"Об мерасад, вале на ба ҳама." Ҳаёти деҳқонони тоҷик дар соҳили дарёи Сир

Мавсими хушк кардани зардолу. Суғд, 15-уми июни соли 2024

Дарёи Сир (Сайҳун) рӯди калонтарини Осиёи Марказӣ аст, ки аз чаҳор кишвар – Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбекистон ва Қазоқистон – гузашта, дар охири роҳ ба баҳри Арал мерезад. Хабарнигорони Радиои Озодӣ ба минтақаҳое рафтанд, ки маҷрои дарёи Сир ва шохобҳояш аз он ҷо мегузарад.

Вилояти Суғд дар шимоли Тоҷикистон аз нигоҳи кишоварзӣ рушд кардааст. Сабаби асосӣ ҳам ин аст, ки дарёи Сир (Сайҳун) аз ҳамин минтақа мегузарад. Ин ҷо тӯли дарё 114 километр аст ва мардум дар канори он биринҷу пахта мекоранду чорво мепарваранд. Дар ин қисмати тоҷикистонии дарёи Сир нерӯгоҳҳои барқи обии "Қайроққум" ва "Фарҳод" фаъоланд. Кишоварзони тоҷик дар соҳилҳои Сир чӣ рӯзу рӯзгор доранд?

Канори дарёи Сир. Хуҷанд, 17-уми июни соли 2024

“ИМСОЛ ПУЛИ ОБ 150% АФЗУД”

Соат чоруними саҳар. Офтоб ҳанӯз набаромада, мо аз Хуҷанд –маркази маъмурии вилояти Суғд – ба сафар баромадем. Бояд то шурӯи гармои шадид бо деҳқонон суҳбат кунем. Кишоварзон маъмулан талош мекунанд, то нимрӯзӣ тамоми корҳои худро анҷом диҳанд.

Соҳилҳои Сирдарё дар вилояти Суғд қариб ҳама ба киштзорҳо табдил ёфтаанд. Сокинони Тоҷикистон, кишваре, ки 93 дар сади он кӯҳистон аст, қадри замини ҳосилхезро медонанд ва кӯшиш мекунанд ҳар қитъаи замини киштро ба манфиат истифода баранд. Мо роҳи ноҳияи Спитаменро пеш гирифтем, ки дар сарҳад бо Узбекистон аст ва аксари деҳқонон он ҷо пахта мекоранд.

Майдони шоликорӣ дар канори дарёи Сир. Суғд, 15-уми июни соли 2024

Барои Фаррух Забитов, мудири хоҷагии деҳқонии “Фариза”, бахт омад кардааст. Заминҳои ӯ дар қисмати поёнӣ ҷойгир буда, ба соҳили Сирдарё бисёр наздиканд. Вай ба фарқ аз деҳқонони минтақаҳои баландкӯҳ мушкили об надорад. Дар умум кори ӯ ва кишоварзони дигар дар ин минтақа ҳам бемушкил нест. Мушкили асосӣ ин нархи обу нуриҳои минералӣ аст.

Замини пахта. Суғд, 15-уми июни соли 2024

“Соли равон нархи об 150 дар сад зиёд шуд. Агар пештар барои як соат обрасонӣ ба замини кишт 20 сомонӣ (тақрибан 1,8 доллар) медодем, имсол 50 сомонӣ (4,7 доллари ИМА) медиҳем. Дар айни замон нархи пахта бисёр арзон шуд ва пахтакорӣ фоидаовар нест. Се сол пеш як кило пахта ба 15 сомонӣ (1,4 доллар) фурӯхта мешуд. Соли гузашта мо бо 5-6 сомонӣ барои ҳар кило фурӯхтем. Агар имсол ҳадди ақал ба 10 сомонӣ фурӯхта тавонем, хуб мешавад,” – гуфт Фаррух Забитов.

Тавлиди пахта яке аз муҳимтарин бахшҳои иқтисоди Тоҷикистон аст. Баъзе аз коршиносон коҳиши нархи пахтаро ба ҳамлаи Русия ба Украина ва таҳримҳо рабт медиҳанд. Русия, ки аз харидорони аслии пахта буд, ба далели мушкил дар содирот ба кишварҳои дигар, акнун ашёи хомро кам мехарад.

