Эъломияи 24 август. Чаро санади Тоҳири Абдуҷабборро ҳоло ҳам бояд ҷиддӣ бигиранд?

Аз чап: Халифабобо Ҳомидов (дертар вазири адлияи Тоҷикистон), Тоҳири Абдуҷаббор, Сафари Мастонзод дар анҷумани "Растохез"

Раҷаби Мирзо,

рӯзноманигор ва таҳлилгар

Бознашр аз веблоги "Рӯзи нав"

Ин як баҳси доманадор аст, ки андешаи истиқлолхоҳӣ дар Тоҷикистон кай пайдо шуд? Дар маҳфилҳои ҷиддӣ, вақте сухан дар ин бора меравад, ҳатман аз созмони мардумии "Растохез" ёд меоранд.

Гуфта мешавад, то замони таъсиси он дар охирҳои соли 1989, ягон созмон, ё ҳаракати сиёсӣ, на пинҳонкору на нимапинҳонкор вуҷуд надошт, ки барои истиқлол мубориза бурда бошад. Дар таърихномаҳо мехонем, ки моҳи сентябри ҳамон сол дар пойтахт гирдиҳамоие доир шуд, ки онро пас аз митинг барои ҷонибдорӣ аз Саид Абдуллоҳи Нурӣ дар миёнаи солҳои 70-ум дар Вахш, дувумин эътироз дар таърихи Тоҷикистони Шӯравӣ меноманд.

ВОЖАИ “ИСТИҚЛОЛ” ҲАТТО ДАР АДАБИЁТ НАБУД

Сентябри соли 1989 донишҷӯён ва зиёиёни пойтахт ҷамъ омада, талаб карданд, ки ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шавад. Тақрибан соле баъд, ки ҳаводиси февралӣ пеш омад, ба назари таҳлилгарон, роҳбарияти вақти кишвар маҷбур шуд, "то ҳаракати ҷавононро таҳти назорат гирифта, онро ба ҷониби лозим равона намояд". Ин масъулият ба зиммаи созмони комсомол афтод ва ахиран боис ба ташкили клуби мубоҳисавии "Рӯ ба рӯ" гардид, ки ба он яке аз фаъолони комсомолӣ Зафар Саидов роҳбарӣ мекард.

Дуруст аст, ки вақте аз аввалин созмонҳои иҷтимоӣ ҳарф мезанем, ҳамчунин бояд аз "Ошкоро"-и Рустами Абдураҳим дар Кӯлоб, “Маърифат”-и Зиё Абдулло дар Душанбе, "Дирафши Ковиёнӣ" дар Норак, "Эҳёи Хуҷанд" дар вилояти Суғд ва "Ваҳдат" дар Истаравшан ёд овард.

Ҳарчанд маҳз аз "Растохез" ба сифати бузургтарин ва ҷиддитарин созмоне ном бурда мешавад, ки зеҳниятсозӣ карда тавонист. Шояд барои ҳамин буд, ки сентябри соли 1989 он расман сабти ном шуда, ба фаъолияти ҷиддӣ шуруъ намуд.

Ин маъноеро надошт, ки он замон акнун озодона дар бораи истиқлол ҳарф задан мумкин буд. Таърихнигор Нуралӣ Давлат боре навишт, ки "дар замони Шӯравӣ ҳатто адабиёт, ки роҳҳои зиёд ва жанрҳои гуногун барои пардапӯшона ифода кардани идеяҳои озодихоҳиро дошту дорад, вожаи “истиқлол” аз ҷониби шоирону нависандагони тоҷик ҳаргиз истифода нашуд, зеро аз сензура ва КГБ, ки дар хизмати имперотурии рус буданд, метарсиданд".

Ин истилоҳ дар паҳнои пасошӯравӣ нахустин бор дар ҷумҳуриҳои назди Балтик садо дод. Мардуми ин кишварҳо, ки пас аз Ҷанги Дуюми Ҷаҳон иҷборан ба ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ ворид шуданд, барои истиқлол тайёр буданд. Онҳо ошкоро СССР-ро як кишвари таҷовузгар мегуфтанд. Ҳамчунин Иёлоти Муттаҳидаи Амрико забт шудани онҳоро аз ҷониби Кремл ба ҳеч ваҷҳ эътироф накард. Дар натиҷа моҳи марти соли 1990 онҳо аввалин санади истиқлоли худро ба тасвиб расониданд, ки мавриди вокуниши ҷиддиву низомии Кремл қарор гирифт.

Баъди онҳо, Озарбойҷон Эъломияи соҳибистиқлолии худро ба имзо расонд. Моҳи майи ҳамон сол Гурҷистон низ худро соҳибистиқлол эълон кард. Гурҷиҳо шояд аз бештари халқҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ фаъолтар буданд. Ба ҳар сурат, ҳанӯз аз моҳи апрели соли 1989 дар Тифлис зуд-зуд гирдиҳамоиҳо бо талаби истиқлоли кишвар сурат мегирифт.

