Гуфтугӯи коромӯзи "Озодӣ" Фирдавси Низом бо Мирзоҳалим Каримов, нависанда, тарҷумон ва журналисти тоҷиктабори Қирғизистон.
Озодӣ: Пеш аз ҳама мехоҳам ин суолро аз Шумо пурсам, ки соли 2012-и мелодӣ бароятон чӣ соле буд ва чӣ гуна гузашт?
М. Каримов: Соли 2012 бароям соли хеле хубе буд. Маҳсули чандинсолаи ман ба бор омад. Дар ин сол чанд китобам чоп шуд ва корҳоям барор гирифт. Панҷ китобам, аз ҷумла, китоби «Кӯпруки тиллоӣ», ки он ҷамъоварди қариб сисолаам мебошад. Дар он дар бораи одамоне, ки дар дӯстии тоҷику қирғиз саҳм доранд, сухан меравад. Аксари қисмати китоб дар шакли жанрҳои публисистӣ омода шудааст. Китоби дигарам «Касе ки аз муҳаббат тир мехӯрад» ном дорад. Он китоби бадеӣ буда, дар жанри повест эҷод шудааст. Китоби тарҷумакардаи ман аз хатти форсӣ ба забони қирғизӣ, ки насиҳатҳои Имом Ҳумайниро фаро мегирад, низ имсол чоп шуд. Фаъолияти кориам низ бобарор буд. Дар ин сол бо дастгирии нашриёти байналмилали «Алҳудо» маҷаллаи «Адаб» дар Бишкек таъсис ёфт. Он ба се забон форсӣ, қирғизӣ ва русӣ нашр мешавад, ки асосан аз адабиёти форсу тоҷик мавод омода мекунад. Ман тарҷума аз форсӣ ба қирғизӣ ва муҳаррири бахши қирғизиро ба дӯш дорам. Бояд бигӯям, ки ин маҷалла дар Қирғизистон обрӯи зиёд пайдо кард.
Озодӣ: Ин ҳама муваффақиятҳои шумо дар Қирғизистон буд. Оё дар Тоҷикистон ягон китоби шумо ба нашр расид?
М. Каримов: Ростӣ, касе ба ман ин суолро медиҳад, дилам месӯзад. Сабаби асосии аз Тоҷикистон омадани ман ин душмании пинҳонии баъзе «дӯстон» аст. Вақте, ки рӯзномаи «Комунист» кор мекардам, онҳо намехостанд, озодона танқид кунам. Онҳо аз тарси курсӣ ва мансаб воситаҳоеро истифода бурданд, ки дар замистон қаҳратун маҷбуран ба Қирғизистон кӯч бастам. Баъзе онҳо имрӯз ҳам намехоҳанд, ки маро дар Тоҷикистон таблиғ кунанд. Дар 21 соли истиқлолият ягон навиштаи ман дар Тоҷикистон тарҷума ва чоп нашудааст. Шояд матбуоти адабӣ аз тарси ҳаққи қалам талаб кардан намехоҳанд осори бадеиамро нашр кунанд. Бовар дорам, ки дар оянда чуноне, ки ман асарҳои зиёди адибони тоҷикро ба қирғизӣ гардонидам, асарҳои ба қирғизӣ навиштаамро ба тоҷикӣ тарҷума хоҳанд кард.
Озодӣ: Шумо ҳамеша аз худ ҳамчун тоҷик ёд мекунед. Дар шарҳи ҳоли муқоваи китобҳоятон ҳам адиби қирғиззабони тоҷик муаррифӣ шудаед. Дар мусоҳибае дар нашрияи қирғизӣ бо ифтихор гуфтаед, ки “Дили тоҷикамро ба забони қирғизӣ бахшидаам.” Оё фикр намекунед, ки ин қадар аз тоҷик будани худ ёдовар шудан ба мавқеи шумо таъсир гузорад?
М. Каримов: Ман фахр мекунам, ки тоҷик ҳастам ва тоҷикиро хуб медонам. Имрӯз нафароне ҳастанд, ки забонро ҳамчун силоҳи сиёсӣ истифода мебаранд, вале ба ман писанд нест. Забон ин шири модар аст ва кушояндаи дар дунёст. Ман фикр ҳам намекардам, ки дар як кишвари бегона ба чунин обрӯву мартаба сазовор мешавам. Ин ҳамаро ба ман донистани забони қирғизӣ дод. Ба ин восита тавонистам, ки фарҳанги бойи миллати худро ба мардуми қирғиз муаррифӣ кунам ва нишон диҳам, ки тоҷик ҳам қодир аст. Муҳим нест, ки аз кадом миллатӣ, муҳим аз инсонгарӣ бо бохабар будан аст. Агар мани тоҷик бо амалам наметавонистам, дили мардуми қирғизро тасхир кунам, пас на барои қирғизу на барои тоҷик қадр надоштам. Баъд аз одам шудан метавон тоҷику узбаку русу қазоқ шуд.
