Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Қирғизистон, ки дар пайи муноқишаи маргбори шаби 16-уми сентябр дар марз шуруъ шуда буд, рӯзи чаҳоршанбе ба поён расид. Бар асоси тавофуқи пешакӣ, "Қирғизистон дидбонгоҳи назоратии худро вайрон мекунад ва Тоҷикистон аз бунёди дидбонгоҳ даст мекашад."
Музаффар Юнусов, сухангӯи раиси вилояти Суғд, гуфт, музокироти ҳайатҳои ду тараф ба раҳбарии нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва нахуствазири Қирғизистон Муҳаммадқулӣ Абилғозиев рӯзи чаҳоршанбе дар маҳаллаи Баҳори ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сурат гирифт. "Яке аз мавзуъҳои музокирот ҳалли низоъ ва ба эътидол овардани вазъ дар қитъаҳои баҳсӣ буд", -- гуфт ӯ.
Ҷонибҳо инчунин ба "тақвияти дӯстӣ, ҳамсоядории хуб, эътимод ба якдигар ва ҳалли сулҳомези ҳамагуна якдигарнофаҳмӣ" таъкид кардаанд. Дар ҳамин ҳол, хабаргузории "Азия-Плюс" бо такя ба манбааш иттилоъ дод, ки "то 18 соати дигар ҳарду ҷониб нерӯҳои изофӣ ва техникаҳои ҷангиро аз минтақаи марзӣ берун мебаранд."
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар муноқишаи мусаллаҳонаи шаби 16-уми сентябр дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон се марзбони тоҷик ва як афсари қирғиз ҳалок шуда, аз ду тараф чандин нафар маҷруҳ шуданд. Ду тараф якдигарро ба тиркушоӣ муттаҳам карда, ёддошти эътирозӣ супурданд.
Бахши аввали мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Муҳаммадқулӣ Абилғозиев баъд аз зуҳри 17-уми сентябр дар гузаргоҳи марзии "Қизил-Бел" баргузор шуда буд. Дафтари матбуоти ҳукумати Қирғизистон хабар дод, ки ҷонибҳо дар мулоқот чораҳоро барои ба эътидол овардани вазъ дар марз баррасӣ карданд.
"Ҷонибҳо ҳамчунин хостанд, ки корҳо дар самти таъйин ва аломатгузории хатти марзи давлатӣ тақвият дода шаванд. Сарвазирон бори дигар ҷонибдории худро аз созишномаҳои ҳосилшуда баён карда, гуфтаанд, ки ҳангоми ҳалли масъалаҳои марзӣ бояд аз равишҳои созанда кор гирифт,"-гуфт манбаъ.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар хабарномаи ҳукумати Қирғизистон ҳамчунин гуфта мешавад, ки сарвазирон ба раҳбарони хадамоти марзбонӣ ва мақомоти маҳалли ду кишвар дастур додаанд, "ҳамкориҳоро дар тамоми сатҳҳо тақвият бахшида, корҳои фаҳмондадиҳиро миёни сокинон пурзӯр кунанд."
Муовинони сарвазирон ва раҳбарони ниҳодҳои марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон вазифадор шудаанд, ки дар маҳалли ҳодиса корҳои муштаракро барои тезонидани ҳалли мушкили ба вуҷудомада идома диҳанд.
Вохӯрии нахуствазирони Тоҷикистони Қирғизистон як рӯз баъд аз муноқиша дар марзи ду кишвар сурат гирифт. Шоми 16-уми сентябр дар қитъаи баҳсии марзи ноҳияи Бобоҷони Ғафурови Тоҷикистон ва Лайлаки Қирғизистон тирандозӣ рух дод. Дар ин ҳодиса як марзбони қирғиз ва се сарҳадбони тоҷик кушта шуданд.Мақомоти Қирғизистон ҷониби Тоҷикистонро дар сар задани ҳодиса гунаҳкор карда гуфтанд, нахуст марзбонони тоҷик ба сӯи сарҳадбонони қирғиз оташ кушоданд. Аммо ҷониби Тоҷикистон баръакс Бишкекро муқассири ин низоъ дониста гуфтанд, Қирғизистон "бархилофи созишномаҳои қаблӣ" рафтор кард.
Тоҷикистону Қирғизистон дар низои ахир якдигарро дар корҳои сохтмонӣ дар минтақаҳои аломатгузоринашуда муттаҳам карданд. Тибқи созишҳои ҳосилшуда миёни ду кишвар дар минтақаҳое, ки хатти марз муайян нашудааст, корҳои сохтмонӣ манъ аст.
Вазоратҳои умури хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон ба ҷониби ҳамдигар дар ин бора нотаи эътирозӣ супурданд. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар нотаи худ гуфт, "ҷониби Қирғизистон ба ҷойи ҳодиса 250-300 низомиро интиқол додааст, ки онҳо ба муқобили сокинони мулкии деҳаи Баҳори Тоҷикистон аз силоҳ истифода карда ва маҷбур сохтаанд, ки сарҳадбонони Тоҷикистон барои таъмини амнияти аҳолӣ оташи ҷавобӣ кушоянд." Аммо дар нотаи Қирғизистон гуфта мешавад, ки "нахустин шуда, марзбонони тоҷик постгоҳҳои марзии "Мақсад" ва "Сой"-и Қирғизистонро тирборон карданд."
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр марз доранд, ки то кунун 504 километри он муайян ва аломатгузорӣ шудааст.
Идомаи баҳси ду кишвар бар сари қисматҳои боқимондаи марз, аз ҷумла такяи Қирғизистон ба харитаи соли 1989 ва такя кардани Тоҷикистон ба харитаи қадимтари соли 1924, соли таъсиси Тоҷикистону Қирғизистон, мунҷар ба он шуд, ки Душанбеву Бишкек аз соли 2006 ба ин тараф дар раванди таъйин ва аломатгузории марзҳояшон дигар ягон километр пеш нарафтаанд.