Баҳси Мавлон Қаҳҳоров ва "Тоҷиксодиротбонк". Пул куҷо шуд? ВИДЕО

400 ҳазор доллар қарз барои пешбурди тиҷорат ва зиндагӣ як сокини шаҳри Ваҳдатро аз хонаву рӯзгори осуда маҳрум кард. Ҳоло ин хонаводаи 28-нафарӣ дар саҳни ҳавлии худ зиндагӣ дорад. Ворид шудан ба дохили ҳуҷраҳои ин ҳавлӣ, ки то чанде пеш манзили зисти онҳо буд, ҳоло комилан барои онҳо манъ аст.

Як соҳибкори тоҷик иддао мекунад, ки созиши ӯву "Тоҷиксодиротбонк" оид ба пешкаши қарз дар шаш соли пеш аз ҷониби бонк дар ҳаҷми хеле ночиз иҷро шуд, вале бонк ӯро барои напардохтани ҳақи пурраи қарз ба ҷавобгарӣ кашид.

Дар намояндагии бонк ин иддаоро бепоя меноманд ва мегӯянд, ки раҳбари ширкати "Умар-К" дар ҳаҷми беш аз 360 ҳазор доллар қарз гирифта барнагардонд. Мавлон Қаҳҳоров ва даҳҳо хешовандонаш, ки дар пайи ин моҷаро бехона шудаанд, талош дорад ҳақ набудани бонкро дар ин баҳс собит кунад.

Мавлон Қаҳҳоров, сокини шаҳри Ваҳдат шаш соли пеш хост аз "Тоҷиксодиротбонк" қарз бигирад ва тиҷораташро рушд диҳад. Ӯ ба тиҷорати масолеҳи сохтмонӣ машғул буд ва соли 2013 ба ин бонк муроҷиат кард, то бар ивази гарави ду ҳавлӣ дар шаҳри Ваҳдат ва як нуқтаи таъмири техника дар Ҳисор, 400 ҳазор доллар қарз бидиҳанд. Ба иддаои ин мард, ӯ аз бонк дар ниҳоят 25 ҳазор доллар гирифт, вале бонк ӯро дар напардохтани садҳо ҳазор доллар ба ҷавобгарӣ кашид.

Мавлон Қаҳҳоров дар суҳбат бо Радиои Озодӣ ҳодисаро чунин нақл кард: "Ман бештар ба тиҷорати тахта машғул будам ва аз Русия ба Тоҷикистон ин навъи масолеҳи сохтмониро ворид мекардам. Чанд маротиба аз филиали "Тоҷиксодиротбонк" дар Ёвон қарз (кредит) гирифта будам ва соли 2013 ҳам хостам 400 ҳазор доллар гирам. Барои ин ман ду ҳавлиро, ки дар шаҳри Ваҳдат аст, ба маблағи 240 ҳазор доллар ва як нуқтаи таъмири техникиро дар шаҳри Ҳисор ба маблағи 150 ҳазор доллар ба бонк гарав мондам. Ҳуҷҷатҳо ҳам омода шуд, аммо мушкил ин буд, ки ман маблағро дар даст гирифта наметавонам".

Ӯ мегӯяд, замони омода шудани санадҳо писари калонияш Нуъмон Қаҳҳоров 15 ҳазор доллар гирифт ва масъулини бонк ваъда доданд, ки маблағи боқимондаро рӯзҳои дигар медиҳанд. Вақте аз байн чор моҳ гузашт, аз бонк дар посух ба суоли онҳо гуфтанд, ки пул нест ва ваъда карданд пас аз ворид шудани чор миллион доллар ба бонк, барои гирифтани қисми дигари қарз муроҷиат кунанд. “Ҳамин тавр аз байн чор моҳ гузашт.

Як рӯз маро даъват карда гуфтанд, ки бояд фоизи қарзи чормоҳаро супорам. Ман ҳайрон шудам, ки ҳоло пулро дар даст нагирифта, аз куҷо фоиз супорам. Ба ман гуфтанд, ки бояд ин корро кунем, чунки аз боло гап мешунаванд. Баъд худашон аз хазинаи филиал, ки 40 ҳазор доллар дошт, 10 ҳазор доллар ба ман доданд ва боқимондаро ҳамчун фоизи пулҳои қарзи ман ҳисоб карданд". Ин ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ мегӯяд, ҳамин тавр дар маҷмӯъ ӯ ва писараш дар ивази гарави ду ҳавлӣ ва як нуқтаи таъмири техникӣ, ки ҳудуди 400 ҳазор доллар арзиш дошт, ҳамагӣ 25 ҳазор доллар аз бонк пул қарз гирифтанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Баҳси Мавлон Қаҳҳоров ва "Тоҷиксодиротбонк". Пул куҷо шуд?

