Оҷонсии омори Тоҷикистон мегӯяд, дар соли 2015 бештар аз 1100 корманди давлатӣ барои ҳисоботи бардурӯғ ва изофанависӣ муҷозот шуданд. Маблағи ин ҷаримаҳо 316 ҳазор сомониро ташкил мекунад, ки бештари он марбут ба ҷаримаи масъулини бахши кишоварзӣ будааст. Қиёмиддин Давлатзода, муовини раиси оҷонсии омори Тоҷикистон мегӯяд, “изофанависӣ яке аз омиле аст, ки он асосан ба иҷроиши нақша алоқамандӣ дорад. Ва дар давраи иқтисоди бозаргонӣ, ки даромади софи ин ё он коргоҳ бевосита аз маҳсулоти дар ҳақиқат истеҳсолнамудаи он
сарчашма мегирад изоофанависӣ маънӣ надорад. Дар ҳоли ҳозир як омилаш барои ҳисобот додан аст».
Изофанависӣ мероси замони Шуравӣ аст ва он замон ба хотири иҷрои нақша ва аз даст надодани мансаб истеҳсоли маҳсулотро аз воқеият бештар ҳисобот медоданд. Ва ҳоло низ зери таъсири ҳамон ақидаҳо мансабдорон ва масуълон аз он усули кӯҳна кор мегиранд. Кишт ва парвариши пахта дар Тоҷикистон ба дӯши хоҷагиҳои хурду миёнаи деҳқонӣ аст. Ҳосили заҳмати онҳо набояд бар асоси нақшаи аз қабл тарҳрезишуда бошад. Аммо амалан онҳо бар асоси нақшаи муайян
фаъолият мекунанд, ки аз сӯи мақомоти давлатӣ таъин ва таҳмил мешавад, ки ин эҳтимоли изофанависӣ дар ин бахшро бештар мекунад. Аскарбег Набизода, муовини раиси ноҳияи Ёвон гуфт, ҳар як соҳа нақшаи истеҳсоли худро дорад.
Дар пахтакорӣ, гуфт ӯ, «масалан, вақте мувофиқи дурнамо 20 ё 25 ҳазор тонна пахта пешниҳод мешавад, аллакай барои ҳамин миқдор пахта нақша кашида мешавад. Дар сурати изофанависӣ дар пардохти андоз ва музди маош камбудӣ мешавад», гуфт ӯ. Андозбандии гарон ва болову поин шудани қимати маҳсулот як сабаби дигари сӯитафоҳумҳо дар омори тавлидоти маҳсулот ва амдан кам нишон додан ва ё изофанависӣ номбар мешавад. Ба қавли иқтисоддонҳо, кам ё зиёд нишон додани маҳсулоти истеҳсолшуда сабаби рушди иқтисоди пасипардагӣ мегардад.
Аброр Мирсаидов, доктори улуми иқтисод мегӯяд, ба нақшагирии иқтисодиёт бидуни иттилои воқеӣ ва дақиқ имкон надорад. «Вақте ки изофанависӣ ва ё камнависӣ мешавад, қарорҳои давлатӣ ва вазорату
идораҳо дуруст иҷро намешаванд, агар иҷро шаванд ҳам, баъзе чизҳо аз назорат берун мемонад, ки инро иқтисоди пасипардагӣ меноманд». Қаблан қонунгузории Тоҷикистон барои изафанависӣ ва ё ҳисоботи бардурӯғ аз 3 то 6 нишондод ё то 240 сомонӣ ҷаримӣ пешбинӣ мекард. Ҳоло ин ҷазои маъмурӣ то ба 2400 сомонӣ боло бурда шудааст. Аммо ба қавли таҳлилгарон ин ҷазо барои ҷилавгирӣ аз изофанависӣ ва ҳисоботи бардурӯғ кофӣ нест.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Аброр Мирсаидов мегӯяд, «як иттилои нодуруст метавонад ҷумбиши манфӣ орад. Бинобар ин олимон, ҳуқуқшиносон ва иқтисоддонҳо пешниҳод карданд, ки бо таври ҳуқукӣ масъали муҷозот барои изофанависӣ ва пешниҳоди ҳисоби бардурӯғ зери назорат гирифта шавад, то ин ки изофанависӣ кам шавад. Ман боварӣ дорам, ки дар оянда мақомоти қонунгузор ин масъаларо баррасӣ мекунанд». Мирсаидов мегӯяд, ҷазо метавонад то ба ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ бурда шавад. Дар гузашта иттилои нодурусти тавлиди картошка то 1 миллион тонна сабаби сару садоҳои зиёд шуда буд.
Зеро талаботи Тоҷикистон ба ин маҳсулот то 700 ҳазор тонна гуфта мешуд. Аммо чанд баробар боло рафтани қимати картошка дар бозори дохилӣ дурӯғин будани ҳисоботи тавлиди 1 миллион тонна картошкаро ошкор намуд, ки низ раиси ҷумҳур масъулини вазорати кишоварзиро сарзаниш кард.