Суҳбат бо Мансур шоми 15-уми август дар Боғи ба номи Садриддин Айнии пойтахт осон набуд, чун ба дидану пурсиданаш чанде аз сокинону хабарнигорони дигар низ ҷамъ омада буданд. Онҳо ҳар лаҳза ишора мекарданд, ки навбаташон расидааст ва гоҳе мехостанд, суҳбатро бибуранд.
Дар понздаҳ соли ахир ин сафари чаҳоруми Мансур ба Тоҷикистон аст. Вай бори аввал соли 2004-ум дар Душанбе барномаи ҳунарӣ иҷро кард ва солҳои 2011 ва 2014 низ барои иштирок дар маъракаҳои наврӯзӣ дар Тоҷикистон буд. Интизор меравад, Мансур Ҷаъфарӣ дар ҷашнвораи "Dushanbe Summer Fest-2019", ки рӯзҳои 17 ва 18-уми август дар Наврӯзгоҳи Душанбе баргузор хоҳад шуд, барнома иҷро кунад.
Радиои Озодӣ: Аз омадани Шумо ба Тоҷикистон бисёре аз дӯстдорони мусиқӣ шоданд, вале мешавад пурсид, ки чаро солҳои охир овозхонҳои эронӣ ҳарчӣ камтар ба Тоҷикистон меоянд? Сафари онҳо ба кишварҳои дигар, барои намуна Гурҷистон ё Туркия қариб ҳармоҳа аст, ба Тоҷикистон гаҳ-гоҳе. Сабаб чист?
Мансур: "Ба он кишварҳо ба назди муштариёни форсизабони эронӣ мераванд. Онҳо ба саёҳат рафтаанд. Дар Тоҷикистон бояд барои худи тоҷикон бихонанд, чун муштарии эронӣ кам меояд. Бояд худи мардум алоқа дошта бошанд ва овозхонҳоро биёранд. Шумо бигӯед, ки фалониҳоро бигиред ва биёред. Мутаваҷҷеҳ мешавед, чӣ мегӯям? Онҳо ба хотири сайёҳони эронӣ дар шаҳрҳои дигар бештар барнома иҷро мекунанд. Инҷо бояд худи тоҷикон дархост бикунанд, ки мо ин барномаҳоро дӯст дорем."
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Радиои Озодӣ: Аз шоирон ва хонандагони тоҷик киҳоро мешиносед ва аз ашъори кадоме таронае доред? Бо кадоме аз сарояндагон ҳамсадо будан мехостед?
Мансур: "Ҳанӯз бо ҳеч азизе роҷеъ ба овозхонӣ сӯҳбати хос накардам, вале иншоаллоҳ як лист (рӯйхат) дорам. Алъон дар ёдам нестанд, вале номашонро навиштаам. Иншоаллоҳ, бо онҳо иртибот хоҳам кард, то як суруди тоҷикӣ иҷро кунам."
Радиои Озодӣ: Солҳои зиёд дур аз Ватан зистан ба Шумо ва дигар ҳунармандони эронӣ чӣ таъсире доштааст?
Мансур: "Хеле сахт аст. Мо ба забоне овоз мехонем, ки наметавонем бо мухотабони худ бароҳатӣ дар иртибот бошем. Касе, ки дар ин мавқеият набошад, дарк намекунад, барои мо чӣ монеаҳое вуҷуд дорад."
Радиои Озодӣ: Як тарона доред ба номи "Озодӣ" ва бархе гумон мекунанд, онро ба Радиои Озодӣ бахшидаед, чун як радиои байнулмилалӣ ва пайвандгари тоҷикону форсизабонони ҷаҳон аст. Шояд таронае барои ин Озодӣ ҳам бихонед?
Мансур: "Хондем" (чанд банди таронаро якҷо бо Афсона Акобиршоева мехонад).