Президенти ИМА Доналд Трамп рӯзи 11 июн гуфт, ки мулоқоти ӯ бо раҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ун дар Сингапур “метавонад бахубӣ пеш равад”.
Дар Сингапур мақомоти ҳарду кишвар охирин омодагиҳоро барои ташкили нишасти ду раҳбар таҳия доранд.
Котиби давлатии ИМА Майк Помпео дар як нишасти хабарӣ рӯзи 11 июн гуфт, ки омодагиҳо сареъ ҷараён дорад ва “мо интизор дорем, ки
Халъи силоҳи ҳастаии нимҷазираи Кореяи Шимолӣ бояд “комил, бебозгашт ва қобили эътимод” бошад, вагарна таҳимрҳо бардошта намешавад. Майк Помпео
натиҷаи музокирот пештар аз он ки мо интизор дорем, ба нуқтаи мантиқии худ хоҳад расид”.
Дар музокироти Трампу Ким қарор аст мавзӯи кулоҳакҳои ҳастаии Пхенян ва талошҳо барои аз силоҳи ҳастаӣ холӣ кардани нимҷазираи Корея баррасӣ шавад.
Помпео гуфт, ки нишасти мазкур “як имконияти нодири беҳбуди муносибатҳо ва пойдориии сулҳу шукуфоӣ”-ро дар Кореяи Шимолӣ фароҳам меорад.
Вале Помпео нагуфт, ки то куҷо ин нишаст метавонад ба пешрафти билофосила мусоидат мекунад. Ӯ баръакс гуфт, ки кору заҳмати зиёд дар пеш аст.
Вай гуфт, ки халъи силоҳи ҳастаии нимҷазираи Кореяи Шимолӣ бояд “комил, бебозгашт ва қобили эътимод” бошад, вагарна таҳимрҳо бардошта намешавад. То он замон, ба гуфтаи Помпео, таҳримҳо побарҷо хоҳанд монд. Вай афзуд, ки дар сурати коромад нашудани роҳҳои дипломатӣ, “тадбирҳо афзоиш меёбад”.
Трамп ва Ким ҳарду рӯзи 10 июн ба таври ҷудогона вориди Сингапур шуданд ва аз ҳамон замон барои музокироти рӯзи 12 июн омодагӣ мебинанд. Ин музокирот дар осоишгоҳи Сентоса баргузор мешавад, ки нахустин мулоқоти раҳбарони ИМА ва Кореяи Шимолӣ хоҳад буд.
Рӯзи 11 июн дар сари дастурхони корӣ бо нахуствазири Сингапур Лӣ Ҳусейн Лунг, президент Трамп аз натиҷаҳои ин нишаст изҳори хушбинӣ кард, ва гуфт: “Фардо як мулоқоти хеле ҷолибе барпо мешавад ва бовар дорам кор бахубӣ пеш хоҳад рафт”.
Рӯзи 10 июн Трамп гуфт, ки дар “як дақиқа” барои худ маълум мекунад, ки то куҷо нияти Ким дар масъалаи дасткашӣ аз силоҳҳои ҳастаӣ ҷиддӣ аст.
Дар ҳайати ИМА дар ин нишаст, дар баробари котиби давлатӣ Майк Помпео инчунин мушовири амнияти миллӣ Ҷон Болтон, раиси ситоди Кохи Сафед Ҷон Келлӣ ва сухангӯи Кохи Сафед Сара Сандерс иштирок хоҳанд кард.
Фурсати ҳуқуқи башар аст, на силоҳи ҳастаӣ
Фирориёни Кореяи Шимолӣ ва фаъолони ҳуқуқи башар аз мақомоти амрикоӣ хостанд, ки дар ин ҳамоиш ҳатман мавзӯи ҳуқуқи инсонро матраҳ кунанд. Еонми Парк, як фирории кореягӣ дар сӯҳбат бо оҷонсии Ройтерс рӯзи 11 июн гуфт, ки дар асл «ҳоло вақти он нест, ки дар бораи силоҳҳои ҳастаӣ сӯҳбат шавад. Ҳоло фурсати он аст, ки дар бораи мардуми азиятшудаи Кореяи Шимолӣ фикр кунем».
СММ ҳам хост, ки дар ҳамоиши президентони ду кишвар мавзӯи ҳуқуқи инсон ҳатман матраҳ шавад.
Томас Оҷея Куинтана, гузоришгари вижаи СММ дар умури ҳуқуқи инсон дар Кореяи Шимолӣ гуфт, ки мавзӯи “муколама дар бораи ҳуқуқи башар бояд ҳатман ворид шавад”, то ки “музокироти муваффақиятомез ҷараён бигирад”. Ӯ дар изҳороти рӯзи 7 июнаш гуфт, ки “мавзӯи сулҳу амният ва ҳуқуқи башар ба ҳам тавъам ҳастанд”. Куинтана инчунин аз Кореяи Шимолӣ хост, ки як маъракаи афви умумро барпо карда, садҳо зиндониҳоро аз пушти панҷара озод кунад, то ки омодагии ин кишвар барои риояи принсипҳои ҳуқуқи башари СММ дида шавад.
Айни замон, Теҳрон аз Кореяи Шимолӣ хостааст, ки дар ҷараёни гуфтугӯ бо Доналд Трамп аз “эҳтиёт кор гирад”. Баҳром Қосимӣ, сухангӯи вазорати хориҷаи Ҷумҳурии Исломӣ бо ишора ба берун шудани Амрико аз созиши ҳастаии соли 2015 ҳушдор дод, ки дар ҷараёни муколама бо Трамп “ҳушёр ва эҳтиёткор” бошад.
Қосимӣ гуфт, ки Эрон ба ин нишаст “бидуни дилгармӣ” муносибат мекунад, чунки ИМА, ба қавли ин кишвар, “аз созиш берун шуда ӯҳдадориҳояшро нақз мекунад”.