Боғи ҳайвонот: Боз кадом ҷонвар «сактаи дил» мешавад?

Дар арафаи фасли сармо, бисёре аз тамошобинони Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе, вазъи ҷонваронро дар ин мавзеъ тоқатфарсо арзёбӣ мекунанд.
“Агар ин шеру шутур ва ҳайвоноти дигар қудрати сухангӯӣ медоштанд, илтимосу илтиҷо мекарданд, ки онҳоро аз Зоопарки Душанбе озод кунанд,” – гуфт як меҳмони Боғи ҳайвоноти пойтахти Тоҷикистон, ки аз вазъи сокинони “безабон”-и он озурдахотир ба назар мерасид. Вай афзуд, солҳои пеш бо наберагонаш аз тамошои Зоопарк ҳаловат мебурд, вале акнун нороҳат мешавад.

Як тамошогари дигар, Аҳад Шарифов, ки ҳамроҳи ду фарзандаш ба ин ҷо омада буд, низ ба ноободии Боғи ҷонварон ишора кард: «Ин боғ дар замоне, ки мо хурд будем, хеле ободтар буд. Ҳайвоноташ ҳам зиёд буд, ки аксарашон ҳоло нестанд. Ман зоолог нестам, вале аз тамошои ҳайвонҳо ҳамин хел таассурот бардоштам, ки гуё ҳайвонҳо дар ин ҷо азоб мекашанд аз чизе. Ё аз набуди шароити мусоид ё аз камхӯрокӣ …намедонам.»

Аммо Қурбон Одинаев, иҷрокунандаи муваққатии вазифаи мудири Зоопарк, ин ақидаҳоро рад мекунад ва мегӯяд, одатан, одамон шароити зисти ҳайвонотро, ки бояд ба шароити табиӣ наздик бошад, аз зовияи муҳити зисти инсонӣ баҳо медиҳанд.

Иттифоқан, Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе дар ҳоле фасли сарморо пешвоз мегирад, ки мудири нави худро пайдо накардааст. Ҳукумати шаҳри ҳанӯз 15-уми октябр барои ишғоли ин вазифа озмун эълон кард ва аз афроди соҳиби маълумоти олии зоологӣ ва зооинженерӣ даъват намуда буд, дар он ширкат варзанд. Ин озмун мебоист 20-уми ноябр ҷамъбаст мешуд, вале аз сабаби кам будани хоҳишмандони ишғоли вазифа ҳамоно идома дорад. Пас аз марги “Турсунбой” -- ягона баҳмути Зоопарк дар соли гузашта, ки дар паи "сактаи дил" рух додааст ва ба баҳсҳои доғ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, таваҷҷӯҳи ҷомеа ва мақомот ба ин муассиса бештар шуд.

Кормандони собиқадори боғ иқрор мекунанд, ки вазъи ҷонварон, махсусан дар фасли сармо мушкилтар мешавад. Сари чанд вақт интиқоли барқ ба боғ қатъ мегардад ва дастгоҳҳои гармидиҳӣ аз кор мемонанд. Як корманди ин ниҳод, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт, то насб кардани бухориҳо, ҷонварон аз сардӣ азоб мекашанд: «Ман дар солҳои душворӣ ба боғ омадам, ки ҳафтаҳо дар боғ барқ набуд. Маймунҳоро мисли кудак лулапеч мекардам, ки хунук нахуранд. Инчунин дар дохили хонаашон дар даруни сатил оташ мегирондам, то ки хунук нахуранд.»

Аммо Қурбон Одинаев, иҷрокунандаи вазифаи раиси Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе, мегӯяд, дар фасли сармо аксарияти хонаҳои ҳайвоноти гармидӯст бо асбобҳои барқӣ гарм карда мешаванд. Вале барои эҳтиёт маъмурияти боғ чанд бухорӣ низ харидорӣ кардаанд. Вай дар бораи таъмини ҷонварон бо ғизо гуфт: «Барои зимистон гузаронии ҳайвоноти боғ мо ин миқдор анвои хӯрокҳоро захира кардем. Алафи табиӣ 22 тонна, 2 тонна гандум, ҷуворимакка 2 тонна, шоколад 7, 5 тонна, калбаса 500 килограмм, 1,5 тонна ва 400 килограмм ангишт дар анборҳои боғ захира шудааст.»

Ҷаноби Одинаев афзуд, бархе аз тамошогарони боғ вақте мебинанд, ҷонваре хобидааст, фикр мекунанд, ки он аз камғизоӣ бемадор шудааст.

Аммо биологи варзидаи тоҷик, Алихон Латифӣ, мегӯяд, Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе воқеан ба талаботи боғҳои замонавӣ ҷавобгӯ нест: «На танҳо ҳозир, балки охирҳои замони шӯравӣ низ боғи ҳайвоноти Душанбе аз боғҳои дигар кишварҳо қафо монда буд. Боғи ҳайвоноти Душанберо дар ҳамин масоҳати худаш мешавад боз беҳтар кард. Шарт нест ки дар он ҷо ҳайвоноти нодири тропикӣ бисёр бошад. Бигзор ҳамин ҳайвонҳои кишвари худамон бошад, чунки мардум намедонанд, ки дар кишварашон чӣ ҳайвонҳо ҳаст.»

Яке аз иллатҳои вазъи ҳузновари боғи ҳайвоноти Душанберо, коршиносон ба ниҳоят кам будани буҷаи он бастагӣ медиҳанд. Буҷаи солонаи боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе, ки ҳудуди 4 гектар заминро дар бар гирифта, 115 намуд ҷонваронро парвариш мекунад, 214 ҳазор сомонӣ, муодили 45 ҳазор доллар аст. Барои нигоҳубини ҳар як намуди ҷонварон боғ ба ҳисоби миёна дар сол 1860 сомонӣ сарф мекунад. Барои намуна, буҷаи солонаи Боғи ҳайвоноти шаҳри Киеви Украина, ки ҳудуд ва миқдори ҳайвоноташ ба боғи ҷонварони Душанбе қариб баробар аст, 3 миллион долларро ташкил мекунад ва барои нигоҳдории як ҷонвар дар ин боғ 5400 сомонӣ харҷ мешавад. Бинобар ин, коршиносон мегӯянд, бояд буҷаи боғи ҳайвоноти Душанберо ба маротиб боло бурд ва ё фаъолияти онро қатъ кард.

Раҳбарияти «Боғи ҳайвонот» аз Радиои «Озодӣ» ранҷид

Боғи ҷонварони Душанбе дар остонаи зимистон