Даҳони пӯшидаи мансабдор - 100 тило?

Раҳмонқул Давлатов

Аз вазорат ба шӯъбаи умури дохилаи Панҷакент "бадарға" шудани Раҳмонқул Давлатов барои мансабдорони дигар дарс шуд, ки "забони сурх сари сабз медиҳад ба бод."
Сардори собиқи раёсати амнияти дохилии вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Раҳмонқул Давлатов таъиноти нави худро шарҳ намедиҳад, вале чанде аз коршиносон ва расонаҳои ахбори ом мегӯянд, Давлатов пас аз баҳсаш бо мушовири раисҷумҳур ва дабири Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсия ба мансаби поинтар ва ҷое дуртар аз пойтахт “афканда” шуд.


Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Даҳони пӯшидаи мансабдор - сад тило?



Ин баҳс рӯзи 2-юми июл ҷараён ёфта, Давлатов дар он исрор варзид, ки афроди нолоиқ ва ҳатто онҳое, ки аз милиса бо иттиҳоми фасод ронда мешаванд дар Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон ҷои кор меёбанд. Дар ин баҳс ӯ ба «дасти пок» доштани қариб 90 дарсади кормандони ниҳоди зидди фасод шубҳа кард. Давлатов ба ҳайси намуна аз собиқ сарвари шӯъбаи милисаи ноҳияи Рӯдакӣ Баҳром Шокиров ном бурд, ки ба гуфтаи ӯ пас аз ифшои ҷурмаш аз вазифа барканор шуд ва хеле зуд ба корманди Оҷонсии мубориза бо коррупсия табдил ёфт.

Дар рӯзи эълони таъйиноти наваш аз ҷаноби Давлатов нақши ин баҳсро дар сарнавишти ӯ суол кардем. Вай иқрор кард, ки дар он баҳс воқеиятро гуфта буд, аммо онро бо вазифаи наваш рабт надод. Шахсе, ки яке аз мансабҳои муҳим ва назоратии вазорати корҳои дохилиро ишғол мекард, акнун сарвари милисаи ноҳияи Панҷакент аст ва мегӯяд: «Мо нафарони низомӣ сарбози Ватан ҳастем. Ҳар куҷо фиристанд, бебаҳс меравем. Чун зарур донистанд, моро бо хоҳиши худамон таъин карданд. Фақат медонем, ки ҳар куҷое наравем, дар хизмати Ватан ҳастем, ҳар куҷои Тоҷикистон, ки набошад.»

Аммо онҳое, ки аз берун ба ин тағйироти кадрӣ нигоҳ мекунанд, бар инанд, ки агар Давлатов чунин баҳсеро ба миён намеовард, ба як ноҳияи дурдаст ва пур аз мушкилот фиристода намешуд. Ин ҳам дар ҳоле ки ӯ бо афроди раддаи аввали ҳукумати кишвар қаробати хешовандӣ дорад. Ва, ба гуфтаи чанде аз журналистон, Давлатов дар поёни он баҳс худ иқрор кардааст, эҳтимол бо пайомадҳое рӯбарӯ хоҳад гашт.

Сарнавишти Давлатов мансабдорони дигареро ба ёд овард, ки пас аз баёнияҳои танқидӣ ё пурсарусадо ба вазифаҳои поинтар "бадарға" шудаанд. Коршиносон мегӯянд, чунин мансабдорон бо “ёрӣ”-и афроди наздик ба раисиҷумҳур мавриди нохушояндӣ ва коҳиши эътимод қарор меёбанд.



Сӯҳроб Шарифов

Сӯҳроб Шарифов раиси Маркази мутолиоти стратегии вобаста ба раёсатҷумҳурӣ буд. Вай боре дар бораи фарзандони раисиҷумҳур сӯҳбат кард ва дар чанд мавзӯъи дигар низ суханони ҷасурона гуфт ва дар натиҷа ба Маҷлиси намояндагон "фиристода" шуд. Суханони баъдинаи ӯ дар ҷашни ҳизби наҳзати исломӣ вокуниши шадиди нашрияҳои давлатиро ба вуҷуд овард.

Ду рӯз сархатиби масҷиди марказии ноҳияи Восеъ Ҳоҷӣ Убайдулло Ҳасанов, ки дар мулоқоти раисҷумҳур бо рӯҳониён аз мушкилот ҳарф зад, низ аз мақомаш барканор шуд. Вай мегӯяд, хоҳиши мардумро ба президент расонда буд ва натиҷаашро ҳам дид: «Аммо ин ҷо ба ман гуфтанд, ки моро шарманда кардӣ, ки масҷид надорем. Рӯзи шанбе буд. Ва рӯзи якшанбе дар як масҷиди ҷомеъ аз 12 имомхатиби масоҷиди ҷомеъ дар Восеъ панҷ нафар ҷамъ омада, маҷлис баргузор карданду ҳатто фикри маро нашунида, нафари навро таъин карданд.»

Раҷаби Мирзо, сарвари Маркази таҳлилии «Бозтоб» мегӯяд, низоми мавҷуда дар Тоҷикистон интригаҳои зиёд дорад, чун рақобати воқеӣ нест, рақобат миёни гурӯҳҳо ва шахсиятҳо иттифоқ меафтад ва дар ин байн ин ё он нафар қурбон мешавад: «Ҳамон ҳикмати маъруфи русӣ – «Инициатива – наказуема» - ташаббус муҷозотшаванда аст, ба хотир меояд, ки агар як нафар ҳақиқатро барои беҳбуди вазъу кор ва рушди ҷомиа гӯяд, гурӯҳҳои мавриди назар ҳассос мешаванд ва аз вазъ сӯистифода мекунанд. Ин хоси кишварҳои вомонда ва диктаторӣ аст.»

Ба ақидаи коршиносон, чунин бархӯрд ба талошҳои ислоҳи вазъ сабаби он мешавад, ки мансабдорон аз гуфтани воқеиятҳо худдорӣ кунанд ва мақоли «даҳони пӯшида – сад тилло» - ро шиори худ қарор диҳанд.