Озодӣ: Ба ғайр шумо боз нафаре ҳаст пайи тарҷумаи осори бадеӣ аз тоҷикӣ ба қирғизӣ бошад? Умуман тарҷумаи осори адибони тоҷик дар Қирғизистон чӣ гуна аст ва солҳои охир дар ин самт чӣ корҳое анҷом шудааст?
М. Каримов: Баъд аз фурӯпошии ҳукумати Шӯроҳо робитаҳои фарҳангӣ канда шуд. Дигар касе аҳамият намедиҳад, ки адабиёт ин дӯсти муттаҳидкунандаи халқҳост. Дар замони Шӯравӣ ин гуна робитаҳо буданд, чанд нафар аз Қирғизистон ба Тоҷикистон рафта аз он ҷо омада ба кори тарҷумаи адабӣ машғул буданд. Он замон ман 10 повест ва ҳикояҳои зиёде аз тоҷикӣ тарҷума кардам. Ба ғайр аз ман нафарони дигар ҳам буданд, ки як ҳикоя ё повест тарҷума карданду халос. Ман ин иқдомро то имрӯз идома дода, мақолаҳо бисёре ҳам баргардон кардам. Чанде пеш повести “Хубон”-и Меҳмон Бахтиро баргардон ва чоп намудам. Ин охирин намунаи тарҷума аз осори бадеӣ тоҷик ҳаст.
Озодӣ: Фаъолияти кории шумо журналистӣ буд. Аз аввалин нафароне будед, ки проблемаи тоҷикони Қирғизистонро ҳанӯз аз замони Шӯравӣ ба таҳлилҳои матбуотиву радиоӣ кашидаед. Имрӯз ВАО-и қирғиз дар симои тоҷикон киро мебинанд?
М. Каримов: Ман аз ҳолати имрӯзаи ВАО қирғиз ба хуби огоҳам, онҳо дар симои тоҷикон ҳамеша як миллати ҳамтақдир ва дӯсту ҳамсояро мебинанд. Дар бораи диаспораи тоҷикон дар Бишкек низ маводи некбинона дарҷ мекунанд. Бисёр мехонам, ки адибону журналистони қирғизро ҷияни тоҷикон меноманд. Онҳо ҳамсари Қаҳрамони халқии қирғиз Мансаро дар назар доранд, ки тоҷик буд. Дар масоили сиёсӣ низ муносибати Тоҷикистону Қирғизистонро дӯстона арзёбӣ мекунанд. Вале сафирони Тоҷикистон дар Қирғизистон ноӯҳдабароёна кор кардаанду намедонам сафири нав чӣ гуна кор мекунад. Маро, ки журналистони зиёде мешиносанд. Аксари онҳо агар дар бораи тоҷикону Тоҷикистон чизе навиштанӣ бошанд, ҳатман занг зада мепурсанд. Кӯшиш мекунам, ки маслиҳатҳои дуруст диҳам.
Озодӣ: Дар давоми сол аз Қирғизистон ду хабари зидди ҳам расид. Аввал ин ки як тоҷики Қирғизистон ба мақоми вазирӣ расид ва дертар хабар омад, ки ӯро ба ҳабс гирифтаанд. Ин чӣ ҳодиса буд, ба фикри Шумо?
М. Каримов: Шумо Равшанбек Собиров, собиқ вазири рушди иҷтимоиро дар назар доред, ки аз миёни тоҷикон то вазирӣ расид. Ман шахсан бовар надорам, ки ӯ ба ришвахорӣ даст зада бошад. Инро шояд барои мансабаш ё дороӣ, ба чунин бозиҳо гирифтор карданд. Ин хел сиёсатбозиҳо дар ҳама ҷо ҳаст. Ҳоло хушбахтона суд бегуноҳиашро исбот кард ва ӯ ба раҳбарии Иттиҳоди тоҷикони Қирғизистонро идома дода истодааст.
Мирзоҳалим Каримов 29-уми декабри соли 1952 дар ноҳияи Ҷиргатоли Тоҷикистон ба дунё омадааст. Ӯ пас аз хатми мактаби миёна чанд сол дар хоҷагии қишлоқ кор карда, баъдан дар соли 1974 шуъбаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кирғизистонро ба итмом мерасонад. То соли 1988 дар рӯзномаи «Коммунист»-и Ҷиргатол ба ҳайси хабарнигори бахши қирғизӣ фаъолият кардааст. Аз соли 1988 озими Қирғизистон шуда, дар он ҷо ба зиндагӣ ва кораш идома медиҳад. Ҳоло ӯ корманди рӯзномаи расмии «Кыргыз Туусу» ва маҷаллаи «Адаб» дар шаҳри Бишкек аст. Узви Иттифоқи нависандагон ва журналистони Қирғизистон ва муаллифи зиёда аз 15 китобҳои илмӣ, адабӣ ва публиcистӣ аст.