Чӣ гуна "шоҳид" "шаҳид" шуд? Баҳс бо муфтӣ Убайдуллоро ба зиндон бурд

Убайдулло Тағоев. Аксро наздикони Тағоев дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузоштанд

Волидони Убайдулло Тағоев, ҷавони 29-солаи тоҷик, аз раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин хостаанд, ки ба қазияи "ноодилона зиндонӣ шудани фарзандашон" дахолат кунад. Посухи Кремл Озормоҳ Нарзуллоева ва Аҳрор Тағоев, волидони Убайдуллоро қонеъ накард. Хулосаи ҷавоби ҳукумати Русия ин аст, ки "ҳокимияти додгоҳӣ мустақил аст ва шохаи иҷроия ба қарори он таъсир гузошта наметавонад". Намояндаи муфтӣ вуҷуди баҳс бо Тағоевро тасдиқ мекунад, вале мегӯяд, ки ӯро дар терроризм муттаҳам накарда буд.

Убайдулло Тағоев охири соли 2018 дар Русия зиндонӣ шуд ва феълан дар маҳбаси шаҳри Благовешенски вилояти Амур адои ҷазо мекунад. Додгоҳ ӯро бо ҷурми "мусоидат ба фаъолияти террористӣ" шаш сол аз озодӣ маҳрум кард.

"Бо ман баҳс накун, ки аҳволат бад мешавад…"

Убайдулло Тағоеви 29-сола дар шаҳри Красноярски Русия таксиронӣ мекард. Достони ҳабси ӯ ба баҳсаш бо имоми масҷиди ҷомеи шаҳри Красноярск дар соли 2017 бармегардад.

Наздикони Тағоев мегӯянд, ӯ дар баробари дигар муҳоҷирони тоҷик намози ҷумъаро дар масҷиди ҷомеаи шаҳри Красноярск адо мекард ва чанд бор шоҳид мешавад, ки қабл аз шуруи ибодат нозирони пулис ба масҷид меоянд ва муҳоҷирони тоҷике, ки ба ибодаткунандагон санбусаву кулча мефурӯшанд, зарфҳои худро гузошта аз тарси боздошт шудан фирор мекунанд. Тағоев, ки ҳаққи иқомат дар Русияро дошт аз ин ҳолат ба риққат омада аз корманди пулис мепурсад, ки чаро мусулмононро ҳангоми адои ибодаташон азият мекунанд. Посухи пулис ӯро ҳайрон мекунад: "аз имоми масҷиди худатон гила кунед, ки ҳар рӯзи ҷумъа бо телефон моро барои ҷорӣ кардани тартибот даъват мекунад".

Баҳси Убайдулло бо Гияз Фаткулин, имом-хатиб ва муфтии мусалмонони вилояти Красноярск бо он меанҷомад, ки муфтӣ мегӯяд, "ту аз гурӯҳҳои тундрав ҳастӣ ва бо ту одамони дигар сару кор хоҳанд гирифт".

Худи Фаткулин нахост, дар ин бора бо Радиои Озодӣ суҳбат кунад. Аммо шогирдаш Равил Ҳоҷӣ, айни замон имомхатиби масҷиди ҷомеи Красноярск, рӯзи 10-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, пеш аз намози ҷумъа баъзе муҳоҷирони тоҷик дар назди масҷид хӯрок ва ҷиҳози гуногунро ба фурӯш меоранд ва тартиботи ҷамъиятиро халалдор мекунанд.

"Ин ҷо бозори стихиявӣ ташкил мешавад, санбӯсаву нону чизҳои дигар меоранд. Чанд бор ҳамсояҳо шикоят карданд, ки тартибот вайрон шуда, кӯчаҳо ифлос шудааст. Аз ин рӯ, Гаяз ҳазрат (манзур Гаяз Фаткулин) кормандони пулисро воқеан даъват мекунанд, ки тартиботро дар назди масҷид ҷорӣ кунанд", -- гуфт ӯ.

Равил Ҳоҷӣ гуфт, Тағоевро намешиносад. Ӯ гуфт, ки "ба терроризм айбдор шудану ҳабс шудани Тағоев ба руҳониёни ин масҷид далх надорад". Ӯ гуфт:

«Имомхатибон ҳеҷ гоҳ аз болои намозгузорон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шикоят намекунанд. Мо усулҳои таъсирасонии муассири худро дорем. Агар касе рафтори ноҷо дораду дигаронро ҳам сироят мекунад, мо худамон ӯро аз масҷид меронем», таъкид кард Равил Ҳоҷӣ.

"Ҳабси ин ҷавон ба мо рабт надорад"

Пайвандони Тағоев мегӯянд, мушкили ӯ аз ҳамин додхоҳӣ ва баҳси кӯтоҳ бо муфтӣ сар зад ва маъмурони Хадамоти амнияти федеролии Русия – ФСБ моҳи сентябри соли 2017 хонаи ӯро кофтукоб ва худи ӯро боздошт кардаанд.

Аҳрор Тағоев, падари Убайдулло Тағоев мегӯяд, гӯё аз макони зисти Убайдулло муфаттишон чизе наёфтаанд: на адабиёти ифротӣ, на ягон маводи таркандаву силоҳи сард, ки хоси гуруҳҳои ифротиву даҳшатафкан аст. Бинобар ин, баъди ду рӯзи боздошт ӯро раҳо мекунанд, аммо бо ин вуҷуд санади кору иқоматашро (вид на жительство) бекор карда, барои довталабона ихроҷ шудан аз Русия 10 рӯз муҳлат додаанд.

