Поёни "сабукӣ"-и андози мактаб, нашрия ва дармонгоҳҳо

Акс аз бойгонӣ

Кодекси нави андоз, ки аз 1-уми январи соли оянда ба иҷро медарояд, муассисаҳои хусусии таълимӣ, фарҳангӣ, тандурустӣ ва нашрияҳоро нигарон кардааст.
Онҳо дар гузашта аз баъзе имтиёзҳои молиётӣ бархӯрдор буданд, аммо қонуни нав ин сабукиҳоро аз байн мебарад. Акнун ҳамаи онҳо 18 дарсад андоз аз арзиши илова хоҳанд супурд.

Файзулло Файзиев, муассиси гимназияи «Ганҷ» дар шаҳри Хуҷанд, мегӯяд, андозбандии нав бештар зарба ба ҷайби муштариёну мардуми қаторӣ мезанад: "Дар гузашта ин набуд. Аммо маориф соҳаи иҷтимоӣ аст. Дар Маҷлиси намояндагон, ки воқеан дар хизмати халқ ҳастанд ва шабу рӯз ғами мардумро мехӯранд, 18 фоиз аз арзиши изофаро ҷорӣ карданд. Аммо мактаб ҷои истеҳсолот нест. Маориф ва тандурустӣ ҷои даромад нест, ҷои хизматрасонӣ аст. Мо ва волидайни хонандагонамон инро як амри манфӣ қабул кардем."

Як нафар, ки ду фарзандаш дар литсейи туркии шаҳри Душанбе таълим мегирад, гуфт, барои ҳарду моҳона 600 сомонӣ маблағ месупорад ва бо иловаи андоз аз арзиши изофа ин маблағ 108 сомонӣ зиёд мешавад. Вай афзуд, пардохти ҳаққи таҳсили фарзандон барояш гаронӣ намекунад, аммо шояд таҳсили кӯдакони дигарро номумкин гардонад.

Бино бар иттилои Вазорати маорифи Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир наздик ба15 дарсади мактабиёни кишвар дар муассисаҳои хусусии таълимӣ мехонанд. Фарқи ин мактабҳо аз мактабҳои миёнаи буҷавӣ дар ин аст, ки сифати таълим ва маоши омӯзгорон дар онҳо баландтар аст. Ҳамчунин вазъро муассисаҳои хусусии фарҳангӣ ва тандурустӣ низ доранд, ки хизматрасонӣ дар онҳо дар қиёс бо муассисаҳои давлатӣ бамаротиб фарқ мекунад.

Коршинос Аҳмадхон Акобиров мегӯяд, иштибоҳи бузурги Кодекси нави андоз низ маҳз дар он аст, ки дастрасии мардуми оддиро ба хизматрасонии таълимӣ, фарҳангӣ ва ё тиббӣ мушкил мекунад: "Масалан, дар соҳаи маориф. Андоз аз арзиши иловагиро аз кӣ меситонанд? Боз ҳамин волидайн. Аз гарон шудани хизматрасонии тиббиву китобу рӯзномаву маҷаллаҳо ҳам фақат муштариён - сокинони қаторӣ зиён мебинанд. Муассисаҳои Тоҷикистон қудрат надоранд, ки нархҳоро аз ҳисоби худ нигоҳ доранд."

Кодекси нави андози Тоҷикистон, ки моҳи сентябри соли равон аз сӯи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон имзо шуд, дар қиёс бо қонуни қаблӣ муассисаҳои таълимӣ, фарҳангӣ, тандурустӣ ва нашриёту расонаҳоро аз имтиёзҳое, ки дар гузашта аз андоз доштанд, маҳрум кард.
Дар шарҳи вазъияти нави андозбандӣ намояндагони Кумитаи андоз гуфтанд, ки кодекси ҷадид (нав) дар асоси шароити нав омода шуда, имтиёзҳои зарурӣ ба соҳаҳо ва қишрҳои алоҳидаро аз нав муайян хоҳад кард.

Сафаралӣ Раҷабов, раиси Кумитаи иқтисод ва молия, масъули Кодекси нави андоз дар парлумони Тоҷикистон гуфт, ин ҳуҷҷат бар пояи пешниҳодҳои доираи васеи ҷомеа омода шуда, ҳуқуқи мардум дар он муроот шудааст ва ҳадафи асосияш қавӣ кардани буҷа мебошад. Ӯ гуфт, "ҳама имтиёзҳо барҳам хӯрданд ва дигар муқаррароте, ки буданд, нестанд. Аз соли нав аз рӯи тартиби умумӣ ҳама тавре, ки андоз месупоранд, ин муассисаҳо ҳам андози месупоранд."

Як манбаи дигар бидуни ифшои номаш гуфт, ҳукумати Тоҷикистон буҷаи соли оянда - беш аз 12 миллиард сомониро аз ҳисоби андоз буд мекунад ва Кумитаи андоз ҳам ваъда кардааст, ки соли оянда ин маблағро ҷамъ меорад. Дар ҳамин ҳол, расонаҳои Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, 23-юми декабри соли ҷорӣ ба раисҷумҳур, ҳукумат ва парлумони Тоҷикистон барои лағви андоз аз арзиши иловагӣ аз матбуот муроҷиат кунанд.