Рӯзи 12 декабр ҳудуди шаст тан аз саррофони нуқтаҳои мубодилаи асъор дар Душанбе ба назди бинои Бонки миллии Тоҷикистон рафтанд, то мушкилоти худро бо масъулон дар миён бигузоранд.
Бонки миллӣ дар охири моҳи ноябр дар пайи якбора боло рафтани қурби доллар дар баробари пули миллии сомонӣ қарор кард, ки тамоми нуқтаҳои ивази асъор дар кишвар баста шаванд. Мақомот ҳадаф аз бастани саррофиҳоро танҳо ба низом даровардани бозори табдили асъори хориҷӣ гуфтанд. Ҳоло мубодилаи асъори хориҷӣ танҳо ба бонкҳо ва ташкилоти қарзӣ дар кишвар иҷозат дода шудааст.
Саидҷалол Ҷалолов, яке аз саррофоне, ки дар мулоқоти рӯзи 12-уми декабр бо муовини раиси Бонки Миллӣ Сироҷиддин Икромзода ширкат дошт, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин масъули бонк онҳоро умедвор кардааст, ки дар сурати ҳамоҳанг шудани фаъолияти саррофиҳо бо Бонки миллӣ, эҳтимол доранд, ки сар аз оғози соли нав, фаъолияти онҳо дигарбора иҷозат дода шавад:
Вай афзуд, ки “мақсади мо аз омадан ба бонк ин буд, ки бифаҳмонем, бастани саррофиҳо сафи бекоронро зиёд мекунад. Аз тарафи дигар, саргардониҳои мардум ҳам зиёд шудааст. Барои дар бонк иваз кардани доллар онҳо маҷбур мешаванд, боз 5-6 сомонии дигар харҷ карда, то он ҷо бираванд. Муовини раиси Бонки миллӣ ҳудуди ду соат бо мо сӯҳбат кард ва гуфт, ки дар фикри боз кардани дӯконҳои мо ҳастанд. Фақат ин ки бояд кори мо шаффоф бошад ва дар ҳамоҳангӣ фаъолият намоем.”
Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали раиси Бонки миллӣ рӯзи 4 декабр зимни нишасти хабарӣ гуфт, ҳадаф аз бастани саррофиҳо на халал ворид кардан ба кори сокинон, балки бештар ба низом даровардани бозори табдили асъори хориҷист. Аммо ҳоло ин саррофон мегӯянд, ки басташавии нуқтаҳои мубодилаи асъор ба кору зиндагии онҳо таъсир расонида ва афроди зиёде, ки ноноварони хонаводаҳояшон мебошанд, бе ҷои кор мондаанд. Ба гуфтаи ин саррофон, ҳоло ҳудуди 3 ҳазор нафар аз ҳисоби ҳамин фаъолият зиндагӣ ва ба ҳисоби миёна 50 ҳазор нафар “нон мехӯранд.”
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Бобоёр Файзалиев, яке аз дигар саррофон мегӯяд, хонаводаи ӯ аз 15 нафар иборат аст ва ҳамин кор ягона манабаи даромадаш буд. Ба гуфтаи вай, бо вуҷуди баста шудани нуқтаҳои мубодилаи асъор, қурби доллар дар бозори сиёҳ аз 7 сомонӣ ва 15 дирами қаблӣ ба 7 сомонӣ ва 30 дирам дакка хӯрдааст. Ин мусоҳиби мо афзуд, саррофиҳо қурби долларро худсарона боло набурда, балки боло рафтани нархи асъори хориҷӣ, талаботи бозор аст.
Ба гуфтаи Бобоёр Файзалиев, ”тӯли даҳ рӯзе, ки фаъолияти моро боздоштанд, дар бозор ягон тағйирот ба амал наомадаст. Ҳоло дар нибати солҳои пеш доллар камёфт шудааст. Агар қаблан дар як рӯз то 4 ва ё 5 ҳазор долларро иваз мекарданд, ҳоло базӯр то 400 доллар мешавад. Баланд шудани қурби асъор ба бӯҳрони иқтисодӣ вобаста аст, ки дар тамоми ҷаҳон мушоҳида мешавад. Тамоми маҳсулот аз берун ба Тоҷикистон ворид мешавад, аз ин хотир арзиши доллар баланд рафт.”
Абдуҷаббор Саидов, ки беш аз 9 сол ба ҳайси сарроф фаъолият дошт, мегӯяд, умедвории онҳо ин аст, дигарбора иҷозати фаъолиятро пайдо мекунанд: ”Чунки бештари мо мехоҳем, ки дар дохили Тоҷиикстон кору зиндагӣ кунем. Миёни мо нафарони маълумоти олидор зиёданд, аммо вақте ба бонкҳо барои кор муроҷиат мекунем, ба мо ҷавоби рад медиҳанд, чун ҷойҳо банданд.”
Бонки миллии Тоҷикистон қаблан хостори муҷозоти сахттари афроде шуда буд, ки берун аз ҳудуди бонкҳо ба ивази асъори хориҷӣ, аз ҷумла доллари Амрико, машғуланд. Ба гуфтаи масъулони Бонки миллӣ, то кунун алайҳи 38 тан аз кормандони нуқтаҳои мубодилаи асъор дар кишвар парванда боз шуда, онҳо ба пардохти ҷаримаҳои калон дар ҳудуди аз 60 000 то 100 ҳазор сомонӣ муваззаф гардидаанд.
Яке аз саррофҳо дар ин замина гуфт, “дар ҳоле, ки маош дар Тоҷикистон 300-400 сомонӣ аст, то 100 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ҳамчунин 9 сол аз озиодӣ маҳрум кардан, беинсофист. Охир мо ягон ҷинояткор набошем. Ҳамин ҷаримаи баланд буд, ки яке аз саррофҳо чанд рӯзи пеш худро ба дор овехт.”
Ҳоло дар нуқтаҳои мубодилаи асъори бонкҳои Тоҷикистон 1 доллар ба 6 сомониву 90 дирам иваз мешавад. Аммо бисёре аз корафтодагон аз он шикоят доранд, ки дар бонкҳо ба ивази сомонӣ доллар намедиҳанд ва онҳо маҷбур ҳастанд, боз ба афроде рӯ оваранд, ки ба таври ғайрирасмӣ ба ивази асъор машғул буда, аммо мушкили онҳоро ҳал мекунанд.
Дар моҳи майи соли равон дар пайи як чунин афзоиши босуръати қурби доллару евро раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон тамоми раҳбарони Бонки миллӣ, бо шумули раиси он ва ҳамаи муовинонашро барканор кард. Раҳбарияти нав дар тӯли чанди гузашта тавонист то ҷое қурби сомониро ба истилоҳ “биқапад.” Вале иқтисоддонҳо мегуфтанд, ҳифзи қурби сомонӣ асосан бо чораҳои маъмурие, чун манъ кардани бонкҳо аз интихоби қурби болотар аз қурби расмӣ, аз бозори асъор рондани саррофони хусусӣ ва амсоли ин ҳосил шудааст ва ин мисли “пуфак”-ест, ки як рӯз метавонад битаркад.