Баъди муроҷиатҳои пай дар пайи Қаҳҳоров, масъулини бонк ба ӯ гуфтанд маблағро яке аз писаронаш гирифтааст. Аммо худи ӯ мегӯяд, на ӯ ва на писаронаш пулро аз бонк нагирифтанд. Ҳатто чаҳор ташхис дар мавриди дурустии имзои санадҳои қабули пули бонк ба фоидаи онҳо ҳал шуд. Дар ин пай мақомот бар зидди Саидбурҳон Самадов, раиси собиқи филиал, ё худ дафтари "Тоҷиксодиротбонк" дар ноҳияи Ёвон, ки Мавлон Қаҳҳоров мехост маблағи қарз бигирад, парванда боз кард. Вале ҳодисаҳо тавре ҷараён гирифт, ки Додситонии кулл барои "тасарруфи пулу моли ба тариқи кредит додашуда" алайҳи худи Мавлон Қаҳҳоров ва писари ӯ Қурбоналӣ Қаҳҳоров парвандаи ҷиноӣ боз кард ва барои баррасӣ ба додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт ирсол намуд.

"Дар суд ба мо гуфтанд, ки ё бо бонк созиш мекунед ё шуморо ба ҳабси пешакӣ мегирем. Мо, ростӣ, ҳам падару ҳам писар гуфтем: агар моро ба ҳабс гиранду зиндон кунанд, боз ҳавлиҳои ба гарав гирифта ҳам ба фоидаи бонк гирифта шавад, чӣ кор мекунем. Ҳамин тавр маҷбур шудем бо бонк созиш кунем. Ин ҳам ба хотире буд, ки ҳавлиҳоро гирем, то узви хонавода дар кӯча намонанд. Ҳоло бонк нуктаи таъмири техникиро ба ҳисоби худ гирифт, ҳоло ду ҳавлӣ ҳам муҳр зада шудааст ва боз моро 250 ҳазор доллар қарздор карданд",-гуфт ӯ.

Ҳоло вакили дифои Мавлон Қаҳҳоров барои бозбинии дубораи ин қазия ба Додситонии кулл шикоят бурдааст. Файзи Олӣ, вакили мудофеи ин хонавода дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло талош дорад бо пешниҳоди санадҳое, ки дар даст дорад, аз ҳаққи зерҳимояаш дифоъ кунад, то ҳақ ба ҳақдор бирасад.

Файзи Олӣ гуфт, "агар маблағро гирифта пардохт карда наметавонистанд, ин ҷо гапи дигар буд. Аммо маблағ танҳо дар санадҳо ҳасту ба дасти ин хонавода нарасидааст. Бонк амволи ба гаравгузошташударо азхуд мекунад. Инҷо тамоми ташхисҳо ба фоидаи ин хонавода таъин шудааст. Чаро прокурор инро ба назар нагирифтааст, маълум нест, вале боз ҳам Қаҳҳоров бо писараш гунаҳкор эълон шудаанд".

Дар ҳоле ки талоши Мавлон Қаҳҳоров барои баргардонидани ду манзили зист идома дорад, Саидбурҳон Самадов раиси собиқи филиал, ё худ дафтари "Тоҷиксодиротбонк" дар ноҳияи Ёвон дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, аз ин қазия огаҳ аст ва аллакай ин кор аз сӯи мақомотҳои марбута тафтиш ва ниҳоӣ шудааст. "Тафтишот дар Додситонии кул як солу ду моҳ идома кард ва ҳамаи ин чизҳо ҳалли худро пайдо кард. Агар мабодо ягон мушкиле мебуд, ҳангоми тафтишот муайян мешуд, чун таҳқиқ зери назари Прокурори генералӣ анҷом шуд", гуфт ӯ.

Самадов мегӯяд, барои он, ки амволи ба гаравгузоштаи Мавлон Қаҳҳоров ба ҳисоби бонк гузаронида ва ӯ аз ҷавобгарӣ озод шавад, ҳафтаҳо пушти дари бонк навбат истодааст. Ӯ аз он нигаронӣ мекунад, ки чаро хонаводаи Қаҳҳоровҳо аз болои ӯ ба Радиои Озодӣ шикоят кардаанд, на ба додгоҳу додситон. Дар посух ба суоли мо, ки ӯ ба ҳайси раҳбари собиқи бонк метавонад бигӯяд, ки писари Қаҳҳоров дақиқан маблағро дар кадом рӯз ё моҳ гирифтааст, ваъда дод рӯзи дигар посух мегӯяд, аммо дигар ба зангҳои пайдарпайи телефонии мо ҷавоб надод.

