Чанд рӯз баъди нашри гузоришҳо дар бораи нияти аз мақом гирифтани котиби давлатии ИМА, рӯзи 4 декабр Рекс Тиллерсон бо як сафари корӣ ба Аврупо меравад.
Қарор аст дар ин сафар Рекс Тиллерсон дар ҷаласаҳои НАТО, Иттиҳодияи Аврупо ва САҲА иштирок карда, рӯзҳои 5 то 7 декабр дар Брюсселу Вена бо мақомоти баландпояи Белгияву Австрия дидору гуфтугӯ анҷом диҳад. Рӯзи 8 декабр Тиллерсон меҳмони Париж ва
Дар фазои кунунии геополитикӣ бебандуборӣ дар маъмурияти Кохи Сафед ба фоидаи кор нест
мақомоти фаронсавӣ хоҳад шуд. Қарор аст дар ҳошияи нишасти САҲА дар Вена Тиллерсон бо вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров гуфтугӯе анҷом диҳад.
Дар остонаи сафар Тиллерсон ба ӯҳдадориҳои Вашингтон дар робита бо таъмини амнияти Аврупо ва дар муқобили “рафтори хашини Русия” таъкид кард. Дар як суханрониаш рӯзи 28 ноябр дар маркази таҳлилии Wilson Center Рекс Тиллерсон гуфт, ки мудохилаи низомии Русия ба хоки Гурҷистон ва Украина, дахолат ба ҷараёнҳои интихоботиву сиёсии Аврупо ғайри қобили қабул аст.
Ду рӯз баъди ин суханронӣ, матбуоти амрикоӣ хабар дод, ки Кохи Сафед мехоҳад ба ҷои Тиллерсон Майк Помпео, раҳбари Оҷонсии марказии истихборотро дар мақоми котиби давлатии Амрико таъин кунад. Президент Доналд Трмп ин гузоришҳоро ҳамчун “хабарҳои сохта” рад кард ва худи Тиллерсон гуфт, ки ин хабар “хандаовар” аст.
Изҳороти зиддунақиз
Борҳо шудааст, ки дар суханрониҳои ҷамъиятии худ роҷеъ ба масоили байналмилалӣ президент ва котиби давлатӣ ба лаҳни мухолифи ҳамдигар сӯҳбат мекунанд. Тиллерсон инчунин аз ҷониби демократҳо ва бархе ҷумҳурихоҳҳо барои заъиф шудани дипломатияи амрикоӣ интиқод шудааст. Онҳо мегӯянд, ки дар мақомҳои муҳими департаменти давлатӣ афроди муҳим қарор надоранд.
Айни замон, бархе раҳбарони аврупоӣ аз шиорҳои Трамп дар бораи муҳимтар аз ҳама чизи дигар хондани манфиатҳои Амрико изҳори нигаронӣ карда дар робита бо ояндаи НАТО ва Иттиҳодияи Аврупо паёмҳои мухталиф ирсол кардаанд.
Як мақоми аврупоие, ки дар умури дипломатӣ бо Кохи Сафед масъул аст, дар сӯҳбат бо оҷонсии Reuters гуфт, ки зоҳиран Тиллерсон аз он ки мӯҳлаташ охир шудааст, хабар надорад. Вай гуфт, ки Аврупо мисле, ки дар гузашта дар робита бо Трамп дар ҳолати шубҳа қарор дошт, ҳоло ҳам дар ҳамин ҳолат аст.
Як дипломати фаронсавӣ гуфт, ки “дар фазои кунунии геополитикӣ бебандуборӣ дар маъмурияти Кохи Сафед ба фоидаи кор нест”.
“Украина дар маркази таваҷҷӯъ аст”
Дар Брюссел қарор аст Тиллерсон дар нишасти вазирони хориҷаи узви НАТО иштирок кунад, ки рӯзҳои 5 ва 6 декабр баргузор мешавад. Қарор аст бо Федерика Могеринӣ, раҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо ва дигар вазирони хориҷӣ масоили марбут ба ҳамкориҳои Амрикову Аврупо ва дигар мавзӯъҳои байналмилалиро баррасӣ кунад. Дар ин бора департаменти давлатии ИМА дар як изҳорот хабар додааст.
Рӯзи 7 декабр дар Вена дар ҷаласаи вазирони хориҷаи САҲА яке аз масоили аслӣ – вазъи кунунии Украина мешавад. Як мақоми давлатӣ гуфт, ки Тиллерсон “сидқан тарафдори истиқрори сулҳу субот дар Украина ва манотиқи шарқии он аст, ки ҳамоно мавриди ҳадафи низомии Федератсияи Русия қарор дорад”.
Дар задухӯрдҳои миёни нирӯҳои ҳукуматӣ ва ҷудоиталабони рӯ ба Русия аз апрели соли 2014 ба ин сӯ беш аз 10 ҳазор нафар кушта шудааст. Чандин мавриди даъват ба оташбас, ки сентябри соли 2014 ва феврали соли 2015 эълон шуд, бефоида буд.
Қарор аст мавзӯи Украина ва инчунин Кореяи Шимолӣ аз масоили мавриди гуфтугӯи Тиллерсон бо Лавров дар таърихи 7 декабр хоҳад шуд.