Чун санаи шиносномаи Убайдулло Тағоев ба поён расидаву санади русиаш бекор шуда буд, ӯ билофосила ба Новосибирск омада, аз консулгарии Тоҷикистон шиносномаи нав дархост мекунад. Аммо дар муҳлати 10 рӯз шиносномаи тоҷикистонии ӯ омода намешавад ва маъмурони ФСБ ӯро боздошт мекунанд.

Бинобар санадҳое, ки дастраси Радиои Озодӣ шуд, маъмурони ФСБ дар Красноярск Тағоевро 1-уми октябри соли 2017 боздошт карда, дар боздоштгоҳ ӯро шиканҷа намудаанд, то гуноҳи ба гурӯҳи "Вилояти Хуросон" - як шохаи ДИИШ ҷалб кардани ду ҷавонро эътироф кунад. Барои эътирофи ин гуноҳ ба сари Тағоев оби ҷӯш рехтаанд ва ба кафи пояш задаанд, аммо ӯ рад кардааст.

Дар як санаде, ки зери он Иван Какоулин роҳбари СИЗО-1-и шаҳри Красноряск имзо кардааст, гуфта мешавад, Убайдулло Тағоев рӯзи 6-уми октябри соли 2017 "бо хунрезии гавҳараки чашми рост, сӯхтагии сар, гардан, гӯш, доғи сиёҳ дар ду шона ва кафи пой оварда шуд. Бино ба шаҳодати хатти боздоштшуда, ин чароҳатҳо ҳангоми боздошти шаби 1-уми октябр аз сӯи ФСБ пайдо шудаанд".

"Ӯ ба мисли террористон таҳпӯш намепӯшид"

Парвандаи Убайдулло Тағоевро, ки муфаттишони ФСБ таҳия кардаанд, ба баррасии Додгоҳи округи ҳарбии шарқи дур меравад. Ин додгоҳ ӯро 20-уми июли соли 2018 ӯро бо қисми якуми моддаи 205-и Кодекси ҷиноии Русия гунҳкор карда, ба 6 соли зиндон маҳкум мекунад. Як далели ифротгаро ва ба гуруҳҳои террористӣ майл доштани Тағоевро тафтишот дар он медонад, ки "ӯ ба мисли ифротиҳову террористон дар Афғонистону Сурия таҳпӯш (труси) намепӯшид". Ба иддаои муфаттишон, ҷангҷӯёни ДОИШ ва гурӯҳҳои дигари террористӣ ҳар гуна либосе, ки ба бадани одам ҷафс мешавад, ҳаром эълон кардаанд. Маълум нест, ки муфаттишон чӣ гуна таҳпӯш пӯшидан ва ё напӯшидани Тағоевро маълум кардаанд, аммо ин ҳолат ҳамчун далели ба ифротгароӣ майл доштани ӯ дар парванда зикр шудааст.

Бо ин вуҷуд, додситон Анна Пенкова аз Красноярск дар як дархости худ ба додгоҳ ҷинояти Тағоевро исботношуда дониста, аз додгоҳ талаб мекунад парвандаи ӯ ба тафтиши дубора супорида шавад. Владимир Дубнин, як додраси ин додгоҳ ҳам дар санаде бо номи "Фикри вижа" ба чандин ҳолати вайрон шудани ҳуқуқи Тағоев ҳангоми тафтишот ишора карда, ба собит нашудани гуноҳи ӯ ишора мекунад. Дубнин дар ин санад аз ҷумла менависад, дар тарҷумаи мукотибаҳои Тағоев аз телефони дастиаш тарҷумон ба иштибоҳҳои зиёде роҳ додааст, ки мазмунро гоҳе ба куллӣ тағйир медиҳад. Ин додрас аз ҷумла гуфтааст, ҷое тарҷумон калимаи шоҳидро "шаҳид" тарҷума кардааст, ки мазмуни онро комилан дигар мекунад.

Аммо бо ин вуҷуд коллегияи Додгоҳи олии Русия оид ба корҳои ҳарбӣ парванди Тағоевро ноябри 2018 дубора баррасӣ карда, ҳукми додгоҳи зинаи поёнро бетағйир мондааст.

Шавкат Умаров, вакили дифои Тағоев мегӯяд, дар таҷрибаи судии Русия нисбати айбдоршаванда "Фикри вижа" баён кардани додрас хеле кам иттифоқ меафтад ва ин ҳодисаи нодир аст.

"Дар таҷрибаи тақрибан 28-солаи Русия ҳамагӣ 12 ё 13 ҳолате рух додааст, ки додрасҳо нисбат ба айбдоршаванда "фикри вижа" баён карда бошанд. Нисбат ба зерҳимояи ман чунин санад содир шуд ва ман хеле талош кардам, ки бо истифода аз он ҳукмаш сабук ё пурра сафед карда шавад. Афсӯс додгоҳи олӣ ҳукми додгоҳи поёниро бетағйир гузошт", -- гуфт Умаров.

Расман дар зиндонҳои Русия ҳудуди 10 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон адои ҷазо мекунанд. Солҳои қабл аксар шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҷиноятҳои қочоқи маводи мухаддир пушти панҷара мерафтанд. Аммо бо зуҳури ДОИШ дар Суриву Афғонистон мушоҳида мешавад, ки аксар ҷавонони тоҷик бо ҷурми ҳаводорӣ, дастгирии молиявӣ, нияти пайвастан ба гуруҳҳои террористиву эктсремистӣ дар Русия зиндон мешаванд. Аммо ҳомиёни ҳуқуқ ба дурустии айбномаҳои мақомоти тафтишоти Русия бо чашми шубҳа менигаранд ва мегӯянд, гоҳе муфаттишон ба хотири ба даст овардани натиҷа баъзе афродро маҷбур мекунанд гуноҳи нокардаро ба дӯш гиранд.