Ҳизби Коргарии Кореяи Шимолӣ рӯзи душанбе, 9 май Ким Чен Инро раиси ин ҳизб интихоб кард. Аз ин ба баъд мақоми расмии Кими 36-сола маҳз ҳамингуна садо хоҳад дод. Ин хабар дар ҳузури хабарнигорони хориҷӣ садо дод, ки барояшон танҳо 10 дақиқа фурсат дода шуд, ки ба маҷлисгоҳ ворид шаванд. Баъди эълони ин хабар, оркестри низомӣ оҳангеро иҷро кард, ки маъмулан ба ҳангоми вориди толор, маҷлисгоҳ ва ё кадом маъракаи ҷамъиятӣ шудани раҳбари ин кишвар садо медиҳад.
Ким ба саҳнаи марказӣ зери кафкӯбиҳои баланди чанд ҳазор вакили анҷумани ҳизб баланд шуд. Қарсакзанон вакилон баланд-баланд "Мансе! Мансе!" мегуфтанд ва бо ин калима ба раҳбари кишвар умри дароз таманно мекарданд. Баъди ин дигар аъзои баландпояи ҳизб дар курсиҳои худ ҷой гирифтанд. Дар болои сари онҳо аксҳои бузурги бобои раҳбари амалкунандаи Кореяи Шимолӣ – муассиси ҷумҳурии халқии демократӣ Ким Ир Сен ва ҳам падараш – раҳбари собиқи кишвар Ким Чен Ир гузошта шудааст.
Дар деворҳои маҷлисгоҳ бо ҳарфҳои тиллоӣ рамзи давлат – путку досту
қалам ифода шудааст. Раҳбари парлумони Корея Ким Ен Нам рӯйхати раҳбарони ҳизбиро қироат кард ва дар навбати аввал ва барои нахустин бор исми раҳбари ин кишвар Ким Чен Ин садо дод. Ким дар гузашта ҳам раиси ҳизб буд, вале вазифаи вай расман «котиби аввал» будааст. Гузаштаҳои ӯ – падару бобояш унвонҳои худро ҳифз кардаанд. Аз ҷумла, Ким Чен Ир – «котиби ҷовидонаи кулл» ва Ким Ир Сен «президенти якумрӣ» унвон мешаванд.
Анҷумани Ҳизби кори Кореяи Шимолӣ рӯзи ҷумъа, 6 май шурӯъ шуд. Дар ҷараёни он нумӯи саноати ҳастаӣ дар даврони раҳбарии Ким Чен Ин, ваъдаҳои пешрафтҳои иқтисодӣ ва болоравии сатҳи зиндагии мардум карда шуд. Аз нигоҳи журналистони хориҷӣ, дар тамоми ҷараёни анҷумани ҳизбӣ, худи раҳбари кишвар дар маркази таваҷҷӯҳ қарор дошт.
Ким Чен Ин дар суханронии худ дар анҷумани ҳизб гуфт, ки кишвараш танҳо дар сурате аввалин шуда аз силоҳи ҳастаӣ истифода мекунад, агар бубинад, ки истиқлолияти он халалдор шудааст. Ӯ инчунин рӯзи 8 май гуфт, ки Кореяи Шимолӣ омода аст равобиташро бо, ба гуфтааш, кишварҳои "душман" беҳбуд бахшад. Вай Кореяи Ҷанубиро ба музокирот даъват кард ва аз ИМА хост, ки ба равобити ин ду давлат "мудохила накунад". Кореяи Шимолӣ баъди анҷоми озмоиши як силоҳи ҳастаӣ ва ҳам партоби як мушаки дурпарвоз таҳти фишори шадиди дипломатӣ қарор гирифт.
Ким Чен Ин дар охири соли 2011 баъди марги падари раҳбараш сари қудрат омад. Падари ӯ Ким Чен Ир 17 сол сари қудрат буд ва курсии аввали ҳукуматро дар ин ҷумҳурӣ баъди марги падари худ – Ким Ир Сен дар соли 1994 ишғол кард. Ким Ир Сен, ки 46 сол дар сади қудрат будааст, дар саргаҳи таъсиси ҷумҳурии Кореяи Шимолӣ ва муаллифи чучхе – идеологияи милливу коммунистии Кореяи Шимолӣ қарор дошт.
Ким Чен Ин хатмкардаи донишгоҳи байналмилалии Берн дар Швейсария буда, дар Пхейнян донишгоҳи ба номи Ким Ир Сен ва донишгоҳи низомии ба номи бобояшро хатм кардааст. Созмонҳои байналмилалӣ мегӯянд, бо сари қудрат омадани Кими хурдӣ, вазъи ҳуқуқи башар дар ин кишвар бадтар шуда ин давлат ҳамоно аз бастатарин мамолики ҷаҳон боқӣ мемонад ва ҳар иттилое, ки аз ин кишвар ба берун пахш мешавад, ё сирф расмӣ аст ва ё аз роҳи манобеи кишварҳои дигар пахш мешавад.
Ким Чен Инро як инсони бераҳму шафқат меноманд. Дар давоми панҷ соли раҳбарии Ким Чен Ин, чанд хабари ваҳшатноке дар бораи куштори ваҳшиёнаи аъзои ҳукумат, аз ҷумла, собиқ вазири дифоъ ва ё шавҳари аммаи раҳбар пахш шуд, ки гӯё бо ҳукумати феълӣ розӣ набуданд. Вале ин хабарҳо аҳёнан тасдиқи расмӣ гирифтаанд.