Дар сарбонк ё худ "Тоҷиксодиротбонк" дар як посухӣ расмӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҶДММ "Умар-К" дар намояндагии роҳбари корхона Мавлон Қаҳҳоров 367 ҳазор доллар қарз гирифтааст. Аммо "аз тарафи қарздор бинобар сари вақт напардохтани ӯҳдадориҳои қарзӣ бо огоҳинома аз тарафи бонк огоҳ шуда бошанд ҳам, аммо қарздор шартҳои дар шартномаро дағалона вайрон намуда, ба манфиатҳои бо қонун ҳифзшавандаи бонк зарари моддӣ расонид".

Баҳси Мавлон Қаҳҳоров бо ин бонк бар сари маблағ ва амволи гаравгузошташуда дар ҳолест, ки додгоҳҳои кишвар аз афзоиши ҳамасолаи баҳсҳои муштариён бо бонкҳо хабар медиҳанд. Аввали соли ҷорӣ Мавлуда Қаландарзода раиси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон гуфта буд, баҳсҳои додгоҳии ду бонк - "Тоҷиксодиротбонк" ва "Агроинвестбонк" бо муштариён ё баракси он, дар 47 ҳолат сабт шудааст, ки 13 мавриди он ба "Тоҷиксодиротбонк" рост меояд. Ин баҳсҳо ҳам, ба гуфтаи раиси Додгоҳи олии иқтисодӣ, танҳо марбут ба шахсони ҳуқуқӣ ё субектҳои соҳибкорӣ аст.

"Тоҷиксодиротбонк", "Агроинвестбонк", "Тоҷпромбонк" ва "Фононбонк" соли 2015 дар пайи коҳиши пули фиристодаи муҳоҷирон ва таъхири муштариён барои баргардондани қарз дучори мушкил шуда, дар пардохти амонати мардум оҷиз монданд. Ҳукумат барои наҷоти онҳо беш аз 3 миллиард сомонӣ ихтисос дод, вале дар ин миён "Тоҷпромбонк" ва "Фононбонк" муфлис шуданд. "Тоҷиксодиротбонк" ва "Агроинвестбонк" чаҳор сол аст, талош доранд, ки аз вазъи буҳронӣ берун оянд.

Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки Миллӣ, моҳи феврали соли равон зимни як нишаст гуфта буд, ки "Агроинвестбонк" аз 34 ҳазор муштарӣ беш аз 730 миллион сомонӣ қарздор аст ва бе ҷалби сармоя наметавонад онро бозпас диҳад. "Тоҷиксодиротбонк", ба гуфтаи ӯ, аз 15 ҳазор муштариаш беш аз 500 миллион сомонӣ қарздор аст, ки бояд баргардонад.

Раиси Бонки Миллии Тоҷикистон афзуд, як мушкиле, ки монеи пардохти амонат ва дигар маблағҳои мардум шудааст, "саривақт ба фурӯш нарафтани амволи ду бонки калонтарин мебошад".

Қаблан мақомоти Тоҷикистон то охири соли 2018 фурсат гирифта буданд, ки сарнавишти ду бонки азими кишварро ҳал кунанд. Ва дар назди онҳо ду интихоб буд, ки оё бо сармояи хориҷӣ бонкҳоро аз банди буҳрон раҳо кунанд ё муфлис эълон намоянд.

Раҳбарияти ҳарду бонк гоҳ-гоҳе дар бораи пайдо шудани сармоягузорони арабу чинӣ суҳбат мекунанд, вале тибқи иттилои ин бонкҳо, ҳанӯз дар мавриди фурӯши саҳмияҳои ба ягон натиҷаи ниҳоӣ нарасидаанд.

Ҳоло он чӣ Мавлон Қаҳҳоров ва хонаводаи ӯро нигарон кардааст, зиндагӣ дар саҳни ҳавлӣ аст, ки дар ин гармои тобистон ба сахти пушти сар мешавад. Ӯ мегӯяд, аз зиндагӣ дар чунин шароит нигарон аст ва ин ҳолат ба сиҳатии набераҳояш, ки хурдтаринаш ҳамагӣ чор моҳ дорад, бетаъсир намондааст.