“Нархи нуриҳо, об ва замин гарон мешавад. Бисёр мушкил шудааст. Барои онҳое, ки дар ноҳияҳои кӯҳӣ кор мекунанд, боз мушкилтар аст. Дар онҷо об мерасад, аммо на ба ҳама,” -- гила кард Фаррух Забитов ва боз аз пайи кори худ дар замин шуд. Тобистон барои деҳқонон ҳар дақиқа муҳим аст.

Фаррух Забитов замини пахтаашро нишон медиҳад. Суғд, 15-уми июни соли 2024

Дар Тоҷикистон қариб аз ҳар деҳқон мешунидем, ки мегуфт “пахтакорӣ фоидаовар нест. Андоз (молиёт)-и замин боло рафта, обу нуриҳои минералӣ гарон мешаванд. Аммо пахта бо нархи ночиз савдо мешавад.”

Аксар деҳқонон коргарони собиқи колхозу совхозҳои хоҷагии қишлоқи даврони Шӯравӣ ҳастанд. Вақте колхозҳо аз кор монданд, давлат заминро ба деҳқонон дод. Онҳо заминро барои дарозмуддат ба иҷора гирифтанд.

Дар наздикии нерӯгоҳи "Фарҳод". Суғд, 15-уми июни соли 2024

Абдулло Ниёзов, яке аз кишоварзонест, ки 30 сол боз боғдорӣ мекунад. Ӯ ду замини кишт дорад, дар яке пахта коридааст ва дар дигаре дарахти зардолу парвариш мекунад. Абдулло Ниёзов иқрор мешавад, ки агар давлат иҷоза медод, ӯ дар ҳарду замин зардолу мешинонд, зеро он даромади бештар дорад. Ба фарқ аз пахта барои дарахтони зардолу нигоҳубини зиёд зарур нест ва оби бисёр ҳам талаб намекунаду нархи ин мева дар шакли тар ва хушк ҳеч гоҳ поин намеравад.

Дар замини Абдулло 25 дарахти зардолу аст. Обро аз наҳре мегиранд, ки ба он аз дарёи Сир об мерезад. Дар ҷамъоварии зардолу ҳама оилаи ин кишоварз ширкат мекунанд. Онҳо аз субҳ то шом зардолу мечинанд ва ба навъҳо ҷудову хушк мекунанд. Деҳқон мегӯяд, зардолуи ӯ навъи аз ҳама заҳматталаби ин мева аст ва агар саривақту дуруст ҷамъоварӣ ва хушк карда нашавад, зуд вайрон мегардад. Вале зардолуи хушки ин навъ хеле ширин будааст.

Абдулло Ниёзов ҳангоми ҷамъоварии зардолу. Суғд, 15-уми июни соли 2024

“Наҳр ҳаст, насос (обкаш) гузошта шудааст. Ин қитъа аз дарё дуртар аст, барои об бояд пули бештар пардохт шавад. Бинобар ин, коридани бодирингу помидор фоидаовар нест. Беҳтараш зардолу шинонем. Вале боз ҳам харҷ зиёд аст. Обкаш пайваста таъмирталаб мешавад, дастгоҳҳо гаронанд, барои об ҳам бояд пул диҳем. Агар ба зардолу об чандон лозим набошад, пахта оби бисёр зиёд талаб мекунад. Тирамоҳ маълум мешавад, ки мо чӣ миқдор даромадро аз даст медиҳем,” – нақл кард ӯ.

Ба гуфтаи Абдулло, ҳосили пахтаро дар моҳи сентябр ҷамъ меоранд. Соли гузашта ҳар килои пахтаро ба 8 сомонӣ (тақрибан 76 сент) фурӯхта буданд. Маълум нест, ки имсол арзиши он чанд хоҳад шуд. “Агар пахта зудтар ба Русия ва Қазоқистон фиристода шавад, талабот зиёд хоҳад шуд ва нарх ҳам баланд мешавад,” – ибрози умедворӣ кард вай.

Ҷамъоварии зардолу дар вилояти Суғд, 15-уми июни соли 2024

ОБ ДУРУСТ ИСТИФОДА МЕШАВАД?

