Серҳей Тсапок ҳудуди 20 сол боз ҷангалбон аст. Вай пештар дӯст медошт, ки миёни дарахтони ҳамешасабз гаштугузор кунад. “Ҳоло вақте бо мошин мегузарам, кӯшиш мекунам, ки фақат ба роҳ нигарам. Агар ба ҷангал нигоҳ кунам, ҳатман чизе мебинам, ки гиряамро меорад,” – нақл кард ӯ.
Мақомоти Украина мегӯянд, аз панҷ чор дар сади Боғи миллӣ сӯхтааст ё минакорӣ шудааст. Замини он ба беш аз сад ҳазор ҳектор мерасад. Ин заррае аз хисороти расида аз ҳуҷуми Русия аст. Ҷанг миллионҳо ҳектор ҷангалзор ва табиати Украинаро хароб кардааст.
Ҳар рӯз дар хоки Украина садҳо мушак паронда мешавад, ки заминҳоро чок ва ҷангалзорҳоро хароб мекунанд. Низомиёни Украина навореро нашр карданд, ки як бесарнишин ба дарахтоне, ки зераш низомиёни рус пинҳон шудаанд, сӯзишворӣ мерезад, то онҷоро оташ зананд.
Аз сӯи дигар, ҷангалбонҳо мегӯянд, кори онҳо низ хатарнок шудааст. Руслан Стрилетс, вазири собиқи ҳифзи муҳити зисти Украина, гуфт: “Агар хоҳем, ки зуд оташро хомӯш кунем, имконнопазир аст, чун мумкин мина бошад. Хатари кушта шудан ё маҷрӯҳ шудан зиёд аст.”
Ҷангалбонҳо борҳо шоҳиди таркидани минаҳо шудаанд. Хабаргузории "Рейтерс" бо 20 коршинос суҳбат кард, ки дар бораи хароб шудани ҷангалзорҳо ҷузъиёт доданд. Мақомоти Русия ба суолҳо дар ин маврид посухе нагуфтаанд.
Бо гузашти беш аз 30 моҳ аз ҳуҷуми Русия ба Украина дар шарқи ин кишвар аз ҷангалзорҳои замоне сарсабз танҳо хокистару чӯбҳои нимсӯхта мондааст. Аксар ҷонварони нодир, аз ҷумла аспи ваҳшӣ, нобуд шудаанд.
Дар Украина хушку тар месӯзад ва ҳоло мақомоти Украина барои ҳифзи ҷангалзорҳо фурсату икмон надоранд. Талошашон бештар ин аст, ки артиши ишғолгари Русияро аз хоки худ берун кунанд.
Коршинсон мегӯянд, зиёни расида ба табиати Украина солҳо мемонад ва ҷуброннопазир аст.
Видеоро дар ин ҷо бинед: