Федератсияи байналмилалии футбол Эронро барои баргузор кардани маросими мазҳабӣ дар ҷараёни бозии мунтахаби миллии он кишвар бо Кореяи ҷанубӣ, 45 ҳазор франки швейтсарӣ, ҷарима кард.
Бозии Эрон ва Кореяи ҷанубӣ дар варзишгоҳи марказии шаҳри Теҳрон ба рӯзи Тосуъо (нуҳуми моҳи муҳаррами солшумории ҳиҷрӣ-қамарӣ) рост омада буд ва Федератсияи футболи Эрон пас аз эътирози як идда аз рӯҳониён нисбат ба баргузории ин бозӣ дар рӯзи Тосуъо, гуфта буд, ки "мо ҳусайнияи садҳазорнафарӣ дар варзишгоҳи "Озоди"-и ташкил медиҳем."
Ҳамин тавр, қабл аз оғози бозӣ дар варзишгоҳи "Озоди"-и Теҳрон дар таърихи 11 октябри соли ҷорӣ, маросими азодорӣ ва маддоҳӣ ба муносибати шаҳодати Имом Ҳусейн (набераи паёмбари ислом, ки 1400 сол қабл кушта шуда буд), баргузор шуд. Он замон Маҳдӣ Тоҷ, раиси Федератсияи футболи Эрон гуфта буд, ки бо вуҷуди манъи ФИФА дар чаҳорчӯби "маросимҳои марказӣ", кори худро анҷом медиҳад ва омодааст то ҷаримаҳои пешбинишудаи ФИФА-ро бипардозад.
Пеш аз ин Муҳаммадалӣ Муваҳҳиди Кирмонӣ, имоми ҷумъаи Теҳрон аз мақомҳои Федератсияи футбол хоста буд, ки варзишгоҳи "Озоди"-и Теҳронро "сиёҳпӯш" кунанд ва тамошогарон низ ба ҷои каф задан, фарёди "Ё Ҳусейн" сар диҳанд.
Федератсияи байналмилалии футбол маросимҳои мазҳабӣ дар ҳангоми мусобиқаҳои футболро мамнӯъ кардааст.
Федератсияи футболи Эрон пеш аз баргузории ин мусобиқа дар номае ба Конфедератсияи футболи Осиё ва ФИФА талош карда буд, ки вақти баргузории бозӣ миёни Эрон ва Кореяи ҷанубиро аз рӯзи 11 октябр ба 10 октябр тағйир диҳад, аммо ФИФА ва Федератсияи футболи Кореяи ҷанубӣ бо ин мухолифат карданд. Дар ин сабқат мунтахаби миллии Эрон дастаи Кореяи ҷанубиро бо ҳисоби 1:0 шикаст дода буд.