Як пажӯҳиши тоза мегӯяд, ниҳодҳои амниятии Осиёи Марказӣ, ки бояд осоишу амнияти мардумро таъмин кунанд, баръакс дар баъзе ҳолат барои худи мардум таҳдид эҷод мекунанд.
Муаллифони ин пажӯҳиш бо номи "Нақши Иттиҳодияи Аврупо дар ислоҳоти сохторҳои амниятӣ дар Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистон" гуфтаанд, ниҳодҳои амниятии ҳарсе кишвар дар фасод даст доранд, ба ҷомеа посухгӯ нестанд ва майле ба ислоҳоти лозим надоранд.
Муаллифони ин пажӯҳиш мегӯянд, ниҳодҳои амниятии кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, ки бояд дар хидмати мардум бошанд, баръакс бештар ба гурӯҳи ҳоким хидмат мекунанд ва дар мавридҳои зарурӣ алайҳи хостаи мардум иқдом мекунанд. Дар ин пажӯҳиш омадааст, масоили амниятӣ ва ниҳодҳои амниятӣ дар Тоҷикистон умдатан дар дасти раиси ҷумҳур ва атрофиёни ӯ мутамарказ шудааст ва порлумону ҷомеаи маданӣ ҳаққи назорат ба кори онҳоро надоранд.
Ҷош Бунстра, раҳбари барномаи Осиёи Марказӣ дар муассисаи пажӯҳишии FRIDE дар Испания мегӯяд, ниҳодҳои амниятии кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла Тоҷикистон мушкилоти зиёд доранд вале ҳукуматҳо барои иислоҳот дар ин бахшҳои муҳим иқдом намеунанд: “Ниҳодҳои амниятӣ асосан барои ҳукумат кор мекунанд, на барои мардум. Дигар ин ки кормандони ин ниҳодҳо, афсарони милиса, сарбозони артиш, нозирони роҳ, марзбонон, даромади кам доранд ва аз ҳисоби ришваву фасод зиндагӣ мекунанд. Мушкил фақат танҳо дар ҳукумат нест, ки ниҳодҳои амниятиро истифода мекунад, мушкилӣ дар сифати кори онҳост ва ҳам вазъи нохуби иқтисодӣ дар он кишварҳо.”
Дар пажӯҳиши мазкур аз муноқишаи соли гузашта дар Бадахшон ёдовар шуда ва гуфтаанд, ки нерӯҳои амниятӣ ба қазияи қатли Абдулло Назаров, сардори раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар Бадахшон бо дуруштӣ амал карда ва сабаби марги ғайри низомиён ҳам шуданд, вале ҳеҷ касе аз афсарони пулис ва ё маъмурони амниятӣ барои ин гуна амалкард ҷазо нагирифт. Бар асоси Қонун дар бораи мақомоти амнияти миллии Тоҷикистон, раҳбарии умумӣ ва назорати фаъолияти ин мақомот бар дӯши раиси ҷумҳури кишвар аст. Бар асоси ин санад, ҳеҷ яке аз маъмурони амниятӣ ҳаққи узвият ё хидмат ба ҳизби сиёсиеро надоранд ва бояд танҳо барои ҳифзи тамомияти арзиву истиқлол ва зиндагии орому осудаи мардум хидмат кунанд.
Муаллифони пажӯҳиш мегӯянд, агарчӣ ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ барои ислоҳи ниҳодҳои қудративу амниятӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, кӯмакҳои моливу фаннии кишварҳои ғарбиро мепазиранд, аммо аз қабули таҷрибаи кори онҳо парҳез мекунанд, зеро намехоҳанд, назорати ниҳодҳои амниятиро ба дасти ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ё порлумон диҳанд, зеро ин ислоҳотро таҳдиде ба вуҷуди ҳукумати худ медонанд.
Аммо Амирқул Азимов, раиси Кумитаи амният дифоъ, амният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар Маҷлиси Намояндагон ҳамаи ин иддаоҳоро беасос медонад ва мегӯяд, намояндагони мардумӣ ҳаққи комили назорат бар ниҳодҳои амниятиро доранд: “Дар ҳолати зарурӣ ҳуқуқе, ки порлумон дорад, метавонад, новобаста дар кадом сатҳе набошад, кори сохторҳои иҷроияро ҳаматарафа таҳлил кунад ва масъалаи корҳои онҳоро баррасӣ кунад. Оиде, ки сохторҳои амниятӣ дар порлумон ҳисобот намедиҳанд, ин нодуруст аст, доим зери назоратанд, таҳлил мешавад, кори онҳо баррасӣ мешавад.”