Дар чойхонае дар соҳили Сир мо бо коршинос Неъматулло Мирсаидов мулоқот доштем. Боди сабуке, ки аз дарё мевазид, ҳавои гарму тафсонро каме салқинтар мекард. Ба гуфтаи ӯ, оби дарёи Сир торафт кам мешавад. Сабаб хушксолӣ, обшавии пиряхҳо ба далели тағйирёбии иқлим ва истифодаи нодурусти об дар хоҷагии қишлоқ махсусан дар пахтазорҳост.

"Оби дарёи Сир баробар ва ҳадафмандона истифода намешавад. Қисмати зиёди онро Туркманистон ва Узбекистон, ки ба фарқ аз Тоҷикистон пахтазорони бештар доранд, истифода мебаранд. Ба фикри ман, як роҳи ҳалли буҳрони об ин кам кардани тавлиди пахта ва гузаштан ба боғдорӣ аст. Бо вуҷуди он ки заминҳо дар Тоҷикистон ба деҳқонон супурда шудаанд, давлат чун пештара амр медиҳад, ки пахта корида шавад. Беҳтар аст, мо пахтаро ба миқдоре бикорем, ки тавони коркардаш дар дохили кишварро дорем. Аммо зоҳиран касе аз харидани маҳсулоти хоми пахта бо нархи ночиз ва фурӯши он дар бозорҳои беруна манфиатдор аст,” – гуфт ӯ.

Рӯзноманигор ва таҳлилгар Неъматулло Мирсаидов. Хуҷанд, 17-уми июни соли 2024

Ба нақли Мирсаидов, истеҳсоли пахта дар Тоҷикистону Узбекистон ва Туркманистон кам шудааст, аммо ҳамоно он аз бахшҳои муҳими хоҷагии қишлоқ ба шумор меравад. Бо ин вуҷуд, меафзояд коршинос, агар ин кишварҳо аз фанновариҳои нави обёрии замин, мисли обдиҳии қатраӣ ё аз борон истифода мекарданд, камбуди об аз байн мерафт.

“Албатта, ин гарон аст, вале дер ё зуд мо бояд ин корро кунем. Ин бояд дар сатҳи ҳукумат роҳандозӣ шавад. Муҳим пул аст. Ба соҳаи хоҷагии қишлоқ бояд сармоягузорӣ кард, вале давлат барои ин пул надорад. Барои рушди кишоварзӣ ва сарфаи захираҳои об бояд ё ягон ниҳоди махсус (класстер) таъсис дода шавад ё аз хориҷа самроягузорӣ гардад. Вале сармоягузорони хориҷӣ ба Тоҷикистон чандон таваҷҷуҳ надоранд, чун замини ин ҷо моликияти шахсӣ нест ва кафолат нест, ки фардо замини маблағгузорикардаи сармоягузори хориҷиро аз дасташ намегиранд,” -- таъкид кард Мирсаидов.

Пахтазор. Суғд, 15-уми июни соли 2024

Дар баробари камбуди маблағгузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ андозҳо ҳам боло мераванд ва ин кори деҳқононро сахту мушкил кардааст. Неъматулло Мирсаидов гуфт: “Бале, меъёри андоз баланд аст. Баъзан нозирони андоз аз соҳибкорон пешпардохт талаб мекунанд. Ин на танҳо монеи рушди соҳаи хоҷагии қишлоқ,балки дар маҷмуъ соҳаи тиҷорат дар кишвар мешавад. Баъзе навъи андозҳо чандон зиёд нестанд, мисли андоз аз об. Бисёре аз деҳқонон шикоят мекунанд, ки барои об харҷи зиёд доранд. Вале агар мо нархи худро ба нархҳои ҷаҳонӣ муқоиса кунем, ин аслан зиёд нест. Мардум ба пардохти пули об одат накардаанд, барои ҳамин, фикр мекунанд ин зиёд аст.”

