Бо эълони номзадии раҳбари кулли ширкати ExxonMobil Рекс Тиллерсон ба мақоми котиби давлатии Амрико, президенти мунтахаб Доналд Трамп паёме дод, ки воқеан ҳам дар андешаи бозбинии равобити кишвараш бо Русия мебошад. Ваъдае, ки дар маъракаи интихоботиаш карда буд.
Раҳбари ширкати азими нафтӣ, ки аз солҳои 90-ум бо Русия кор кардааст, ҳамеша дар талоши равобити наздик бо Маскав ва мухолифи ҷоришавии таҳримҳо нисбат ба ин кишвар дар посух ба ғасби нимҷазираи Қрим будааст. Тиллерсони 64-соларо, ки ҳоло бояд номзадиашро Сенати Амрико тасдиқ кунад, дар гузашта дар ҳалқаи президент Владимир Путин зиёд дида шудааст. Ӯ яке аз он раҳбарони ширкатҳои нафтист, ки шахсан аз дасти Путин дар соли 2013 ордени "Дӯстӣ"-ро дарёфт намуд.
Тиллерсон дар соли 2007 иқрор шудааст, ки “сиёсати мақомоти Русияро гоҳо дарк намекунад” ва аз набуди ношаффофият дар кори онҳо “дар ҳайрат” аст
Ҷон Ҳамре, муовини вазири дифои замони президент Билл Клинтон ба нашрияи Wall Street Journal гуфт, ба эҳтимоли зиёд Тиллерсон шояд танҳо амрикоие бошад, ки аз замони котиби собиқи давлатии Амрико Ҳенрӣ Киссенҷер бо Путин ҳамнишиниҳои зиёд доштааст.
Изҳороти расмии Тиллерсон дар бораи Русия бештар дар мавзӯъҳои бизнесу тиҷорат будааст. Вақте созиши 500-миллиарддолларии ӯ бо ширкати "Роснесфт" барои кашфу истихроҷи конҳои Арктика мавриди таҳрими ИМА қарор гирифт, ӯ аз ин таҳримҳо ба унвони як абзори геополитикӣ интиқод кард. Ин таҳримҳо дар посух ба ғасби нимҷазираи Қрим ва шурӯи низоъҳо дар шарқи Украина ба хотири пуштибонӣ дидани ҷудоиталабон аз ҷониба Маскав ҷорӣ шуд.
"Мо ин таҳримҳоро корсоз намешуморем, ба шарте ки онҳо хуб таҳия ва иҷро нашуда бошад, воқеан кори душвор аст. Аз ҳамин хотир, мо ҳамеша афродеро, ки ингуна тасмимҳо мегиранд, ташвиқ мекунем, то талафоти азими таҳримҳо, ҳадафи онҳо, фоидаву зарари онро хуб андеша кунанд".
Доналд Трамп, ки ҳамеша ҷонибдори барқарории робита бо Маскав ва ҳам тавсеаи ҳамкориҳои зиддитеррористӣ будааст, дар гузашта гуфта буд, ки мехоҳад имкони бекор кардани таҳримҳо алайҳи Русияро бисанҷад. Ин иқдом, ки ҳамеша мавриди интиқоди Конгресс будааст, ба эҳтимоли ғолиб нақшаҳои таҳқиқотии Арктикаро аз ҷониби ExxonMobil ва “Роснефт” мавриди баррасӣ қарор медиҳад, ба он хотир, ки ин тарҳ метавонад ҳамчун бархӯрди манфиатҳо арзёбӣ шавад. Моҳи апрел нашрияи The Washington Post гузориш дод, ки саҳми Тиллерсон дар ширкат 218 миллион долларро ташкил медиҳад.
Тиллерсон ҳамчунин бо яке аз муттафиқони бонуфузи қадимаи Путин – Игор Сечин, раҳбари “Роснефт” робитаҳои наздик дорад. Исми Сечин дар феҳристи мақомоти таҳримшуда аз ҷониби ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо ворид шудааст. Сечин дар як сӯҳбаташ бо саҳмдорони "Роснефт" соли 2014 гуфта буд, ки бо вуҷуди таҳримҳо, “мехост дар кӯчаҳои ИМА бо Тиллерсон мототсиклсаворӣ кунад”.
Тиллерсон ҳеҷ гоҳ шахсан ба таври мустақим аз Путин ва сиёсати Кремлин интиқод накардааст, вале дар як ҳамоиши иқтисодии шаҳри Санкт-Петербург соли 2008 гуфта буд, ки Русия бояд низоми додгустарӣ ва адлияи худро ислоҳ кунад. Вай гуфта буд, ки “дар Русияи имрӯза эҳтироми қонун вуҷуд надорад”.
Вале баъдан маълум шуд, ки ин изҳорот бо дидгоҳҳои президенти баъдӣ Дмитрий Медведев мувофиқ омадааст, ки ваъда дода буд низоми додгустарии Русия ислоҳ хоҳад шуд. Айни замон, бо вуҷуди ҳамкориҳои наздикаш бо Путин ва дигар мақомоти баландпояи Русия, Тиллерсон дар соли 2007 иқрор шудааст, ки "сиёсати мақомоти Русияро гоҳо дарк намекунад" ва аз набуди ношаффофият дар кори онҳо "дар ҳайрат" аст.