Баъд аз Гурҷистон, Русия низ моҳи июни соли 1990 Эъломияи истиқлоли худро ба имзо расонд. Бо соҳибистиқлол шудани Русия, СССР маънии худро аз даст медод ва ҷумҳуриҳои Шӯравӣ яке аз паси дигаре истиқлоли худро эълон карданд. Аз кишварҳои Осиёи Миёна аввалин шуда, Узбекистон дар таърихи 20-уми июни 1990 эъломия ба имзо расонд. Тоҷикистон танҳо 24-уми августи ҳамон сол дар иҷлосияи дуюми Шӯрои Олии кишвар дар ин бора тасмим гирифт.

“ИСТИҚЛОЛ БА САРИ МО МИСЛИ ТАРОША АЗ БОМ АФТИДА БУД”

Дуруст аст, ки дар Тоҷикистон он замон андешаи истиқлолхоҳӣ ҷонибдори зиёд надошт. Барои ҳамин, вақте дар мо иддаои озодиву истиқлолхоҳӣ ду-се сол пеш аз фурӯ рехтани Шӯравӣ ба миён омаданд, фикреро ба вуҷуд меорад, ки "мо барои истиқлол муборизаи ҷиддӣ набурдаем". Президент Раҳмон Набиев ҳам шояд дар назардошт бо ин, ё хуб надонистани забони тоҷикӣ боре гуфт: "Истиқлол ба сари мо мисли тароша аз бом афтида буд..."

Баъдан ҳам, ки моҳи сентябри соли 1991 Тоҷикистон расман истиқлол ба даст овард, гуфта мешуд, ҳатто дар доираҳои расмӣ моҳияти онро ба дурустӣ сарфаҳм намерафтанд. Равоншод Абдулло Ҳабибов, ки он замон вакили Шӯрои Олӣ буд, баъдан дар суҳбатҳояш мегуфт, вақте чанд вакили озодандеш пас аз қабул шудани Эъломия ҳамдигарро ба оғӯш гирифта, табрик мекарданд, дигарон ҳайрон – ҳайрон сӯи онҳо нигоҳ менамуданд.

Новобаста аз ин, дигар маълум буд, ки ҳанӯз аз охири солҳои 80-ум дар Шӯравӣ ва аз ҷумла Тоҷикистон мухолифони низоми коммунистӣ шакл мегирифтанд. Дар арафаи қабули Эъломияи 24-уми августи соли 1990 ҳам ин зиддият ошкор мешуд. Тобистони соли 1990 нусхаи ҳукуматии Эъломия дар матбуот нашр шуд, баъди чанде нерӯҳои демократӣ гузинаи худро ба чоп расониданд.

Ниҳоят 24-уми август дар иҷлосия масъалаи Эъломия ба баррасӣ гузошта шуд. "Растохез" дар муқобили лоиҳаи ҳукуматӣ, лоиҳаи алтернативии Эъломияи истиқлоли Тоҷикистонро пешниҳод намуд, ки дар таҳияи он ба ғайр аз Тоҳири Абдуҷаббор, ҳамчунин устоди ДМТ Абдуқодир Холиқзода ва Халифабобо Ҳомидов, муовини раиси "Растохез" саҳм доштанд. Дертар аз ин тарҳ Шодмон Юсуф, Раҳими Мусулмониён, Бозор Собир, Сафар Абдулло, Таваралӣ Зиёев ва дигарон ҳам ҷонибдорӣ карда будаанд.

ТАФОВУТИ ДУ ЛОИҲА

Лоиҳаи ҳукуматӣ аз 19 банд иборат буд ва дар он аз ҷумла гуфта мешуд, ки:

  • Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон давлати соҳибистиқлоли сермиллат мебошад ва истиқлоли давлатии ҶШС-и Тоҷикистон дар ягонагӣ ва ҳукмравоии ҳокимияти давлатӣ дар тамоми ҳудуди ҶШС Тоҷикистон ва соҳибихтиёрии он дар муносибатҳои хориҷӣ ифода меёбад;
  • дар фаъолияти созмонҳои байналхалқӣ ҶШС Тоҷикистон танҳо дар сурати зарурат ширкат меварзад;
  • ҶШС Тоҷикистон дар ҳудуди худ ҳамаи масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маданиро, ғайр аз масъалаҳое, ки ихтиёран ба салоҳияти Иттифоқи ҶШС дода мешаванд, мустақилона ҳал мекунад;
  • ҶШС Тоҷикистон ҳуқуқ дорад, ки аз ҳайати ИҶШС озодона хориҷ гардад;
  • ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон дар айни замон шаҳрванди Иттиҳоди ҷамоҳири шӯравӣ низ мебошад;
  • рӯзи 14-уми октябрро ҳамчун Рӯзи таъсиси ҶШС Тоҷикистон ҷашн гирифта, онро рӯзи истироҳат эълон мекунад;
  • замин ва сарватҳои зеризаминӣ ва дигар захираҳои табиии ҷумҳурӣ моликияти ҶШС Тоҷикистон аст.

