КДАМ: Ҷангиён ҳамчун паноҳанда вориди Тоҷикистон мешаванд

Ҳамоиши баррасии ҳуқуқи паноҳандагони сиёсӣ дар Тоҷикистон

Кумитаи Давлатии Амнияти Миллӣ аз он нигарон аст, ки афроди бархе аз гурӯҳҳои террористӣ зери номи паноҳанда вориди Тоҷикистон мешаванд.

Абдулмаҷид Солиев, як масъули Кумитаи Амнияти Миллии Тоҷикистон (КДАМ), ки аз номи ин ниҳод дар нишасти "Садои ҷомеаи маҳаллӣ дар раванди мубориза бо шиканҷа" сӯҳбат мекард, дар посух ба иддаои созмонҳои ҷамъиятӣ, ки Тоҷикистон паноҳандагонро ба қаламраваш роҳ намедиҳад, гуфт, ин тасмим ба хотири амнияти миллӣ гирифта шудааст.

Намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ гуфтанд, Тоҷикистон ба паноҳандагони сиёсӣ ҳақ намедиҳад, то дар дохили шаҳрҳои ин кишвар кор ва зиндагӣ кунанд ва ин маҳдудият хилофи қонунҳои байналмиллалие ҳаст, ки Тоҷикистон зерашон имзо гузоштааст.

Аммо Абдулмаҷид Солиев, намояндаи КДАМ гуфт, бар асоси баъзе аз маълумотҳо, аъзоёни гурӯҳҳои терористӣ бо номи паноҳанда вориди Тоҷикистон мешаванд ва ин ҷо аҳдофи дигареро дунбол мекунанд.

Ӯ гуфт: «Шаҳрвандони хориҷие, ки меоянд, албатта бештар аз Ҷумҳурии Афғонистон вориди кишвари мо мешаванд. Мо медонем, ки он ҷо вазъ чӣ хел аст. Сарчашмаҳои маълумоти оперативие ҳаст, ки бархе аз гурезагон дар гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ фаъолият доранд. Вақте ин ҷо паногоҳ меҷӯянд, аз нуқтаи назари амнияти миллӣ пешниҳод шудааст, ки онҳо берун аз шаҳрҳои дорои аҳамияти стратегӣ зиндагӣ кунанд. Ин таҷриба дар кишварҳои пешрафтаи дунё низ вуҷуд дорад, ки ба хотири таъмини амният мебошад.»

Ин масъули КДАМ шарҳ надод, ки то кунун нафаре аз паноҳандагон бо ҷурми даст доштани дар аъмоли террористӣ боздошт шудааст ё на, аммо гуфт, “ҳамаи паноҳандагон дар берун аз шаҳри Душанбе аз амнияти комил бархӯрдоранд.”

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

КДАМ: Ҷангиён ҳамчун паноҳандаи сиёсӣ вориди Тоҷикистон мешаванд

Аммо намояндаи Додгоҳи олии Тоҷикистон мегӯяд, аксари паноҳандагон хостори он нестанд, ки дар Тоҷикистон бимонанд.

Шавкат Абдулхайров, додраси Додгоҳи олии Тоҷикистон гуфт, зимни баррасии чанд парвандаи марбут ба паноҳандагон ба хулосае расидааст, ки ҳадафи онҳо бо ҳар роҳу васида расидан ба кишвари савум аст ва аксари онҳоро дар ватанашон хатаре таҳдид намекунад.

“Буданд, нафароне, ки вақте ба Тоҷикистон ворид шуданд, ҳар коре хостанд, анҷом медиҳанд. Як парванда мо баррасӣ доштем, ки як паноҳанда қонунҳои паноҳандагӣ ва будубошро вайрон карда, ба Туркияву Русяи сафар доштааст. Мо ӯро аз ҳаққи паноҳандагӣ маҳрум кардем, зеро санҷида дидем, ки ӯро дар ватанш ҳеҷ хатаре таҳдид намекунад. ”

Дар ҳамин ҳол, Ойниҳол Бобоназарова, раҳбари созмони “Переспектива+”, ки соли гузшта дар мавриди паноҳандагон дар Тоҷикистон ба Созмони Миллали Муттаҳид гузориши алтернативӣ пешниҳод кард, мегӯяд, дар асл, аксари занҳои паноҳанда дар ватанашон ба хатари ҷиддӣ рӯ ба рӯ ҳастанд.

Бобоназаров гуфт, иҷозаи ҳаққи зист надодани паноҳандагон дар шаҳрҳои Тоҷикистон зиндагии онҳоро ба маротиб мушкилтар кардааст.

“Ҳатто Созмони Миллали Муттаҳид ин амали Тоҷикистонро интиқод карда буд, ки ба паноҳандагон ҳаққи иқомат дар шаҳрҳои Тоҷикистонро намедиҳад. Онҳо дур аз шаҳр роҳе барои зиндагии худ пайдо карда наметавонанд. Дар шаҳрҳо онҳо метавонанд барои зиндагӣ коре пайдо кунанд.”

Дар Тоҷикистон ҳудуди 5 ҳазор паноҳанда ба сар мебарад, ки аксаран шаҳрвандони Афғонистон ва қисмате шаҳрвандони Эрон ҳастанд. Бештари онҳо дар интизори интиқол ёфтанашон ба кишвари саввум ҳастанд.

Аммо бори аввал аст, ки намояндагони мақомоти интизомӣ аз истифода шудани номи паноҳандагон аз ҷониби гурӯҳҳои ифротӣ хабар медиҳанд.

Дар Тоҷикистон аксаран паноҳандагон дар ноҳияи Ваҳдат, дар атрофи шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунанд.