Насиба Наимхонова - довталаби озмуни Посдорони сулҳ

Nasiba Naimkhonova

Моҳи декабр Насиба барандаи озмуни "Мисс Университет" дар Қирғизистон шуд

Насиба шаҳрванди Тоҷикистон аст, аз ин рӯ қарор шуд, ки ӯ ба озмуни Посдорони сулҳ ба Чин ба намояндагӣ аз ватани худ сафар кунад. Қирғизистон номзади дигари худро ба ин озмун равон кардааст 

Барои нахустин бор як намояндаи Тоҷикистон дар озмуни посдорони сулҳ иштирок мекунад

Акси Насиба Наимхонова дар вебсайти http://www.wmu.world/ нашр шудааст ва тарафдоронаш метавонанд барои ӯ овоз диҳанд 

Насиба Наимхонова зодаи ноҳияи Ишкошими вилояти Бадахшони Тоҷикистон буда, дар Душанбе ба воя расидааст.