Боздошт. Қиссаҳои талхи муҳоҷирони тоҷик

Боздошти муҳоҷирони тоҷик дар Русия наздикони онҳоро дар Тоҷикистон шадидан нороҳат ва нигарон кардааст.
Сафия, ҳамсари Абдулҳаким Ҳусайнов як тан аз муҳоҷирони боздоштшуда дар Русия мегӯяд, ҳамсарашро дар рӯзе боздошт карданд, ки мебоист аз Маскав барояш иҷорапулӣ равон мекард. Ин зан бо ду кӯдаки ноболиғаш дар шаҳри Душанбе иҷоранишин аст ва тамоми зиндагиаш ба пуле вобаста аст, ки шавҳараш мефиристод. Акнун соҳибхона ҳар рӯз аз ӯ пули иҷораро талаб мекунад ва Сафия намедонад, ки ин маблағро аз куҷо пайдо кунад.

Ӯ гуфт: «Телефон карда гуфтам, зориашон кун, ки барои шумо ҳам кор мекунаму депортатсияам накунед. Охири моҳ буд, ки дастгир шуд. Бояд маошашонро аз ҳамон завод медоданд. Гуфтам, роҳбаратонро бигӯ, то маошатро равон кунад. Шавҳарам гуфт, онҳо гурехта рафтанд.»

Хонум Сафия меафзояд, ки ҳарду писари хурдсолаш беморанд ва қисме аз пулҳои фиристода шавҳараш ба дорувор сарф мешуд. “Ҳуҷраам монанди аптека шудааст,” – гуфт ӯ. Қарор буд, баъд аз расидани маблағи нав Сафия кӯдаконашро ба муоинаи духтур барад, аммо ҳоло дасташ аз кӯтоҳ шудааст.

Дар ду ҳафтаи ахир, бахусус дар Маскав, даҳҳо шаҳрванди дигари Тоҷикистон аз тарафи пулиси Русия боздошт шуда, теъдоде аз онҳо дар лагери вижа, ки барои муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар канори пойтахти Русия сохтаанд, нигаҳ дошта мешаванд. Хешовандони онҳо, ки низ дар Русияанд, талош доранд, наздиконашонро аз ҳабс раҳо намоянд. Бархи дигар дар садади тарки Русияанд.


Дар лагери Голяново

Адҳам Валиев мегӯяд, мехоҳад, барои бародараш Акбар чипта харида, ӯро ба Тоҷикистон гусел мекунад: «Ҳамин гуна вазъият аст. Аммо аз пулис дида, шароит инҷо хубтар аст. Дар идораи пулис ҳама деворҳо сементӣ ва сард аст. Ҳамчунин бе хӯрок мемонанд.»

Ойниҳол Бобоназарова, раҳбари ташкилоти «Перспектива +» бар ин аст, ки мушкили муҳоҷирони тоҷик ранги сиёсӣ гирифтааст ва вокуниши нафарони алоҳида аз қабили ҳомиёни ҳуқуқ, раҳбарони ташкилотҳо дигар наметавонад, ин мушкилро сабук кунад. Бинобар ин дахолати ҳукумати Тоҷикистон зарур аст: «Модоме ҳукумат шаҳрвандонашро ба кор таъмин карда наметавонад, ҳуқуқи онҳоро бояд дар дигар кишварҳо ҳимоя кунад. Ба наздики раисиҷумҳур рафта буд, вале то ҳол нашунидем, дар масъалаи муҳоҷирон чӣ маслиҳатҳо шуд? Агар мо дар баъзе масъалаҳо ба Русия имтиёз медиҳем, аз қабили будани базаи 201-ум ва дигар корҳое, ки ба манфиати онҳо ҳал мекунем, онҳо низ бояд як имконияте бидиҳанд. Ҳадди ақал ба нафарони боздоштшудае, ки ҳуҷҷати дуруст надоранд, ду-се моҳ вақт диҳанд, то ҳуҷҷатҳояшонро дуруст кунанд.»

Зимнан дар лагери мувақатии Голяновои вилояти Маскав то рӯзи 31 июл 10 шаҳрванди Тоҷикистон қарор доштанд, ки аз 18 то 42 сол доранд. Гуфта мешава, дар ҳоли ҳозир наздик ба 50 муҳоҷири тоҷик дар Петербург ва даҳҳо тани дигар дар шаҳрҳои дигари Русия боздошт шудаанд.

Мақомоти Русия мегӯянд, дар сартосари Русия барои муҳоҷирони ғайриқонунии боздоштшуда ба мисли "хаймазиндон"-и Голяново 83 қароргоҳ хоҳанд сохт.

Дар ҳоле ки дар Русия ба истилоҳ "шикор"-и муҳоҷирони корӣ, аз ҷумла тоҷикон, суръат гирифтааст, ба назари аксари сокинони Душанбе беҳтар аст, ки ҳамватанони мо ба Тоҷикистон баргарданд ва дар ватан барои худ ҷои кор биҷӯянд. Назари чанд сокини Душанберо ҳамкори мо Бароти Юсуфӣ пурсидааст:



Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Чаро Русия муҳоҷиронро боздошт ва ихроҷ мекунад?