи фарзандаш таваҷҷӯҳ намояд. Дар идораи Омбудсмен оид ба ҳуқуқи кӯдак ба Радиои Озодӣ гуфтанд, қазияи ноболиғи 12-соларо ҷиддан пайгирӣ мекунанд.
Манобеи огоҳ аз парванда гуфтанд, додраси собиқ таҷрибаи беш аз 30-солаи кор дар мақомоти додгоҳиро дошта, дар вилоятҳои Хатлону Бадахшон, ноҳияҳои тобеи марказ ба ҳайси додрас фаъолият намуда, 5 сол пеш ба нафақа баромадааст.
Мурофиаи додгоҳии парвандаи додраси собиқ ҳафтаи гузашта шурӯъ шуда, то ҳол ду марҳилаи он сипарӣ шуд.
Падари ноболиғ, ки дар мурофиаҳои гузашта вакили мудофеъ надоштааст, рӯзи 24-уми сентябр барои худ як вакили дифоъ гирифт. Ӯ мегӯяд, бисёр мехоҳад, додгоҳ мӯйро аз хамир ҷудо кунад.
Омори расмӣ дар бораи бадхлоқӣ нисбат ба кӯдакон дар Тоҷикистон дастрас нест. Вале қаблан мақомот гуфта буданд, ки дар ду соли ахир дар Тоҷикистон ҳудуди 30 мавриди таҷовуз ба номуси ноболиғон сабт шудааст.