Охирин омодагиҳо ба ҷашни 3-ҳазорсолагии Ҳисор

​Мақомоти расмии Тоҷикистон мегӯянд, ки 27 октябр сеҳазорсолагии Ҳисор таҷлил хоҳад шуд. Ба ин муносибат, қарор аст, чанде аз иншооти тозабунёд дар ин ноҳия мавриди истифода қарор бигиранд.

Мақомоти расмии Тоҷикистон мегӯянд, ки 27 октябр аз сеҳазорсолагии ноҳияи Ҳисор таҷлил мешавад ва ба ин муносибат чанде аз иншооти тозабунёд мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳанд гирифт. Яке аз чунин иншооти ҷашнӣ чойхонаи "Харбуза" будааст, ки бар асоси иттилои расонаҳо бо харҷи беш аз як миллион сомонии Муродалӣ Алимардон -- раиси "Агроинвестбонк" сохта шудааст. Ин чойхона аз ду ошёна иборат буда, ошёнаи дуюмаш шакли харбузаро дорад ва дар як вақт метавонад ҳудуди 6 ҳазор нафарро дар худ бигунҷонад.

Ба қавли бостоншиносон Ҳисор мисли имрӯз ҳамеша бо таҳаввулот ва бунёдкориҳои аз ҷиҳати меъморӣ нодираш вирди забонҳо будааст. Ин минтақа ҳамеша чун маркази тиҷорату зироат шинохта шуда, роҳи Абрешими бузург аз инҷо мегузаштааст ва олимон ин ҳамаро дар рамзи ҷашнии Ҳисор мунъакис кардаанд.

Бостоншинос Саидмурод Бобомуллоев мегӯяд, соли 1956 дар ин водӣ дар сутунҳои таърихӣ рамзҳоеро кашф кардаанд, ки расми уқобу шерро доштааст. "Азбаски инҷо сарзамини зархез аст, ба он аксҳои офтоб, пахта ва гандумро илова намудем ва чун рамзи се ҳазорсолагии Ҳисор қарор додем". Ҳайдаршо Пирумшоев, профессори илми таърих, низ гуфт, дар давраи аморати Бухоро, борҳо саноатчиёни рус омада дидаанд ва қайд кардаанд, ки Ҳисор рӯзидиҳандаи қариб ҳамаи Бухорои Шарқист. Чунки, ба гуфтаи ӯ, "иқлими бисёр хуб барои зироаткорӣ дорад".

​Дар ин замина чанде пеш олимону пажуҳишгарони 14 кишвари ҷаҳон дар як ҳамоиш бахшида ба ин ҷашн зикр карданд, ки Ҳисор бо таърихи 3-ҳазорсолааш дар тамаддуни Осиёи Марказӣ ҳамчун маркази муҳими фарҳангӣ ва мадании минтақа маҳсуб меёбад. Иброҳим Худоёр, пажӯҳишгари эронӣ, аз Ҳисор ба унвони “Бухорои бузург” ном бурд ва гуфт, "ин минтақа дар асри бист ҳадяи бузургеро барои форсзабонон дод, он як Бухорои дигар бо номи Душанбе аст. Яъне ба ин мазмун метавонем, ки Ҳисорро бар замми бостонӣ буданаш таърихсоз низ бигӯем."

Ҳисор дар 20-километрии ғарби пойтахти Тоҷикистон ҷойгир аст ва дар қисми 5 километрии ҷанубии ин ноҳия Қалъаи овозадори Ҳисор воқеъ аст. Бо он ки Қалъаи Ҳисор таърихи сеҳазорсола дорад ва бозёфтҳои пурарзиши қадимие дар он кашф шудаанд, боз ҳам ин мероси таърихӣ аз назари пажуҳишгарони байнулмилалӣ дур мондааст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Охирин омодагиҳо ба ҷашни 3-ҳазорсолагии Ҳисор

Франсис Ричард, олими фаронсавӣ мегӯяд, "дар тааҷҷуб ҳастам, ки барои чӣ дар зикри сарчашмаҳои ёдгории Ҳисор маълумот умумӣ ҳастанду кам. Мисли ин ки шояд дар он вақт муаррихони маҳаллӣ кам буданд ва ман имрӯз барои таҳқиқи тоблуи зиндагии ин сарзамин кӯшиш ба харҷ медиҳам, то ҷойгоҳи онро барои ҷаҳониён маълум созам."

Дар рӯ ба рӯи Қалъа осорхонаи таърихии Қалъаи Ҳисор мавҷуд аст ва дар давраҳои бостон ин ҷо мадраса буда, фарзандони шахсони сарватманди ҳамон замон дар инҷо таҳсил менамуданд. Дар ин мадрасаи ибтидоӣ толибилмон забонҳои арабию форсӣ, Қуръону шарҳи он, ибтидои мантиқ, фалсафа ва шариатро омӯхта, бадан барои идомаи таҳсил ба мадрасаҳои Бухоро мерафтаанд.

Ҳоло ин мадраса осорхонаи таърихии Қалъаи Ҳисор буда, дар он бозёфтҳои нодир ҳифз мешаванд. Қарор аст, ЮНЕСКО қалаи Ҳисорро ҳамчун мероси таърихии ҷаҳонӣ эътироф кунад ва таҳти ҳифозати худ бигирад.