Додгоҳи олии Тоҷикистон омӯзгори тарбияи ҷисмонии мактаби рақами 7-и ноҳияи Турсунзода Юлдош Айматов, аълочии маориф ва устоди варзидаи кишварро, ки моҳи июн мудири мактаб - Дилором Нишоноваро дар утоқи корияш бо зарби 10 корд ва баъдан муовини раиси мудирро ба қатл расонд, ба 30 соли зиндон маҳкум кард. Дафтари матбуоти Додгоҳи олии Тоҷикистон 19 август ба радиои Озодӣ гуфт, ҳукм рӯзи 17 август аз рӯи моддаи 110 (куштор)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон содир шуд.
Дафтари матуботи Додгоҳи олӣ мегӯяд, азбаски омӯзгор ба таври ваҳшиёна ва бераҳмона ду ҳамкори худро куштааст, "пушаймониву тавбаи омӯзгорро" ба инобат нагирифт ва барояш ҷазои баландтаринро муносиб дид.
Юлдош Айматов, омӯзгори тарбияи ҷисмонии ин мактаб, аълочии маориф ва устоди варзидаи кишвар нахуст мудири мактаб - Дилором Нишоноваи 51-соларо дар утоқи корияш бо зарби беш аз 10 корд ба қатл расонд. Сипас, ба саҳни ҳавлӣ баромада ба муовини мудири мактаб - Гулнора Юлдошеваи 48-сола, ки бо духтарон дар бораи ширкаташон дар тамрин сӯҳбат мекард, аз пушт дарафтада бо корд ба гулӯяш зарба зад. Гулнора Юлдошева дар роҳ ба сӯи беморхона ба ҳалокат расид.
Додситонии ноҳияи Турсунзода дар нисбати Юлдош Айматов, омӯзгори тарбияи ҷисмонӣ бо моддаи 104 (куштор) парванда боз намуда буд. Тавре шоҳидон мегӯянд, куштори ду муаллима аз тарафи ҳамкори онҳо устоди тарбияи ҷисмонӣ дар заминаи баҳси пулӣ сурат гирифтааст ва куштори муовини мудири мактаб дар пеши чашми кӯдакон сурат гирифт.
Ба ақидаи Қодир Юлдошев, шавҳари Гулнора Юлдошева, муаллими тарбияи ҷисмонӣ аз шӯъбаи маорифи шаҳр 5 ҳазор сомониро бо ҳадафи омода кардани хонандагон ба мусобиқаи варзишӣ гирифтаст, вале ин маблағро ба манфиати худаш сарф кардааст. "Вақте ин муаллим аз хонандагон барои гузарондани сабқат боз 60 сомонӣ талаб мекунад, мудири мактаб мегӯяд, он 5 ҳазор сомониро бо кадом ҳадаф харҷ кардааст? Муаллим дар ҷавоб мегӯяд, ин пулро бо меҳнати худаш ёфтааст ва касе ба ин кордор набошад. Дар ин замина миёни онҳо низоъ ба миён меояд ва муаллим субҳ аз бозор корд мехарад ва огоҳонаву бо бераҳмии хос ин ду хоҳарро ба қатл мерасонад," -- изофа кард ӯ.
Ба гуфтаи Қодир Юлдошев, омӯзгори тарбияи ҷисмонӣ - Юлдош Айматов баъд аз куштор бо суханони “ман ду нафарро куштам ва ба мақсадам расидам” худро ба пулис таслим мекунад. Юлдош Айматов дар гузашта Идораи варзиши ноҳияи Турсунзодаро раҳбарӣ мекард ва замоне сарвари мактаби варзишии ҷавонону наврасон низ будааст. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло аз рӯи ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз шуда тафтишот идома дорад. Дар зимн, таърихи маорифи Тоҷикистон дар даҳсолаҳои ахир чунин ҳодисаро ёд надорад, ки дар ҳузури хонандагони ноболиғ ду омӯзгор қатл мешавад. Вазири маорифи Тоҷикистон ҳам баъд аз ин ҳодиса барои тасаллият бо хонаводаи мақтулон мулоқот кард.
Тафсилоти куштор дар ин видео:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад