Масъулони соҳаи тандурустии Тоҷикистон мегӯянд, шумори ҳарчӣ бештари ҷавонон бо шикоят аз бемориҳои қалб ба пизишкон муроҷиат мекунанд.
Бино бар маълумоти пизишкони Маркази бемориҳои қалб дар Душанбе, танҳо дар 11 моҳи соли равон наздик ба 8 000 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба бемориҳои дил гирифтор шуда, зиёда аз 30 дарсади онҳо аз сактаи қалб бистарӣ гаштаанд. Агар дар даҳаи гузашта бештар солмандон мубталои ин амроз мешуданд, аксари кулли беморони соли ҷорӣ, ба ҳисоби миёна, аз 25 то 40-сола будаанд.
Миралӣ Шоҷонов, муовини сардори Маркази бемориҳои қалб дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ аз он изҳори таассуф кард, ки синни гирфторорони бемории қалбӣ рӯз аз рӯз ҷавонтар мешавад, ки аз номӯътадилии авзоъ хабар медиҳад. Ба гуфтаи ҷаноби Шоҷонов, ҳоло падидаи муқаррарӣ шудааст, ки ба 25 то 28-сола низ ташхиси бемории дил дода шавад. Ҳол он ки, ба гуфтаи муовини раиси Маркази бемориҳои қалб дар Тоҷикистони даврони Шӯравӣ асосан одамони аз 40-сола боло ба бемориҳои қалбӣ гирифтор мешуданд.
Сабабҳои афзоиши бемориҳои дил дар миёни ҷавонон ҳамаҷониба пажӯҳиш нашудаанд, вале Миралӣ Шоҷонов мегӯяд, яке аз сабабҳои маъмулии гирифторӣ ба бемории қалб хӯрду хӯроки нодуруст аст. Аммо ин дар ҳолест, ки бештари беморони қалб сабаби гирифтор шуданашон ба ин бемориро дар ҳолати афсурдагӣ, стресс, зиёд фикр кардан сари мушкилоти зиндагияшон будааст.
Яке аз онҳо, Гавҳарбӣ Имомова мегӯяд, то то замони муҳоҷир шудани духтару писар ва набераҳояш ба Русия аслан бемории қалб надошт: «Аз ғаму дарди дурии писаронам ба фишору сактаи қалб гирифтор шудам. Вақте мушкиле пеш меояд, ягон нафар аз писаронам дар наздам нест, то каме роҳат бошам. Аз пастии зиндагӣ ду писарам ҳатто ҷанозаи падарашонро дида натавонистанд.»
Зулфия Расулова, низ зани 50-сола, ки 8 рӯз инҷониб дар Маркази бемориҳои қалб бистарӣ аст, мегӯяд сабаби баландии фишори хунашро табибон дар зиёд асабонӣ шуданаш дидаанд. Хонум Расулова мегӯяд, зиндагияш чандон бад нест, ҳама фарзандонаш дар наздаш мебошанд, аммо боз ҳам табибон сабаби бемор шуданашро дар зиёд асабӣ ва зиқ шудан маънидод кардаанд: «Наздики 8 сол мешавад бемории қалбам. Ҳар замон табобат карда мегардам. Пас аз табобат гирифтанам як муддат хуб мешавам, аммо боз такроран бемор мешавам. Баъдан сабаби дигари бемор шуданамро аз ҳисоби дарди гурдаҳоям низ гуфтанд.»
Ҳарчанд пизишкон сабаби асосии бемориҳои қалбро дар Тоҷикистон фақру асабонияти зиёди шаҳрвандон унвон мекунанд, аммо иддаи дигаре барин боваранд, ки кашидани сигор, нашъамандӣ ё истеъмоли беҳисоби шароб низ яке аз сабабҳои бемориҳои дил мешавад.
Шарифҷон Содиқов, раҳбари Маркази бемориҳои қалб дар шаҳри Истаравшан гуфт, ки дар натиҷаи гузаронидани мониторинг миёни аҳолӣ ҷиҳати ҷилавгирӣ аз бемориҳои дил шумораи гирифторшудагон дар ин ҷо хеле коҳиш ёфтааст. Ба қавли ҷаноби Содиқов солҳои қаблӣ сабаби беш аз 40 дарсади бемориҳои қалбӣ кашидани сигор буд, ки ҳоло он 18 дарсад кам шудааст.