Сафири Русия гуфт, ки чаро роҳи донишҷӯёни тоҷикро боз накарданд. ВИДЕО

Гурӯҳе аз донишҷӯёни тоҷик дар назди сафорати Русия дар Душанбе. 11-уми ноябри 2020

Намояндаи расмии Маскав дар Душанбе ба талаби гурӯҳе аз донишҷӯёни тоҷик дар бораи кушодани роҳи онҳо ба Русия ва фароҳам овардани иштирокашон дар дарсҳо посух дод.

Русия имсол барои довталабони тоҷик 630 бурсия (саҳмия ё квота) ҷудо кард. Ба иттилои Вазорати маориф ва илм, шумораи умумии донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои Русия ҳудуди 26 ҳазор нафаранд. Аксари онҳо аз сафар ба Русия маҳруманд ва таҳсилро онлайн ё фосилавӣ идома медиҳанд.

Игор Лякин Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон, 13-уми ноябр дар номаи расмӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, нигаронии донишҷӯёнро мефаҳмад, аммо айни замон афзуд, агар онҳо дар Русия низ мебуданд, имкони иштирок дар дарсҳоро надоштанд. Чун, ба қавли сафир, бо ҳадафи пешгирӣ аз густариши бемории коронавирус дар Русия низ таҳсили фосилавиро ба роҳ мондаанд.

Гурӯҳе аз донишҷӯёни тоҷики донишгоҳҳои Русия, ки бо сабаби паҳншавии бемории коронавирус имкони рафтан ба он кишварро надоранд, 11-уми ноябр дар назди сафорати Русия дар Душанбе ҷамъ омаданд ва хостори ҳалли мушкили сафарашон шуданд. Аз он пеш барои кумакхоҳӣ дар назди бинои Вазорати корҳои хориҷӣ ҷамъ шуданд.

Видео аз лаҳзаи ҷамъ шудани донишҷӯён дар назди сафорати Русия:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Донишҷӯёни тоҷик мехоҳанд ба Русия баргарданд

Донишҷӯён гуфтанд, суръати пасти Интернет, нархи гарони он ва қатъи нерӯи барқ дар Тоҷикистон аз монеаҳои асосӣ барои таҳсили фосилавии онҳо аст. Ҳарчанд мақомот мегӯянд, суръати Интернет дар муқоиса ба солҳои пеш беҳтар шудааст ва расман маҳдудияти нерӯи барқ ҷорӣ нашудааст.

Сафири Русия дар Тоҷикистон гуфтааст, аз мушкили техникии донишҷӯёни тоҷик хабар доранд, аммо афзудааст, "дар шароити паҳншавии пандемияи коронавирус на танҳо барои донишҷӯёни хориҷӣ, балки донишҷӯён дар Русия низ чунин шакли таҳсил ҷорӣ шудааст."

"Бо назардошти ин, ҳатто барои бештари донишҷӯёни тоҷик, ки агар дар ҳудуди Русия мебуданд, мумкин буд аз имконияти таҳсили рӯзона маҳрум мешуданд. Бар илова, хатари сирояти коронавирус дар хобгоҳҳо боло аст. Чунин сабабҳои воқеӣ иллати асосии маҳдуд кардани вуруди донишҷӯёни хориҷӣ, аз ҷумла аз Тоҷикистон ва ҳатто ташкили парвозҳои чартерӣ барои онҳо аст", -- шарҳ додааст сафир.

Ба қавли дипломати баландпояи Русия, эҳтимоли аз байн бурдани маҳдудиятҳо аз беҳтар шудани вазъи беҳдоштӣ дар Русия ва кишварҳои дигар вобастааст.

Игор Лякин Фролов

Вай гуфтааст: "Намояндагони соҳаи ҳавонавардии Тоҷикистону Русия вобаста ба масъалаи парвозҳо ҳамеша ҳамкории зич доранд. Дар ҷараёни машваратҳои видеоӣ, ки 11-уми ноябр баргузор шуд, дар масъалаи иҷозат додан ба парвозҳои чартерӣ ба мувофиқа расиданд. Дар ҳоли ҳозир, ҳавопаймоҳои ширкати “ЮтЭйр” мусофиронро аз Тоҷикистон ба Русия мебаранд. Дар назар аст, баъди ба даст омадани ризояти ҳукуматҳо, парвозҳои чартерии ширкати "Уралские авиалинии" ва S7 (Сибирь) низ илова шаванд."

Ба парвозҳои чартерие, ки аз Тоҷикистон ба тарафи Русия ба роҳ монда шудааст, танҳо шаҳрвандони ин кишвар ва шахсонеро, ки сабабҳои муҳиму раднашаванда доранд, иҷоза медиҳанд.

Аммо донишҷӯёни тоҷик ба ин гуруҳ шомил нестанд. Аз онҳо хоста шудааст, таҳсилро фосилавӣ ва онлайн идома диҳанд, аммо донишҷӯён мегӯянд ба сабаби мушкили техникӣ ва суръати пасти Интернет аз дарсҳо ақиб мондаанд ва мумкин аст баҳояшон низ поин шавад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Суръати интернет ва камбуди барқ таҳсили фосилавии донишҷӯёни тоҷикро мушкил кардаанд

Бештар аз ним сол аст, ки бо далели пешгирӣ аз сирояти коронавирус парвозҳои маъмулӣ байни Тоҷикистон ва дигар кишварҳо қатъ гардидааст. Донишҷӯён мегӯянд, бо идомаи ёфтани чунин вазъият, мушкили онҳо низ барои аз худ намудани барномаҳои таълимӣ бештар шудааст.

Тибқи иттилои расмӣ, 34 ҳазор донишҷӯи тоҷик дар 30 кишвари дунё таҳсил мекунанд. Панҷ кишвари асосие, ки шумори бештари донишҷӯёни тоҷик дар онҷо таҳсил мекунанд, Русия, Чин, Белорус, Қазоқистон ва Қирғизистон ҳастанд. Дар Чин севуним ҳазор донишҷӯи тоҷик таҳсил мекунанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Аз назди вазорат ба назди сафорат. Донишҷӯёни тоҷик хостанд, "роҳашонро боз кунанд" ВИДЕОҶамъомади донишҷӯён дар назди ВКХ. Журналистон ба суҳбат даъват шудандДонишҷӯён аз Осиёи Марказӣ дархости иҷозаи вуруд ба Русияро дорандСуръати интернет ва камбуди барқ таҳсили фосилавии донишҷӯёни тоҷикро мушкил кардаанд