Амирқул Азимов аз ислоҳот дар сохтори мақомоти милиса ном бурд, ки иҷрои стротегияи ислоҳоти он бо мусоидати Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ҳамин сол шурӯъ шуд ва қарор аст, то соли 2020 идома кунад. Дар воқеъ муаллифони пажӯҳиш стротегияро, аз намунаҳои возеҳи ислоҳот дар сохторҳои амниятии Тоҷикистон номидаанд. Дар ин стратегия омадааст, ки ҳадафи ислоҳот он аст, ки “дар шуури ҷомеа симои иҷтимоии куллан нави корманди милитсияе, ки аз амалҳои коррупсионӣ холӣ аст ва ба шаҳрвандон мусоидат мекунад, ташаккул дода шавад.“
Шикоят аз кору бадрафтории маъмурони милиса дар Тоҷикистон зиёд аст ва соли 2012 тақрибан ҳар рӯз як ё ду нафар аз кори онҳо ба вазорати умури дохилӣ шикоят кардаанд. Дар соли гузашта дар маҷмӯъ ба унвони вазорат тақрибан 490 аризаи шикоятӣ ворид шудааст.
Тоҷикистон барои ислоҳоти дигар сохторҳои амниятии худ ба мисли нерӯҳои марзбонӣ аз Амрикову Иттиҳодияи Аврупо кӯмакҳои зиёде гирифтааст, вале ба гуфтаи муаллифони пажӯҳиш ҳосили он ночиз аст, зеро посбонони марз бо қочоқи маводи мухаддир дуруст муқобила намекунанд ва ба ришвахорӣ олудаанд. Дигар ин ки 15 дидбонгоҳи наздимарзии нав ва ё таҷдидшуда дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ба таври бояду шояд истифода намешаванд.
Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон низ дар ду даҳаи гузашта ду бор тағйири сохтор кардааст, аввал онро васеъ карда ба вазорат табдил доданд ва соли 2006 дигарбора кумита шуд, аммо ҳамчунон пӯшидатарин ниҳоди давлатӣ дар кишвар боқӣ мондааст. Агарчӣ тамоми вазорату ниҳодҳои давлатӣ ҳар сол аз кори худ ба хабарнигорон гузориш медиҳанд, аммо кумитаи мазкур истисност.
Ба гуфтаи Ҷош Бунстра бе ислоҳот гузоштани ниҳодҳои амниятӣ, эътимоди ками мардум аз ниҳодҳои амниятиро аз байн бурда ва метавонад, барои ҷомеа оқибатҳои бад дошта бошад: “Мардум бояд ба нерӯҳои амниятӣ эътимод дошта бошанд, онҳо бояд дар симои афсари пулиси хиёбон дӯсти худро бубинанд, на душмане, ки аз онҳо пул меканад. Мушкили бузург дар ҷомеа ин аст, ки миёни бахше аз аҳолӣ ва ниҳодҳои амниятӣ тафриқа вуҷуд дорад. Мардум бояд бо ниҳодҳои амниятӣ ҳамкорӣ кунанд, на ин ки хатаре барои онҳо бошанд. Масалан агар тазоҳуроти сахте дар робита ба мавзӯе сар занад, бинобар ҳамин ихтилоф хатари бузурги сар задани хушунат миёни мардум ва нерӯҳои амниятиву пулис ва ғайра вуҷуд дорад.“
Ба гуфтаи Ҷош Бунстра, бе ислоҳот мондани ниҳодҳои амниятӣ, идомаи беэътимодии мардум ба онҳо ва танҳо ба манфиати ҳокимон кор кардани нерӯҳои амниятӣ, дар дарозмуддат мояи бесуботӣ дар кишвар мешавад ва аз ин рӯ бояд, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва аз ҷумла Тоҷикистон сари ин масъала ба таври ҷиддӣ андеша кунанд.
Муаллифони ин пажӯҳиш мегӯянд, ниҳодҳои амниятии кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, ки бояд дар хидмати мардум бошанд, баръакс бештар ба гурӯҳи ҳоким хидмат мекунанд ва дар мавридҳои зарурӣ алайҳи хостаи мардум иқдом мекунанд. Дар ин пажӯҳиш омадааст, масоили амниятӣ ва ниҳодҳои амниятӣ дар Тоҷикистон умдатан дар дасти раиси ҷумҳур ва атрофиёни ӯ мутамарказ шудааст ва порлумону ҷомеаи маданӣ ҳаққи назорат ба кори онҳоро надоранд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад