Ҳукумати Қирғизистон баъди аз эътилофи ҳукмрони парлумонӣ берун шудани ҳизби президент Алмосбек Отамбоев ба истеъфо меравад. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Чингиз Эсенгул, сухангӯи нахуствазири Қирғизистон рӯзи 24 октябр аз Бишкек хабар дод. Ба иттилои ӯ, эътилоф пош хӯрда ҳукумат ба истеъфо меравад. Қарор аст дар наздиктарин фурсат президент қароре имзо кунад, ки то ташкили ҳукумати нав ҳама аъзои кабинаи вазирон барои иҷрои муваққати вазифаҳояшон дар мақомҳояшон боқӣ мемонанд.
Ихтилофи ҳизби ҳоким бо Текебоев
Субҳи 24 октябр ҷиноҳи Ҳизби сотсиал-демократи Қирғизистон қарори аз эътилофи парлумонӣ берун шуданро хабар дод. Исо Омурқулов, раиси ин ҷиноҳ гуфт, ки нофаҳмӣ бо ҷиноҳҳои ҳизбии «Ота Макон» ва «Онугуу-Прогресс» боиси он мешавад, ки сотсиал-демократҳо эътилофи ҳокимро тарк кунанд.
Парлумони Қирғизистон – «Жогорку Кенеш» аз 120 депутат иборат аст. Аксарият – 38 курсиро аъзои ҳизби ҳокими Сотситал-демократ ташкил медиҳанд. Дар миёни дигар аъзои маҷлис– ҳизби «Республика – Ота-Ҷурт» (28 вакил), «Қирғизистон» (18 вакил), «Онугуу-Прогресс» (13 курсӣ), «Бир Бол» (12) ва “Ота-Макон” (11) қарор доранд. Ба эътилофи ҳоким сотсиал-демократҳо, «Қирғизистон», «Онугуу-Прогресс» ва «Ота-Макон» шомиланд. Исо Омурқулов гуфт, ки дар паи нофаҳмӣ ва ё адами тавофуқ бо “Ота-Макон” ва “Онугуу-Прогресс“, сотсиал-демократҳо тасмим гирифтанд аз ҳайати эътилофи ҳоким берун шаванд.
Омурбек Текебоев, раҳбари ҷиноҳи «Ота Макон» дар парлумон аз ҳизби ҳоким талаб кард, ки сабаби ба чунин бӯҳрон омадани вазъро шарҳ диҳад. Худи ӯ қаблан гуфтааст, ки сабаби аслии ихтилоф дар мухолифати ду ҳизб бо тағйироти конститусияи кишвар аст.
Мухолифат ба тағйири конститутсия
Гуляим Ашакеева, сардабири барномаҳои бахши Қирғизии радиои Озодӣ мегӯяд, ташаббуси ҳизби ҳоким барои тағйири конститутсия пеш аз мӯҳлати аз рӯи қонун муқарраршудаи соли 2020 мояи норизоият дар дохили худи эътилофи ҳоким шуд. Вай гуфт: «Масъала дар дохили ҷиноҳи ҳокими парлумон пеш омад. Вақте ҳизби ҳоким ба тарафдории тағйироти конститутсия садо баланд кард, маълум шуд, ки муттафиқони ҷиноҳии онҳо мухолиф баромаданд.
Ташаббус бе ин ҳам хеле баҳсбарангез аст, чунки қонун мегӯяд, конститутсияи амалкунанда то соли 2020 боқӣ мемонад ва танҳо аз аз роҳи референдум мешавад онро тағйир дод. Ҳизби ҳоким ҳам ҳамин имкониятро истифода карда, талош дорад конститутсияро иваз кунад. Ҳоло сотсиал-демократҳо мехоҳанд, ки эътилофи аксариятро дар парлумон аз нав бо даъвати ҳамфикронашон ташкил кунанд. баъди ин мехоҳанд ба зарурати баргузории референдум таъкид кунанд».
Гуляим Ашакеева гуфт, ки ҳама доираҳои сиёсӣ дар Қирғизистон мефаҳманд, ки хориҷ шудани ҳизби президент аз ҷиноҳи аксарияти парлумонӣ ва ҳам пош додани ҳукумат як методи расидан ба ҳадафи ҳизб ҳоким аст. То имрӯз ҳизб бештар дар сатҳи ҷамъиятӣ ва ё гурӯҳу раҳбарони сиёсӣ муқовимат мекард, вале акнун ин ихтилофҳо ба парлумон, органи қонунбарори кишвар баромад.
Ҳадаф - тақвияти қудрат дар дасти Отамбоев?
Вай гуфт, ҳадафи асосӣ аз берун шудани ҳизби ҳоким аз эътилофи аксарият – канорагирӣ аз Омурбек Текебоев ва ҳизби ӯ буд, ки аз мунаққидони хеле шадид ва сарсахти ташаббуси президент мебошад. Ҳизби Ота-Макон бо 11 депутат дар парлумон дар муқобили аксарияти рӯ ба президент ночиз аст, вале нуфуз ва мавқеи сиёсатмадори маъруф ба ҷараёни тасмимгирӣ ва овоздиҳӣ таъсири ҷиддӣ мегузорад. Ҳизби сотсиал-демократ дар шарҳи тасмими хориҷ шудан аз эътилоф гуфтааст, ки баъзе ҳизбҳо зидди манфиатҳои миллӣ кор мекунанд ва дар байни онҳо афроде ҳаст, ки аз президендони собиқ ва барканоршуда – Боқиев ва Оқоев тарафдорӣ мекунанд. Ҳоло ин ҳизб аз депутатҳои маҷлис даъват кардааст, ки як эътилофи «нирӯманд» ва «пояндаро» ташкил, то ки тавонад вазифаҳои муҳими стратегиро иҷро кунад.
Ташаббускори тағйироти конститутсионӣ президент Алмосбек Отамбоев ва тарафдоронаш зарурати ин амалро дар тақвияти ҳукумати парлумониву президентӣ арзёбӣ мекунанд. Мухолифон – собиқ муттафиқони президент ва аъзои пешини ҳукумати муваққатии Қирғизистон ба раҳбарии Роза Отунбоева ин пешниҳодро хилоф бо тафовуқоти қаблӣ ва кӯшиши тақвияти қудрати Отамбоев мебинанд. Онҳо бовар доранд, ки баъди анҷоми мӯҳлати президентии Отамбоев дар соли оянда, ӯ талош мекунад ба ҳайси нахуствазири кишвар дар қудрат бимонад. Мухолифон президент Отамбоевро дар кӯшиши ғасби қудрат муттаҳам мекунанд.
Конститутсияи амалкунанаи Қирғизистон соли 2010 баъди сарнагунии Қурмонбек Боқиев ва бо сари қудрат омадани ҳукумати муваққатии таҳти раҳбарии Роза Отунбоева қабул шуд. Як шарт ин буд, ки сарқонун то соли 2020 амал мекунад ва то он замон ҳеҷ кас ё ниҳоди давлатӣ ҳақ надорад онро тағйир диҳад. Рӯзи 11 декабр дар Қирғизистон дар баробари интихоботи маҷлисҳои маҳаллӣ, бояд раъйпурсии тағйири конститутсияи кишвар баргузор шавад.