Мақомот: "Аз навори гӯшти хар дар Суғд хабар дорем". САДО

Навори ҷилавгирӣ аз фурӯши гӯшти хар дар яке аз минтақаҳои шимоли Тоҷикистон баҳси "ҳалолу ҳаром"-ро дубора дар шабакаҳои иҷтимоӣ доғ кардааст. Мақомот дар вилояти Суғд гуфтанд, аз пайдо шудани ин навор хабар доранд. Вале таъкид карданд, ки то анҷоми таҳқиқот ва боздошти дастандаркорон, ҳодисаро шаҳр намедиҳанд. Аз ҷумла, дар идораи "Тоҷикстандарт" гуфтанд, то таҳқиқи ниҳоии ҳодиса хулосабарорӣ кардан барвақт аст.

Тобистони соли гузашта Идораи бойтории Тоҷикистон гуфт, ки дархости тоҷирон аз Русияву Чинро барои ташкили корхонаи коркарди гӯшти хар дар кишвар рад намудааст.

"Ин гӯшти чист? Гӯшти хар"

Манобеи Радиои Озодӣ рӯзи 20 декабр гуфтанд, ки навори ҷилавгирӣ аз фурӯши гӯшти хар як ҳафта қабл сабт шудааст. Дар навори якдақиқаӣ мошини пур аз гӯшт ва чаҳор нафар дида шуда, ба суоли онки ин гӯшти чист? онҳо ҷавоб медиҳанд, ки "гӯшти хар аст". Бо ин ҳол, касе дурустӣ ва ҳақиқати ин навор ва инчунин маҳалли ҳодисаро ошкор накардааст.

Аммо мавзӯи ғизо ва истеъмоли гӯшти ҳалол дар ҷомеаи Тоҷикистон аз масоили ҳассос аст ва сокинони маҳаллӣ, ки аксар мусалмонанд, талош мекунанд гӯшти ҳалоли қассобхонаҳои маҳаллӣ ё бозорро дарёфт кунанд. Дар Хуҷанд, маркази вилояти Суғд, умдатарин гӯштфурӯшӣ дар бозори “Панҷшанбе” воқеъ аст. Гӯштро дар дӯконҳои ҷудогона, дар растаҳо ва рӯи мизҳо ба савдо гузоштаанд ва фурӯшандаҳову харидорон асосан ба сифати гӯшт аз намуди зоҳирии он баҳо медиҳанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Баҳси гӯшти хар

Ранг бину ҳол пурс?

Мубин, масъули як дӯкони гӯштфурӯшӣ дар бозори “Панҷшанбе”, гуфт, харидорони доимии худро дорад ва ҳама муштарӣ мехоҳад гӯшти босифат гирад. Ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, харидорон аз рӯи намуди зоҳирии гӯшт сифати онро баҳогузорӣ мекунанд. “Бибинед, ранги гӯшти мо – сурх, равғанаш – сафед. Ин нишонаи гӯшти нағзу фарбеҳ ва мулоими гов аст. Ранги гӯшти моли ҷавон сафедтоб мешавад, он ҳам босифат ва мулоим аст. Ранги сурхи баланд - нишонаи гӯшти фарбеҳи гов аст. Аммо агар мол харобу бемор бошад, об, шир ҷудо мекунад, ки мо “шилтиқ” мегӯем. Ин гуна гӯштро харидан даркор нест.”

Даромадгоҳи бозори "Панҷшанбе"

Ба қавли мусоҳиби мо, бархе харидорон асосан ба нархи гӯшт аҳамият медиҳанд. “Нархаш арзон бошад, харидан мегиранд, ба сифаташ аҳамият намедиҳанд”, - таъкид кард ӯ. Вале зане, ки аз як дӯкони дигар гӯшт мехарид, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳар дафъа аз фурӯшанда сифати гӯштро мепурсад, то ба худ итминон диҳад, ки гӯшти моли сиҳатро ба кӯдаконаш мебарад.

Аз гӯшти гов то... буз

Дар нуқтаҳои гӯштфурӯшии Хуҷанд гӯшти гӯсфанду гов ва гоҳо гӯшти бузро пешниҳод мекунанд. Рӯзи 19 декабр 1 кило гӯшти гов 30 ва 1 кило гӯшти гӯсфанд 32 сомонӣ арзиш дошт. Бархе аз ин дӯконҳо байни сокинон бо фурӯши гӯштҳои дасткуши босифат маъруфият касб кардаанд ва харидорони доимии худро доранд.

