Н.Абдуллоев: Додгоҳу додситонӣ баробар бошанд

Раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон мегӯяд, дар мурофиаҳои додгоҳӣ бояд ҳама тарафҳо ҳуқуқи баробар дошта бошанд.
Нусратулло Абдуллоев, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон гуфт, лағви дахлнопазирии додрасҳо мустақилияти додгоҳҳо ва ҳамзамон низоми демократии Тоҷикистонро таҳти суол мебарад. Вай гуфт, ин тағйиру иловаҳо ба додситониҳо бартарӣ медиҳанд ва дар мисоли парвандаҳои шаҳрвандӣ дида мешавад, ки додситонӣ, умдатан аз як тарафи баҳс ҷонибдорӣ мекунад ва назорати бештари он бар додгоҳ, ҳуқуқҳои ҷониби дигарро маҳдуд хоҳад сохт:
«Аз ҳамон оғоз чандин маротиба пешниҳод кардем, ки ба санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки додгоҳ қабул мекунад, додситонӣ ҳамчун тарафи баробарҳуқуқи баҳс шикоят орад, на эътироз. Яъне додситонӣ ҳам як ҷониби бо дигарон баробарҳуқуқи баҳс аст, монанди даъвогар, ҷавобгару ҳамҷавобгарҳо, ки бевосита дар баррасии ин ё он парвандаи шаҳрвандӣ иштирок мекунад


Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Раиси Додгоҳи олӣ дар мавриди лағви масунияти додрасҳо



Нусратулло Абдуллоев, раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон

Моҳи майи соли равон парлумони Тоҷикистон дар 6 санади қонунгузорӣ, аз ҷумла қонунҳои конститутсионии «Дар бораи мақомоти прократураи Тоҷикистон», «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия» ва «Дар бораи судҳои Тоҷикистон», тағйиру иловаҳо ворид кард, ки тибқи он, аз ҷумла иҷозаи боздошти додрасҳо ба дасти Додситонии кулл хоҳад буд.

Мақомот мегӯянд, ин тағйиру иловаҳо дар пайи иҷроиши марҳалаи дуввуми ислоҳоти додгоҳию ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон, ки имсол ба анҷом мерасад, ба миён омаданд. Ҷумъахон Давлатов, мушовири ҳуқуқӣ ва ҳам намояндаи раисҷумҳури Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон, ки дар нишасти матбуотӣ раиси Додгоҳи Олиро ҳамроҳӣ мекард, гуфт, баҳси дахлнопазирии ин ё он мақомро созмонҳои байнулмилаливу хориҷӣ ҳам таъкид мекарданд:

«Фақат ин, ки бархе созмонҳо мегуфтанд, ки дахлнопазирӣ ҷорӣ карда шавад, бархеи дигар мегуфтанд, ки дахлнопазирӣ бардошта шавад. Ҳатто ҳоло аз дохил таҳти фишор ҳастем. Масалан, Палатаи ҳисоб талаб дорад, ки ба кормандонаш дахлнопазирӣ дода шавад. Аммо ҳадафи мо дар оянда пурра аз байн бурдани дахлнопазирӣ аст. Ҳеҷ кас набояд аз каси дигар фарқ карда истад.»

Дар посух ба ин суол, ки чаро созмонҳои байнулмилалӣ хостори ҷорӣ кардан ё баръакс лағв кардани дахлнопазирӣ ҳастанд, корманди яке аз созмонҳои байнулмилалӣ гуфт, ки пешниҳодҳои ин созмон танҳо ба ҳукумат рабт дорад ва онҳо барои нашр нестанд.

Ҷумъахон Давлатов, мушовири ҳуқуқӣ ва намояндаи раисҷумҳур дар МН

Коршиносон ин тағйирро кӯшиши маҳдуд кардани мустақилияти додгоҳ ҳамчун шохаи алоҳидаи ҳокимият унвон карданд, ҳол он, ки тибқи моддаи 87-и Сарқонуни Тоҷикистон, «додрасҳо дар фаъолияти худ мустақил буда, танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат мекунанд» ва ҳам «дахолат ба фаъолияти онҳо манъ аст».

Ҳуқуқшинос Хайрулло Ғафуров мегӯяд, агар ба қонуни судҳои Тоҷикистон чунин тағйиру иловаҳо ворид шудааст, ба маҳдудияти додгоҳҳо намеорад: «Сарқонун додгоҳҳоро мустақил эълон кардааст ва ин моддаи он дар ҳоле тағйир меёбад, ки низоми давлатдории Тоҷикистон ҳам тағйир ёбад, масалан, автократӣ, ё дигар сохт шавад. Аммо ҳоло, ки додгоҳҳоро як мақоми дигар назорат мекунад, ин ба хотири ҷилавгирии қонуншиканиҳо аз сӯи онҳо аст.»

Иддае дигар аз коршиносон мегӯянд, тағйироти ахир дар бораи ба зиммаи додситонӣ гузаштани иҷозаи боздошти додрасҳо агар дар як кишвари мутамаддин иттифоқ меафтод, мешуд гуфт, ки он ба хотири танзими фаъолияти додрасҳост, аммо дар Тоҷикистон ин тағйирро ба маънои таҳти назорати додситонӣ қарор гирифтани додгоҳҳо мефаҳманд.