Роҳҳои хатарноку ғайриоддии фирор аз хидмат дар артиши Украина

Донетск, Украина. Моҳи марти соли 2024

Бо эълони қонуни нави Украина дар бораи сафарбарӣ ба артиш, шумори ҷавонону мардоне, ки намехоҳанд ба ҷанг бираванд ва аз кишвар мегурезанд, зиёдтар мешавад.

Баъзеҳо роҳҳои аҷибу ғариб, дигарон роҳҳои хатарнокеро пеш гирифтаанд, ки бо марги онҳо ва дур аз майдони набард меанҷомад. Ин маврид ҳам будааст, ки як ҷавон либоси хоҳарашро пӯшидаву шиносномаи ӯро гирифта, хостааст, ба кишвари дигар биравад.

Андрей Демченко, аз Хадамоти марзбонии Украина дар як навор ба ҷавоне ишора мекунад, ки ба гуфтаи ӯ, вақте марзбонон ӯро дастгир карданд, батакрор пойфишорӣ дошт, ки зан аст. "Ӯро дар ниҳоят ба ҷавобгарӣ кашиданд," -- афзуд Андрей Демченко.

Видеоро дар инҷо тамошо кунед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Фирор аз ҷанг бо роҳҳои хатарнок дар Украина зиёд шудааст

Ба гуфтаи Хадамоти марзбонии Украина, аз соли 2022-юм 30 нафар вақти гузаштан аз рӯдхонаҳои пурталотуму хурӯшон ҷон бохтаанд.

Наталия Матолинетс, табиби шифохонаи Лвов, мегӯяд, оби сард, маҷрои сахт ва мавҷҳои баланд кори худро мекунанд ва инсон ё аз ҳуш меравад ва ё дар ҳолати шок меафтад.

Гуруҳи дигар саъй мекунанд, бо санадҳои сохта аз марз бигзаранд. Аз ин мавридҳо фақат дар вилояти Лвов рӯзона то 10 маротиба сабт мешавад. Ба гуфтаи Олександра Куховска, аз Хадамоти марзбонии Украина, бештар варақаҳои сохтаи озодии муваққаттӣ аз ӯҳдадории низомӣ, варақаи беморӣ ва ё таваллуди фарзанди нав дар оила истифода мешаванд.

Гуруҳе ҳам мекӯшанд, ки аз даруни ҷангалу куҳҳо фирор кунанд. Андрей Дуда, як куҳнаварди украинӣ мегуяд, барф дар кӯҳҳо то миёнаҳои моҳи июн мемонад ва хатари тарма дар баъзе ҷойҳо вуҷуд дорад.

"Агар шабона ҳаракат мекунед, бояд чароғ нагиред, чун шуморо мебинанд. Дар ин ҳолат мумкин аст, аз шах биафтед",-меафзояд ӯ.

Соли 2023 бар асоси иттилои Додгоҳи олии Украина 930 мардро барои сарпечӣ аз хидмат дар артиш ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидаанд.

Ҷанг миёни Русия ва Украина дар моҳи феврали соли 2022 оғоз ёфт. Аз он замон то кунун ҳазорон нафар аз ду ҷониб кушта ва захмӣ шудаанд. Аксари кушташудаҳои ду ҷониб сарбозон ҳастанд.