Қабули нахустин довталабон ба ДОМ-и Хоруғ

Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Хоруғ ба қабули нахустин довталабон барои таҳсил оғоз кард. Донишҷӯёни ин донишгоҳ соли аввали таҳсилро дар шаҳри Норини Қирғизистон анҷом хоҳанд дод.

Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон, қабули нахустин довталабонро барои таҳсил шурӯъ кард. Аммо донишҷӯёни ин донишгоҳ соли аввали таҳсили худро дар шаҳри Норини Қирғизистон анҷом хоҳанд дод.

Тибқи нақша, сохтмони ин донишгоҳ дар шаҳри Хоруғ соли 2017 ба итмом мерасад ва донишҷӯён барои идомаи таҳсил аз Қирғизистон ба Хоруғ оварда мешаванд.

Ба ин тартиб, ин аввалин донишгоҳ дар Тоҷикистон хоҳад буд, ки таълим дар он пурра бо забони англисӣ сурат гирифта, дипломаш дар сатҳи байналмилалӣ эътироф мешавад ва бо ҳамин роҳи хатмкунандагони донишгоҳ ба бисёр созмону кишварҳои хориҷ боз мегардад. Аз ҷумла, бахшҳои Бунёди Оғохон ва дигар шарикони ин донишгоҳ ҳам дар дунё зимни интихоби кадр ба ин ҷавонон афзалият хоҳанд дод.

Маҳалли сохтмони Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Хоруғ

Сафарбек Шакарбеков, ҷавони 17-солаи бадахшонӣ бо истифода аз ин имкон дар баробари Маркази миллии тестӣ ҳуҷҷатҳои худро барои идомаи таҳсил ба донишгоҳи Осиёи Марказӣ ҳам супурдааст. Ӯ мегӯяд, дар сурати кофӣ будани холҳояш, бартариро ба донишгоҳи нав хоҳад дод: "Бо вуҷуди он ки нархи таҳсил солона 8 ҳазор долларро ташкил медиҳад, аммо барои ҷавонони фаъол то 90 дарсад ин маблағ пойин оварда мешавад."

Ба гуфтаи Сафарбек, дар Донишгоҳи Осиёи Марказӣ асосан илмҳое, ки дар бозори кор талабот доранд, ба мисли соҳибкорӣ ва менеҷмент, мухобирот ва ВАО, улуми компютерӣ ва заминшиносӣ, пешниҳод мешаванд. Барои ӯ ва дигар ҳамсолонаш донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ имкон медиҳад, ки аз зодгоҳи худ дур нарафта, соҳиби тахассуси байналмилаӣ шаванд. Дар зимн имконияти таҳсил дар ин донишгоҳро ҷавонони минтақаҳои дигари Тоҷикистон ҳам доранд.

Парвона Хуҷаорифов, як сокини Бадахшон мегӯяд, "барои ҷавонони Бадахшон аз он лиҳоз таҳсил дар Донишгоҳи Осиёи Марказӣ осон хоҳад буд, ки тавсияҳои такрор ба такрори Шоҳкарим Ал-Ҳусайнӣ Оғохони 4 дар робита ба зарурати омӯзиши забони англисӣ таваҷҷӯҳи ҷавонон ба ин забон бештар шуд."

Бинои Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Норини Қирғизистон

Ҳанӯз дар Шӯравии пешин Бадахшон аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон аз лиҳози босаводӣ ва дипломодорӣ дар ҷои аввал буд. Таҳлилгарон мегӯянд, илмдӯстдориву донишгоҳхонӣ ва диплом ба даст овардан, ба рӯҳияи мардуми ин минтақа табдил шудааст. Бо вуҷуди он ки бо гузашти беш аз ду даҳсола ин руҳия каме зарба дид, вале дар умум он ҳифз шудааст.

Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ ҳам дар ҳоле ба кор шурӯъ мекунад, ки ҷавонон бадахшонӣ то имрӯз барои таҳсил ва кору зиндагӣ дар хориҷ дасти дарозтар доштанд. Барномаҳои зиёди омӯзишии Бунёди Оғохон барои ҷавонони лаёқатманд ин имконро фароҳам мекард, ки аксарият баъдан бо таҷрибаҳои омӯхта метавонанд дар созмонҳои бонуфуз дар Тоҷикистон ҷойи худро пайдо кунанд.

Лутфия, ҷавондухтари 34 сола, баъди хатми Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ, тавассути яке аз барномаҳои Бунёди Оғохон таҳсили худро се сол дар Лондон идома дод. Лутфия мегӯяд, бинобар доштани қарордод ба ватан баргашт, аммо теъдоди зиёди ҷавонони ҳамсабақашро медонад, ки кору зиндагӣ дар хориҷи кишварро ихтиёр кардаанд.

Бино ба иттилои расмӣ, соли гузашта аз ин вилоят, наздики 2 ҳазор нафар дар донишгоҳҳои кишвар ва 600 нафар ба донишгоҳҳои хориҷӣ шомил шудаанд. Шоҳтут Хоников, сардори раёсати маорифи вилояти Бадахшон, дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, танҳо дар шаҳри Бишкек ҳоло беш аз 200 ҷавони бадахшонӣ таълим мегиранд. "Соли гузашта 331 нафар дар донишгоҳҳои Русия, 8 нафар дар Чин, 6 нафар тавассути барномаи Флекс дар Амрико, 2 нафар дар Малайзия, 3 нафар дар Кипр дохил шуданд. Дар маҷмӯъ, 600 нафар ба хориҷӣ кишвар 1747 нафар тарики Маркази миллии тестӣ ба макотиби олӣ қабул шуданд," - гуфт ӯ.

Саъдӣ Юсуфӣ

Таҳлилгарони тоҷик бар инанд, фаъол шудани Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, дар кӯтоҳмуддат метавонад аз зеҳнҳои ҷавонони Бадахшон ва дигар кӯҳистониёни кишвар кадрҳои на танҳо минтақаи балки ҷаҳониро тарбия кунад. ​Саъдӣ Юсуфӣ, таҳлилгари тоҷик гуфт, "ин минтақаҳое ҳастанд, ки зарфиятҳои зеҳнии бисёр хуб ва муҳаббату шавқи беандоза ба омӯзиш доранд. Ва агар ин донишгоҳ имкониятҳои бештареро дар ихтиёри мардуми ин вилоят ва берун аз он бигзорад, ба ин маънист, ки таҷрибаи бисёр хуб ва ғаниву байналмилалиро ба минтақаи кӯҳистонӣ мебарад.”

Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз манотиқи кӯҳистони Тоҷикистон, аст, ки тақрибан се дарсади аҳолии кишварро ташкил мекунад ва ҳамасола наздики севуним ҳазор нафар хатмкунандаҳои мактабҳои миёна дорад. Бино ба маълумоти раёсати маорифи ин вилоят имсол 3200 нафар хатмкунандагон ба Маркази милли тестӣ ва 300 нафари дигар ба донишгоҳҳои Русия ҳуҷҷат супоридаанд.