“БАҲРИ ТОҶИКВА НЕРӮГОҲИ ФАРҲОД”

Дар вилояти Суғд ду нерӯгоҳи барқи обӣ аз дарёи Сир об мегиранд. Нерӯгоҳи “Фарҳод” ва “Қайроққум”. Нерӯгоҳи “Фарҳод” аз Узбекистон аст ва соли 1947, вақте ҳанӯз байни кишварҳои Иттиҳоди Шӯравӣ баҳси қаламраву замин вуҷуд надошт, дар ҳудуди Тоҷикистон сохта шуда буд. Аз оғоз дар нерӯгоҳи барқи обии “Фарҳод” муттахассисони узбек кор мекарданд. Баъд аз пошхӯрии Шӯравӣ байни Тоҷикистону Узбекистон баҳсҳо атрофи ин иншоот сар шуд.

Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ Тоҷикистон назорати нерӯгоҳро зери дасти худ гирифт. Дар посух ба ин ҷониби Узбекистон рустоҳои наздимарзӣ ва ноҳияи Спитаменро аз барқу обу газ маҳрум кард. Муноқиша бе хунрезӣ анҷом ёфт ва нерӯҳои Тоҷикистон ҳаққи назорати нерӯгоҳро ба Узбекистон баргардонданд.

Ин баҳс ба таври пурра соли 2018 ниҳоӣ шуд. Он сол Тоҷикистону Узбекистон созишномаеро имзо карданд, ки тибқи он дар 49 соли оянда амнияти нерӯгоҳи барқи обиро ҷониби Тоҷикистон таъмин мекунад ва кори он аз ҷониби Узбекистон идора хоҳад шуд.

Хатҳои баландшиддати барқ

Ҳоло дар сарҳади Тоҷикистону Узбекистон узбектаборони зиёде зиндагӣ доранд. Онҳо бо забони тоҷикӣ хуб суҳбат мекунанд (тоҷикони маҳаллӣ ҳам узбекиро медонанд). Онҳо чун дигар сокинони Тоҷикистон ба боғдорӣ машғуланд ва Тоҷикистонро ватани худ медонанд.

Озоди 57-сола узбектабор аст. Дар ноҳияи Спитамен таваллуд шудаву ба воя расидааст. Замоне муаллими мактаб буд, вале ба далели маоши ночиз тарки касб кард. Чанд сол боз ба обёрӣ ё корҳои вобаста ба об машғул аст. Кори обкашҳоеро назорат мекунад, ки тавассути он аз Сирдарё ба деҳаҳои баландкӯҳи ноҳия об расонда мешавад.

Дар наздикии нерӯгоҳи "Фарҳод". Суғд, 15-уми июни соли 2024

“Дар мактаб ҳоло мард намондааст. Ҳама занонанд. Сабаб ин аст, ки маош кам аст. Ба ҳисоби миёна ман 700 сомонӣ (тақрибан 65 доллар) мегирифтам. Бо ин пул мард оиларо таъмин карда наметавонад. Барои ҳамин аз мактаб рафтам. Ҳоло дар ин ҷо як рӯз кор мекунаму 3 рӯз истироҳат. Дар хона ҳам замини наздиҳавлигӣ дорам, чорвопарварӣ мекунам,” -- нақл кард муаллими собиқ.

Идораи дастгоҳе, ки тамоми ноҳияи Спитаменро бо об таъмин мекунад, дар ихтиёри Озод аст. Вазифаи Озод аз он иборат аст, ки ҳамаи 6 обкаш дуруст кор кунанд ва дар ҳаҷми зарурӣ об диҳанд. “Занг зада, мегӯянд, ки обро сар деҳ. Ман обкашҳоро ба кор медарорам ва об меравад,” – гуфт Озод.

Озод (аз рост) бо дӯсташ Давлат. Суғд, 15-уми июни соли 2024

“Соли равон оби Сирдарё кофӣ аст. Тобистони соли гузашта об тамоман набуд. Инҷо ҳама чӣ аз барф вобаста аст. Агар дар кӯҳҳо барф зиёд бошад, об ҳам зиёд мешавад. Дарё аз пиряхҳои Қирғизистон, Андиҷону Уш пур мешавад. Вақте об зиёд аст, Қирғизистон оби изофиро медиҳад, вақте кам аст, об додан намехоҳанд. Онҳо ҳам замин доранд. Аввал ҳама чӣ умумӣ буд, сатҳи об ҳам якхела буд. Ҳоло ҳар кас раиси худ аст. Мехоҳанд - медиҳанд, намехоҳанд – не,” -- нақл кард Озод.

