Зеленский: Русия барои халалдор кардани Нишасти сулҳ аз нуфузи Чин истифода мекунад

Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, рӯзи 2-юми июн дар як нишасти амниятӣ дар Сингапур аз Чин интиқод кард ва ин кишварро муттаҳам намуд, ки барои барҳам задани Конфронси сулҳи Женева ба Маскав мадад мекунад.

Қарор аст, Конфронси ҷаҳонии Женева дар бораи ҳамлаи низомии Русия ба Украина баъд аз тақрибан ду ҳафта баргузор шавад. Ҳамлаи Русия ба Украина дар моҳи феврали соли 2022 оғоз шуд.

Зеленский таъкид кард, ки Русия мехоҳад, аз нуфузи Чин барои халалдор кардани Конфронси сулҳи Женева истифода кунад. "Мояи таассуф аст, ки кишвари бузург, мустақил ва қудратманде монанди Чин абзоре дар дастони Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия аст," -- афзуд ӯ.

Пештар Вазорати корҳои хориҷии Чин бо ишора ба даъват нашудани Русия ба Конфронси сулҳи Женева гуфта буд, ин нишаст интизориҳои Пекинро бароварда намекунад ва бинобар ҳамин Чин дар ҳамоиш ширкат нахоҳад кард. Ин баёния ҳамчунин натиҷаҳои конфронсро зери суол бурда буд.

Зеленский мегӯяд, Кремл кишварҳои дигарро бо абзорҳое, аз ҷумла, қатъи содироти маҳсулоти кишоварзӣ, кимиёӣ ва афзоиши нархи энержӣ таҳдид кард, то аз ширкати онҳо дар Конфронси сулҳи Женева пешгирӣ кунад.

Раиси ҷумҳури Украина мегӯяд, Конфронси сулҳи Женева бар се нуқта таваҷҷуҳ хоҳад кард -- амнияти ҳастаӣ, амнияти ғизоӣ ва бозгардондани кӯдакони рабудашудаи украинӣ аз Русия.

Қаблан Додгоҳи байнулмилалии Гаага эълон карда буд, ки қарори боздошти Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русияро ба иттиҳоми иштирок дар "рабудани кӯдакони украинӣ", содир кардааст. Тибқи маълумоти артиши Украина, Русия 16 ҳазор кӯдаки украиниро рабуда, онҳоро маҷбурӣ ба хоки Русия кӯчондааст.

Владимир Зеленский ҳушдор дод, ки вақт мегузарад ва ин кӯдакон дур аз хонавода дар қаламрави Путин тавре калон мешаванд, ки ба сарзамини модарии худ нафрат меварзанд.

Раиси ҷумҳури Украина мегӯяд, ҳадди ақал 104 кишвар дар сатҳи боло дар Конфронси сулҳи Женева ширкат хоҳанд кард.

Ӯ ҳамчунин аз омода набудани баъзе аз кишварҳо барои ширкат дар ин конфронс танқид кард ва аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост, дар ин ҳамоиш иштироки густурда дошта бошанд.