Созиши нави Кобулу Душанбе. Фаҳим: "Ҷанг монеаи ҷиддӣ аст"

Наҷиб Фаҳим

Тоҷикистону Афғонистон барои кумак ба якдигар дар рафъи оқибатҳои офати табиӣ, ба монанди заминларза ё омадани сел, созиш карданд. Ин санад, ки шоми 21-уми август дар Душанбе имзо шуд, имкон медиҳад, наҷотбахшони тоҷик ба минтақаҳои офатзадаи Афғонистон раванд, ё баръакс.

Генерал Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, наҷотдиҳандагони тоҷик метавонанд танҳо ба он минтақаҳои офатзадае раванд, ки зери назорати сохторҳои давлатии Афғонистон аст.

Афғонистону Тоҷикистон 1400 километр марз доранд. Ҳодисаҳои табиӣ дар минтақаҳои сарҳадии яке аз ин кишварҳо метавонад ба дигаре таъсир расонад. Аз ҷумла, тобистони соли 2017 фаромадани сел дар ду мавзеи Дарвози Афғонистон маҷрои дарёи Панҷро баст ва ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғро барои чанд ҳафта ба мушкил рӯбарӯ намуд.

Суҳбати мо бо Наҷиб Фаҳим, вазири ҳолатҳои фавқулодаи Афғонистон низ аз ҳамин ҳодиса шуруъ шуд.

Радиои Озодӣ: Баҳори соли гузашта ду сел аз самти Афғонистон ба қаламрави Тоҷикистон ҳаракат кард ва боис ба хисороти ҷиддӣ шуд. Оё дар мувофиқатнома пешгирӣ аз вуқӯи чунин ҳодисаҳо низ зикр шудааст?

Наҷиб Фаҳим: “Ин як мувофиқатнома аст, ки мавридҳои гуногнуи ҳамкорӣ барои пешгирӣ, расидагӣ ва рафъи оқибатҳои ҳодисаҳои табииро дар бар мегирад. Ин созишномаест, ки шароити пешгирӣ аз ҳодисаҳои зикршуда ва ҳам ҳодисаҳои қобили пешбиниро фароҳам мекунад. Дар маҷмӯъ, наҷотдиҳандагони ду кишвар минбаъд омода ҳастанд дар сурати рух додани ҳодисаҳои табиӣ барои расонидани ёрӣ ба зарардидагон бирасанд.”

Радиои Озодӣ: Барои мисол, агар дар Афғонистон ҳодисаи изтирорие рух диҳад, наҷотдиҳандагони тоҷик метавонанд бе дарёфти виза вориди қаламрави Афғонистон шуда, ба осебдидагон кумак расонанд?

Наҷиби Фаҳим: “Дар чаҳорчӯби ин мувофиқатнома ин мавзӯъ пешбинӣ шудааст. Зеро осебдидагон наметавонанд расидани наҷотдиҳандагонро зиёд интизор шаванд. Мумкин аст, талафот бештар гардад. Ба ин хотир, ду кишвар тасмим гирифтанд дар сурати фаврӣ зарурати дарёфти виза барои наҷотдиҳандагон ё комилан аз байн бурда шавад ё ба сурати оҷил содир шавад. Ҳамчунин барои эъзоми ҳавопаймо барои наҷотдиҳӣ муқаррар шудааст, ки расмиёташ зуд таҳия шавад.»

Радиои Озодӣ: Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон қарор аст дар зудтарин фурсат маркази омӯзишӣ барои наҷотбахшонро таъсис диҳад. Оё тибқи ин мувофиқатнома омӯзиши наҷотбахшони афғон дар ин марказ дар назар аст, ё не?

Наҷиб Фаҳим: «Бале, яке аз нуктаҳои аслии мувофиқатнома марбут аст ба масоили омӯзишӣ. Ҳатто пешбинӣ шудааст, ки ҳарду ҷониб дар сурати зарурат метавонанд давраҳои омӯзишии муштарак баргузор карда, мураббиёнро дар ихтиёри якдигар гузоранд.»

Радиои Озодӣ: Ҳоло дар бораи эҳтимоли эъзоми наҷотбахшон ба маҳалҳои офатзада изҳори назар кардед. Оё имкон дорад, ки дар сурати зарурӣ наҷотбахшони тоҷик ба минтақаҳое фиристода шаванд, ки зери назорати шӯришиён қарор доранд?

Наҷиб Фаҳим: «Албатта, барои кумакрасонии оҷил ҷанг монеаи ҷиддӣ аст. Мавқеи давлати Афғонистон ин аст, ки наҷотбахшон бояд ҳадди имкон ҳатто ба минтақаҳое эъзом шаванд, ки таҳти назорати мухолифони мусаллаҳ аст.»