Аз ӯ пурсидем, ки оё сокинони маҳаллӣ метавонанд дар нерӯгоҳи барқи обии “Фарҳод” кор кунанд? Ӯ гуфт: “Не, он ҷо танҳо шаҳрвандони Узбекистон кор мекунанд. Онҳо сатҳи интиқоли баробари обро ба нерӯгоҳ танзим мекунанд. Онҷо боз сарбозон меистанд, барои ҳамин сабт кардан мумкин нест, наздик шудан ҳам. Ба ҳар ҳол марз наздик аст ва нерӯгоҳ иншооти стратегӣ аст. Оббозӣ ва моҳигирӣ ҳам он ҷо мумкин нест.”

Ғуруби офтоб. Обанбори "Қайроққум". 15-уми июни соли 2024

Нерӯгоҳи “Қайроққум” дар соли 1957 ба кор сар кард. Иқтидори он танҳо ба талаботи дохилии минтақа мерасад. Ҳарчанд, бино ба нақли коршинос, Неъматулло Мирсаидов, дар давраи бӯҳрони солҳои 2006-2009 минтақаи Суғд танҳо аз ҳамин нерӯгоҳи барқи обии Қайроққум истифода мекард.

Вале обанбори Қайроққум, ки онро “Баҳри тоҷик” ҳам ном мебаранд, барои минтақа аҳамияти бузург дорад, чун дар давраи хушксолӣ он на танҳо минтақаи Суғд, балки кишварҳои ҳамсояро ҳам бо об таъмин мекард. Соли 2021 Тоҷикистон барои Қазоқистон аз обанбори Қайроққум 315 миллион метри мукааб оби изофӣ дод. Тобистони соли 2021 хушксолӣ омад ва дарёи Сир ҳам камоб буду кишоварзон аз ҷануби Қазоқистон маҷбур шуданд аз беобӣ парвариши биринҷро кам кунанд.

"Баҳри тоҷик", 17-уми июни соли 2024

“Баҳри тоҷик” яке аз минтақаҳои сайёҳии шимоли Тоҷикистон ҳам ҳаст. Дар соҳили он маконҳои зиёди истироҳатӣ ва моҳигирӣ мавҷуданд. Атрофи баҳр аз заминҳои кишт иборат аст, ки дар онҳо пахта, биринҷ, бодирингу помидор ва зироатҳои дигар корида мешаванд.

Абдулваҳҳоби 54-сола каме дуртар аз обанбор биринҷ мекорад. 30 садяк ё сотих замин дорад. Аз якуним тонна то 2 тонна биринҷ мегирад. Бахши зиёдашро дар бозор мефурӯшад. Ин деҳқон бо қаноатмандӣ мегӯяд, бо шарофати “Баҳри тоҷик” ӯ даромади доимӣ ва имкони таъмини хонаводаашро дорад.

Абдулваҳҳоб дар канори замини шоликорияш. Суғд, 15-уми июни соли 2024

“Ман биринҷи навъи кенҷа мекорам. Ин биринҷи хурд барои ош олиҷаноб аст. Ҳамсоя биринҷи "Краснодар" мекорад. Биринҷи дарозшакл ва барои ош хуб аст. Ин ҷо аслан ҳама чиз хуб ҳосил медиҳад. Агар хуб нигоҳубин ва сари вақт ба замин нуриҳо дода шавад, ҳосил нағз мешавад. Албатта, барои биринҷ оби зиёд лозим аст, вале ин об боз дубора ба дарё бармегардад. Бе оби зиёд биринҷ корида намешавад,” – гуфт ӯ.

Абдулваҳҳоб орзу дорад, то расидан ба синни нафақа дар қитъаи заминаш кор кунад ва баъд онро ба яке аз фарзандон ё набераҳо супорад. “Муҳим сиҳатӣ бошад ва об хушк нашавад,” -- гуфт ин деҳқон ва аз пайи кораш рафт. Имсол ҳам вай аз киштзораш умеди зиёд дорад.