"Арӯси арзанда": Тарбияи ҳамсарони хуб ё таблиғи "хонашинӣ"?

Бахтинисои Файзхон, ки 23 сол дорад, мегӯяд, аз дидани намоиши телевизионии «Арӯси арзанда» эҳсоси нороҳатӣ мекунад. Ба андешаи ӯ, замоне ки духтарҳо бояд ба омӯзиши илм ва технологияи муосир таваҷҷӯҳ кунанд, ин барнома арӯс буданро ба онҳо таблиғ карда, аз сӯи дигар занро мисли моли зиндае нишон медиҳад, ки бояд зудтар ба дасти соҳибе супурда шавад.


Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Арӯси арзанда": Кӣ тарафдор ва кӣ мухолиф?



Ба андешаи Бахтинисо, барои рӯбучини хона, нон пухтан, овардани ҳезум ва тапак кардан ҳоҷати фестивал ташкил додану сарфи маблағ нест: «Арӯси арзанда агар 50-60 сол пештар мебуд, гапи дигар буд. Бубинед, дунё ба куҷо рафта истодааст? Дигар вақти хамир кардану говдӯшӣ ва ҳезумкашӣ нест. Мо ҳозир бояд компютерро аз худ кунем, забон омӯзем. Баъдан чаро мо бояд «Арӯси арзанда» гуфта, говдӯш интихоб кунем? Ё аз он ки “Арӯси арзанда” гуфта, як ҳезумкашро интихоб мекунем, намешавад барномасози беҳтаринро интихоб намоем?»

Бахтинисо ҳамзамон зикр намуд, он шартҳое, ки дар озмуни «Арӯси арзанда» пешбинӣ шудааст, ҳар духтари тоҷик аз ӯҳдааш ба роҳатӣ мебарояд. Ҳатто як духтари 14-сола ҳам.


Аксҳо аз озмуни "Арӯси арзанда"


Озмуни «Арӯси арзанда» бо ҳадафи омода намудани духтарҳо ба ҳаёти мустақилона ва пешгирӣ аз фурӯпошии оилаҳо бори аввал дар вилояти Суғд ташкил шуд. Дар ҳоли ҳозир фестивал дар сатҳи ҷумҳурӣ идома дошта, ҷараёнаш дар телевизиони “Сафина” пахш мешавад.

Мадинаи Мақсудзода, муаллифи ин тарҳ мегӯяд, фестивал дар баробари омода намудани духтарҳо ба оиладорӣ, ҳамзамон метавонад, барои беҳтарин арӯсон домодҳои арзанда ҳам пайдо кунад. Ба гуфтаи ӯ, дар пайи нашри давраҳои аввали озмун дар вилояти Суғд 8 ғолибаш хеле зуд шавҳар пайдо карданд. Мадинаи Мақсудзода меафзояд, ҳоло ҳам баъди ҳар барнома афроди зиёде занг зада, суроғаи духтарҳоро мепурсанд: «Занҳо занг зада мегӯянд, ки иштирокчии рақами якум, дуюм ё дигараш бароямон маъқул шуд. Ба хонаи духтаре, ки имсол «Арӯси арзанда» шуд, чанд нафар хостгор омад, аммо вай рад кард.»


Фирӯза Восидова

Барандаи шоҳҷоизаи «Арӯси арзанда» Фирӯза Восидова, ки 19 сол дорад ва донишҷӯи Донишгоҳи Хуҷанд мебошад, низ афзудани шумораи хостгоронаш баъди ширкат дар ин озмунро тасдиқ кард: «Пас аз ин озмун бисёр хостгорҳо, хусусан аз пойтахт омаданд, вале ман, мутаассифона ё хушбахтона, мехоҳам, аввал илм омӯзам ва баъдан ба шавҳар бароям. Қабл аз он ки дар озмуни ҷумҳуриявӣ ширкат кунам, аввалан дар сатҳи вилоятӣ иштирок доштам, ки аз шаҳри Хуҷанд ҳам чанд хостгор омад. Вале ман ба онҳо гуфтам, ки ҳанӯз ба оиладорӣ омода нестам.»

Фирӯза Восидова, ки кадбонуи хуб буданаш дар ин барнома ба исбот расид, ҳамроҳ бо шоҳҷоизаи «Арӯси арзанда» ба осоишгоҳи «Хоҷа Оби Гарм» роҳхат гирифт.

Бинандагони асосии намоиши «Арӯси арзанда», ки шомгоҳони рӯзҳои истироҳат дар телевизиони «Сафина» пахш мешавад, наврасон ва духтарони ҷавон будаанд. Парвина яке аз онҳост, ки тамошои ин барномаро ба ҳар духтари тоҷик тавсия медиҳад: «Ба андешаи ман, барномаи хуб аст, зеро мо, духтарҳо, аз он чизҳои хеле хуб мегирем. Масалан, барои шавҳар кардан бояд чӣ гуна омода шавем? Ё пухтупази нағз кардан, ки мо низ омӯхтем. Бино бар ин мехоҳем, чунин барномаҳо зиёд шаванд. Дар вақти муайян духтарҳо самбӯса мепазанд, гов медӯшанду ҳезум меоранд.»

Аммо сарнавишти барандаи шоҳҷоиза, ки мегӯяд, фурсати хондану омӯхтанаш аст, на издивоҷ, бахше аз бинандаҳоро ба ин ақида овардааст, ки «Арӯси арзанда» вопасгароёна аст.

Ба гуфтаи ҷомеашиноси тоҷик Зарафо Раҳмонӣ, на беҳунарии духтарон, балки камсаводӣ ва бемаърифатии онҳо сабаби фурӯпошии оилаҳои ҷавон мешавад. Вай меафзояд, беҳтар аст ки
«ин чорабиниҳоро ба он равона мекардем, ки духтарҳоямон соҳибмаърифат ва соҳибилм гарданд. Он ки илму маърифат надорад, аз мактаб дур мондааст, бо доштани ҳунари говдӯшӣ ё пухтупаз наметавонад як оилаи солимро барпо кунад. Бисёр воқеаҳоеро медонем, агарчи духтарҳо аз ӯҳдаи рӯзгордорӣ ба хубӣ мебароянд, аммо аз он ки дониши казоӣ надоранд, оилаҳояшон фурӯ мепошад.»


Масъулони Кумитаи занони Тоҷикистон, ки низ аз сарпарастони намоиши «Арӯси арзанда» аст, мегӯянд, ин тарҳ мизони талоқҳоро дар кишвар коҳиш хоҳад дод.
Ҳамин кумита чанде пеш хабар дода ки танҳо дар нимаи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон беш аз 4000 хонавода ҷудо шудаанд.

Озмуни «Арӯси арзанда» аз ҳафт шарт, аз қабили муаррифии иштирокчӣ, намоиши либоси миллӣ, аврупоӣ, кадбонугӣ, рӯзгордорӣ, маҳорати шеъру суруду рақс ва намоиши либосҳои арӯсӣ иборат буда, Алишер Муҳиддинов, саркоргардони телевизиони «Сафина» мегӯяд, ҳоло духтарони Душанбе ба сабқат омодагӣ мегиранд. Дар барномаи моҳи сентябр қарор аст, аз 30 духтар 8 “арӯси арзанда” интихоб шавад.