Ҳафтод сол пеш дар авҷи Ҷанги Сард, намояндагони 12 кишвари Аврупо ва Амрикои Шимолӣ барои имзои аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ дар Вашингтон ҷамъ омаданд.
Рӯзи 4 апрели соли 1949 президенти вақти ИМА Ҳаррӣ Труман гуфт:
“Як чизи маълум, ки ҳоло ҳаст ва дар оянда ҳам ногузир мемонад, ин азми мардуми сайёра барои озодӣ ва сулҳ аст. Маҳаки аҳднома банди 5-ум аст, ки бар асоси он ҳамла ба як кишвар, ҳамла ба аъзои созмон ба ҳисоб меравад”.
Ман возеҳ гуфтаам, ки аъзои НАТО бояд ҳаққи худро супоранд ва аҳдҳои молиашонро иҷро кунанд
Таҳдид ба аъзои паймон Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Соли 1955, вақте Олмони Ғарбӣ ба НАТО пайваст, дар посух Шӯравӣ аз ҳисоби кишварҳои сотсиалистӣ аҳдномаи Варшаваро таъсис дод.
Соли 1960 чанд ҳодисаи муҳим рух дод, девори Берлинро сохтанд, дар баҳри Кариб буҳрон сар зад ва Ҷон Кеннедӣ дар Берлин суханронӣ кард. Президент Кеннедӣ дар суханронии худ дар Берлин 26 июни соли 1963 гуфт:
“Бархе мегӯянд, ки оянда аз коммунизм аст. Бигузоред, ба Берлин биёянд».
Суқути девори Берлин дар соли 1989 оғози тайғироти муҳим барои НАТО шуд. Солҳои 1990-ум НАТО Балкани гирифтори ҷанги дохилиро муҳосира кард, то оташи он хомӯш шавад. Соли 1999 баъди нашри видеоҳои қатли албаниҳои Косово аз тарафи неруҳои Слободан Милошевич, ҳавопаймоҳои НАТО қаламрави Югославияро бомборон карданд. Садҳо ҳазор албаниҳоро аз хонаҳояшон ронданд.
Аммо банди 5-уми аҳдномаи НАТО фақат 11-уми сентябри соли 2001 баъди ҳамлаи Ал-Қоида ба Амрико амалӣ шуд. Неруҳои НАТО бо раҳбарии Амрико ба зидди Толибон, Ал-Қоида ва дигар гуруҳҳои ифротӣ дар Афғонистон ҷанг эълон карданд. Дар даҳсолаи ахир паймон тавсеа ёфт. Қабули ҳар узви нав, ки паймонро қавитар мекард, дар муносибат бо Русия таниш бармеангехт.
Владимир Путин густариши НАТО-ро «хатари мустақим» номид. Ҳоло НАТО 29 узв дорад. Кишварҳои дигар ба мисли Боснияву Ҳерсоговина ва Македония барои узвият омодагӣ мегиранд. Аммо дар дохили паймон ҳам ихтилофоти назар вуҷуд дорад. Раиси ҷумҳурии ИМА Доналд Трамп мегӯяд, НАТО аксаран ба пули Амрико такя мекунад. Моҳи маи соли 2017 дар Брюссел Трамп гуфт:
«Ман возеҳ гуфтаам, ки аъзои НАТО бояд ҳаққи худро супоранд ва аҳдҳои молиашонро иҷро кунанд».
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар 70 соли ахир НАТО аз як паймони низомии замони Ҷанги Сард ба паймони байналмилалие табдил шуд, ки дар ҷабҳаҳои гуногун фаъолият мекунад.
Паймон ба низоъҳо мудохила ва онҳоро қатъ мекард, нерӯи посдори сулҳ шудааст, аъзои навро тамрин дода ба осебдидагони фалокатҳои табиӣ кӯмак мекунад. Бо вуҷуди мушкилоти хориҷиву дохилиаш, НАТО ҳамчун паймони пойдори низомӣ боқӣ мондаасӣ.
НАТО ҳоло 29 узв дорад ва кишварҳои дигаре дар навбат истодаанд. Гурҷистон дар маъмуриятҳои НАТО кумак мекунад ва умедвор аст, ки онро ҳам ба НАТО қабул мекунанд.
Баъди ишғоли нимҷазираи Қрим ва тасарруфи ду вилояташ аз тарафи ҷудоиталабони зери ҳимояти Русия, Украина талошҳо барои пайвастан ба НАТОро аз сар гирифт. Македонияи Шимолӣ ва Боснияву Ҳерзеговина ҳам муштоқи узвият дар паймон ҳастанд.