Лоиҳаи "Растохез" аз 26 банд иборат буд ва дар он аз ҷумла зикр мегардид, ки:

  • ҶШС Тоҷикистон давлати мустақил ва соҳибихтиёр мебошад;
  • ҶШС Тоҷикистон давлати демократии ҳуқуқбунёд буда, дар он тамоми қудрати давлатӣ ба халқ тааллуқ дорад ва халқ онро бевосита ва ҳам аз тариқи намояндагони худ амалӣ месозад;
  • тамоми сарзамини Тоҷикистон, фазои ҳавоию сарватҳои он, об, ҷангалҳо, конҳо ва ғ. ҳамаи корхонаҳо, муассисаҳо, идораҳо, бонкҳо ва инфраструктураи иқтисодию иҷтимоии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъшуда, моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, бинобар ин, истифодаи сарватҳои табиӣ ва фаъолияти корхонаҳою муассисоти ҷумҳурӣ танҳо мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад;
  • ҶШС Тоҷикистон Бонки миллӣ ва силсилаи бонкҳои ихтисосиро таъсис намуда, мустақилона сиёсати андоз, қарз, нарху наво ва гумрукии худро танзим ва амалӣ месозад ва ҳам лозим шавад, воҳиди пулии худро ҷорӣ менамояд.
  • Тоҷикистон метавонад артиши миллии худро дошта бошад ва ҷавонони Тоҷикистон хидмати аскариро бояд асосан дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон адо кунанд.

Парлумон лоиҳаи “Растохез”-ро напазируфт. Тоҳири Абдуҷаббор лоиҳаи сеюмро пешниҳод мекунад, ки аз як ҷумла иборат буд: "Тоҷикистон давлати мустақил ва соҳибихтиёр аст". Инро ҳам қабул надоштанд. Новобаста аз ин, ҳамон тавре раиси ҲСДТ Раҳматилло Зойиров навишт, маҳз санади Тоҳири Абдуҷаббор асоси истиқлоли кишвар аст...

Тавре ишора шуд, дар он замон ҷонибдорони истиқлол дар Тоҷикистон, аз ҷумла дар сатҳи мансабдорон зиёд набуданд ва соле пас, ки моҳи марти соли 1991 раъйпурсӣ барои бақои Иттиҳоди Шӯравӣ анҷом гирифт, аксар чеҳраҳои шинохташудаи Тоҷикистон ба ҷонибдорӣ аз он раъй доданд. Танҳо Ҳизби демократи Тоҷикистон ин маъракаро таҳрим эълон намуд.

Сентябри соли 1991, ки ниҳоят Эъломияи истиқлол қабул шуд, вакилони Шӯрои олӣ ба матни Эъломияе, ки рӯзи 24-уми августи соли 1990 қабул карда буданд, баъзе тағйирот аз Эъломияи алтернативии "Растохез" ворид карда, Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистонро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода, аз истиқлоли кишвар хабар доданд.

“ИСТИҚЛОЛ” БЕ ТОҲИРИ АБДУҶАББОР ТАЪСИР НАДОРАД

Гуфтан мумкин аст, ки Эъломияи 24-уми август дар Тоҷикистон ҳоло ҳам бисёр муҳим аст. На танҳо барои он ки аввалин садои истиқлоли расмии мост. Ин ҳам муҳим нест, ки як замон яке аз мушовирони давлатии президент Раҳмон гуфт, ки истиқлоли аслии Тоҷикистонро бояд пас аз Созишномаи сулҳ суроғ кард. Ӯ шояд бо ҳадафҳои идеологӣ ва бузургтар нишон додани кору пайкори ҳукумати худ инро мегуфт. Масъала ҷиддитар аст: ҳоло ҳам мардуми зиёде дар интизории гирифтани шаҳрвандии Русия мебошанд, ё бархе ҳатто омодаанд худро ба гурӯҳҳои ғайриқонунӣ эълоншудаи ҲНИТ ва дигарон номнавис карда, ба Аврупо раванд. Шояд ҳамаамон рӯзе чандин бор мешунавем, ки “дар ин ҷо намешавад, бояд рафт!”

Дар ин моваро ба насли нав, фикр мекунам, на тавассути барномаҳои телевизионии забонзадаву гапҳои обшуста дар матбуоти ҳукуматӣ, балки маҳз бо нишон додани заҳмату талошҳои анҷомшуда барои истиқлол ва ёдоварии шахсиятҳои зеҳниятсоз имкон дорад рӯҳия сохт.

Аз ҷониби дигар, аз ёдоварӣ кардани Тоҳири Абдуҷаббор, ки ба ҳукумати Раҳмон умуман нигоҳи душманона надошт ва ҳатто мегуфт, ки ормонҳояшро то ҷое ин ҳукумат амалӣ кард, кӣ зарар ва кӣ манфиат хоҳад бурд?

Тоҳири Абдуҷабборе, ки ҳамчун тарроҳи истиқлол шинохт дорад, фақирона зиндагӣ намуд, аммо ҳукумат дар рӯзи маргаш, ҳатто як сӯгвориро зарур надонист.

Оё бо ин гуна амалкардҳо мешавад эҳсоси ватандориву истиқлолхоҳиро шавқ дод?

Бовар надорам...

Аз Идора. Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!