Тоҷикистон дар гузориши нави Бунёди Мерос-2017 (Heritage Foundation: 2017 Index of Economic Freedom), қароргоҳаш дар Амрико, дар шохиси озодиҳои иқтисодӣ як кишвари "ғолибан ноозод" ва дар мақоми 109 дар миёни давлатҳои сайёра ҷой гирифтааст. Муаллифони гузориш бо таҳқиқи вазъи иқтисоди Тоҷикистон дар соли гузашта навиштанд, "пешравӣ дар ислоҳоти макроиқтисодии кишвар ва фазои соҳибкорӣ хеле ночиз будааст". Ин гузориш рӯзи 15 феврал нашр шуд.
Зарфиятҳои рушд ҳаст, вале...
Дар гузориши Бунёди Мерос-2017 (Heritage Foundation: 2017 Index of Economic Freedom) таъкид шудааст, ки фаъолиятҳои соҳибкорӣ дар Тоҷикистон бо сабаби дахолати барзиёди давлат ва номуайяниҳои бюрократӣ осеб мебинанд.
Ин дар ҳолест, ки, мегӯянд муаллифони гузориш, зарфиятҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон хеле баланд буда, аммо дар фазои саркӯбкунандаи сиёсӣ дахолати ҳукумат иқтисодро заъфпазир кардааст. Ба қавли онҳо, бар хилофи баъзе пешравиҳо дар амри хусусигардонии ширкатҳои хурду миёна, рушди соҳаи хусусӣ ба кундӣ пеш меравад.
"Ҳамоно даромад аз пули муҳоҷирон манбаи муҳими маблағгузориҳои беруна мебошад. Сармоягузории хориҷӣ бо сабаби муқаррароти сангини бюрократӣ ва мудирияти ғайримуназзам бад шудааст. Тоҷикистон яке аз кишварҳои фазодзадатарини ҷаҳон боқӣ мемонад", - навиштаанд мутахассисони Heritage Foundation.
Таъкид ба мақомҳои дастикам ду фарзанди президент
Дар гузориш, инчунин, гуфта шудааст, ки замин дар Тоҷикистон моликияти давлат буда, низоми додгустарӣ мустақил нест. Дар ин гузориш аз мақомҳои баланди дастикам ду фарзанди президент ёдоварӣ шуда ва таъкид гардидааст, ки бисёре аз аъзои хонаводаи президент дар соҳаи бизнеси кишвар манфиатҳои тиҷоратӣ доранд.
Андоз ва Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ
Ҳаҷми андоз аз даромади афроди ҳуқуқӣ 13 ва аз корхонаҳо 15 дар сад аст, илова ба ин андоз аз арзиши иловашуда ҳам вуҷуд дорад. Ба қавли муаллифони гузориш, дар маҷмӯъ, бори андоз дар ҳисоби умумии даромади дохилии кишвар ба 22,8 дар сад баробар аст. Онҳо гуфтанд, “хароҷоти ҳукумат дар се соли гузашта ба 29,4 дар сади маҷмӯи нохолиси миллӣ ва касри буҷа ба 1 дар сад маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар буд. Қарзи умумӣ ба 35,9 дар сади ММД (Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ) баробар буд.”
"Дахолати барзиёди давлат"
Дар гузориши Бунёди Мерос-2017 (Heritage Foundation: 2017 Index of Economic Freedom) таъкид шудааст, ки фаъолиятҳои соҳибкорӣ дар Тоҷикистон бо сабаби дахолати барзиёди давлат ва номуайяниҳои бюрократӣ осеб мебинанд. Қонунҳои марбут ба кор ба таври зарурӣ нарм нестанд ва ба ҳамин хотир ҳам намегузоранд, ки бозори кор рушд кунад. “Дахолати давлат ба сиёсати нархгузорӣ ва бахшидани сабукиҳо ба ширкатҳои вижаи давлатӣ зиёд аст. Иқтисод аз ба таври шадид аз доллар вобаста буда, зарфиятҳои Бонки миллии ин кишвар хеле заиф аст”, - омадааст дар ин гузориш.