Баҳси «миллат» дар шиносномаҳои Қирғизистон доғ шуд

Ҳазфи сатри марбут ба миллати шаҳрванд дар шиносномаҳои Қирғизистон баҳсҳои доғро дар ҷомеаи ин кишвар эҷод кардааст. Хадамоти давлатии бақайдгирӣ намунаи паспорт ё шиносномаи нави шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистонро ба намоиш гузошт. Бархе инро ҳамчун як "провокатсия" ба чолиш кашонда, дигарҳо гуфтанд, ки чунин тасмим танҳо ба тақвияти сулҳу ваҳдат дар ин кишвари гуногунмиллат хизмат мекунад. Намунаи нави шиносномаи шаҳрванди Қирғизистон маълумоти асосии мисли ному насаб, шаҳрвандӣ, таърихи таваллуд, мӯҳлати эътибори шиноснома, вазъи оилавӣ, суроғаи зистро ҳифз карда, инчунин ин маълумот дар чипи электронии дар дохили шиноснома насбшуда инъикос мешавад.

Ҳукумат мегӯяд, ки шиносномаи шаҳрванд тадриҷан санадҳои дигари муҳими шаҳрванд, мисли шиносномаи ронандагӣ, китобчаи нафақа ва корти тиббиро ҳам дар худ гунҷоиш хоҳад дод. Яке аз ҷонибдорони пок шудани сатри «миллат» дар паспорти қирғизӣ раиси Хадамоти давлатии бақайдгирӣ Тойирбек Сарпашев аст. Вай гуфт, ки ин тасмим танҳо ба хотири муттаҳидсозии мардуми Қирғизистон равона шудааст:

«Президент аз оғоз ташаббуси аз дохили паспорт берун кардани маълумот оид ба миллияти шаҳрвандро пуштибонӣ мекард. Мо ин мавқеи президентро ба назар гирифта, дар шиноснома танҳо «Шаҳрванди Қирғизистон» будани шахсро зикр кардем. Барои зикри иттилои дигар зарурат вуҷуд надорад. Маълумоти дигар дар пойгоҳи марказии иттилоот ва ҳам чипи электронӣ ҳифз хоҳад шуд».

Зимнан, танҳо баъди баррасӣ дар комиссияҳои зидахл ин навъи шиносномаҳои нав эътибори ҳуқуқӣ пайдо мекунанд. Қарор аст ин санад то охири соли ҷорӣ ба истифода дода шаванд.

Вале Адахон Мадумаров, раиси ҳизби «Бутун Қирғизистон» («Қирғизистони воҳид») ин ташаббуси президентро ба боди танқид кашид ва гуфт: «Гумроҳ нашавед, ки баъди берун шудани сатри миллати шаҳрванд дар кишвар якбора ваҳдату ягонагӣ пойдор мешавад ва ҳама ватанашро дӯст медорад. Вақте як кишвар 150 ё 200 миллион аҳолӣ дорад, инро фаҳмидан мумкин аст. Вале худи қирғизҳо ҳамагӣ 3,5 миллион нафаранд, аз ин рӯ ман аслан намефаҳмам, ки бидуни зикри миллати шаҳрванд мо ба чӣ даст меёбем? Ҳеҷ вақт ин масъала боиси эҷоди монеа ва ё мушкил нашудааст».

Хабарнигори бахши қирғизии радиои Озодӣ Қубаничбек Ҷолдошев мегӯяд, ки ба ҳар сурат дар баррасии аввалияи намунаи паспорти нав тарафдорони ин тағйирот назар ба мухолифонаш бештар буданд. Зимнан, ҳазфи зикри миллати шаҳрванд дар паспортро раиси ҷамъияти ӯзбакҳои Қирғизистон Бахтиёр Фаттоҳов ҳам тарафдорӣ кардааст. Вай гуфт, пешниҳоди онҳо дар гузашта барои берун кардани сатри миллат аз шиносномаро парлумон баррасӣ накард ва ҳоло, ба гуфтаи ӯ, фурсати муносиб расидааст, ки ин тасмим гирифта шавад.

Адами зикри миллат дар шиноснома таҷрибаи нав нест. Дар ҷаҳон кишварҳои зиёде ҳастанд, ки танҳо бо зикри шаҳрвандии шахс иктифо кардаанд. Дар намунаҳои шиносномаи биометрии навъи нави Тоҷикистон ҳам миллати шаҳрванд зикр намешавад. ИМА, ки ҷамъияташ аз 300 миллион нафар зиёд аст, аз ҷумлаи онҳост. Амрикоиҳо мегӯянд, ки барои онҳо муҳим шаҳрванди Амрико, яъне «амрикоӣ» будани шахс аст ва мансубияти этникӣ ё миллии кас як масъалаи хусусӣ ва ҳатто фарҳангист. Дар муошират ва ҳам равобити корӣ маҳалли таваллуди шаҳрванд, масалан, «зодаи Тоҷикистон, шаҳрванди ИМА» зикр мешавад ва агар дилаш хост, метавонад дар бораи решаҳои фарҳангиву миллии худ маълумот диҳад. Амрикоиҳо мегӯянд, ғояи асосӣ дар шаҳранди Иёлоти Муттаҳидаи Амрико будани шахс аст, ки ҳамаро баробар мекунад.