Ба саволи Радиои Озодӣ дар бораи эҳтимоли ба бозор роҳ ёфтани гӯши моли ғайр, фурӯшандагон посухи рад дода гуфтанд, чунин эҳтимол вуҷуд дошта наметавонад, чунки байторҳо маҳсулоти онҳоро шадидан мавриди санҷиш қарор медиҳанд. Дар бозори «Панҷшнбе» як озмоишгоҳи ташхиси байторӣ фаъол аст, ки назорати сифати гӯшт ва дигар анвои хӯрдании бозорҳои Хуҷандро бар ӯҳда дорад. Баъд аз нимрӯзи 19 декабр, ки ба ин озмоишгоҳ рафтем, дар он танҳо як табиб сари кор ҳозир буд. Раҳбари озмоишгоҳ дар коргоҳаш ҳузур надошт ва ба зангҳои телефонии мо ҳам посух надод.

Кӣ кафолат медиҳад?

Корманди озмоишгоҳ дар сӯҳбати бидуни микрофон гуфт, ки ҳар саҳар аз гӯштфурӯшиҳо намуна мегиранд ва бар асоси ташхис, ба онҳо иҷозаи фурӯш медиҳанд. Вале бидуни иҷозати сардораш нахост дар бораи фаъолияти озмоишгоҳи байторӣ ва тартибу роҳи равишҳои ҷилавгирӣ аз вуруди гӯшти бесифат ба бозор маълумоти бештар диҳад. Аммо, ба гуфтаи корманди ин озмоишгоҳ, кафолати сифати гӯштҳои кабобпазиҳоро идораи беҳдошт бар ӯҳда дорад.

Темурҷон, молики “Ошхона ва сихкабоби Темурҷон” дар Хуҷанд, гуфт, “ба мизоҷоне, ки мепурсанд, кафолат медиҳем, ки сихкабобамон аз гӯшти дасткуши гови маҳаллӣ аст. Агар бовар накунанд, гӯштамон ва аз он сихкабоб тайёркарданамонро ҳам нишон медиҳем.”

Сихкабоб - 9 сомонӣ ё 3.5 сомонӣ?

Як сихкабоби Темурҷон аз гӯшти гов 9 сомонӣ нарх дорад. Аммо начандон дуртар, сихкабоби ба қавли пазандаҳояш, аз гӯшт ва ҷигари говро ба 3.5 сомонӣ ба фурӯш гузоштаанд, ки, ба қавли муштариҳо, ин тафовути нархҳо касро дар ҳайрат меандозад. Вале ду ҷавони кабобпаз дар сӯҳбати бидуни микрофон бо Радиои Озодӣ гуфтанд, нархи сихкабоби онҳо 6 сомонӣ аст. “Гӯштро сардорамон меорад. Сифаташро ҳам ӯ медонад”, – гуфт яке аз онҳо.

Ба қавли мусоҳибони Радиои Озодӣ, бархе пазандагон ба кабобу таоми худ ба ҷои гӯшти гову гӯсфанд гӯшти қимаи яхзадаи мурғро ба кор мебаранд. 1 килои ин гӯшти воридотии мурғ 12 сомонӣ нарх дорад ва табиист, ки нархи як сихкабоб аз ин гуна гӯшт назар ба гӯшти дасткуш арзон меафтад. Аммо чӣ тавр метавон нархи як сихкабобро аз гӯшти беустухони гови дасткуш, ки дар Хуҷанд як килояш ҳудудан 40 сомонӣ нарх дорад, то 3.5-у 6 сомонӣ поин бурд, барои харидорон маълум нест.

Дар ниҳоят бархе харидорон аз рӯи одати миллӣ гуфтанд, ки «ҳаволаи сифати мол ҳам ба инсофи ошпазу фурӯшандааш аст», чунки исбот кардани сифати он воқеан ҳам кори сахт аст.

Тоҷикистон ба коркарди гӯшти хар розӣ нашуд

Сокинони Тоҷикистон аз хӯрдани гӯшти хар парҳез мекунанд. Ин ҳайвон дар кишвар бештар барои обу боркашонӣ ва корҳои дигари саҳро истифода мешавад ва қиматаш дар бозорҳо аз якуним то ду ҳазор сомонист. Мавзӯи харидуфурӯш ва забҳи хар дар Тоҷикистон ҳангоми сохтмони роҳи Душанбе-Чаноқ, ки дар он бештар чиниҳо кор мекарданд, рӯ зада буд.

Тобистони соли гузашта Идораи бойтории Тоҷикистон гуфт, ки дархости тоҷирон аз Русияву Чинро барои ташкили корхонаи коркарди гӯшти хар дар кишвар рад намудааст. Ин гурӯҳи тоҷирон қасд доштаанд, коркарди гӯшти харро дар Тоҷикистон ба роҳ монда, сипас ба Чин содирот намоянд. Муллоҷон Амирбеков, сардори Идораи бойтории Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфта буд, худи тоҷирон низ баъд аз омӯзиши онки Тоҷикистон ҳамагӣ 184 ҳазор хар дорад, аз ташкили чунин корхона даст кашиданд.