Авфи ёвари додситон бознигарӣ мешавад

Додгоҳи шаҳри Душанбе парвандаи Фирӯз Холиқзода, ёвари додситони ноҳияи Исмоили Сомониро, ки дар ҳалокати як зани роҳрӯб дар садамаи нақлиётӣ айбдор мешуд, дубора баррасӣ хоҳад кард.

Ёвари додситон, ки дар ҳалокати яке аз роҳрӯбони шаҳри Душанбе ва кӯмак накардан ба ӯ баъд аз садама айбдор шуда, бино бар Қонуни авф ба муносибати 20-солагии Конститутсия аз ҷазо озод гашта буд, дигарбора мавриди пажӯҳиши ҷиноӣ қарор гирифт.

Дафтари матуботи Додгоҳи шаҳри Душанбе имрӯз -- 1 уми декабр бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки парвандаи ёвари додситони ноҳияи Исмоили Сомонӣ -- Фирӯз Холиқзода рӯзи 27-уми ноябр аз тарафи Додгоҳи ноҳияи Сино ба баррасӣ гирифта шуд. Тафтиши дубораи парванда дар асоси шикояти Мирзо Муродов ҳамсари Зеварбону Пирова -- роҳрӯбе, ки дар натиҷаи беэҳтиётии Холиқзода ҳангоми рондани “Мерседес” 28 сентябр дар соати 4:33 дақиқа дар назди меҳмонхонаи "Ҳятт Реҷенсӣ" ба ҳалокат расид, амалӣ мегардад.

Ин дар ҳолест, ки Муродов нисбати таъйиноти додгоҳи Сино дар мавриди авф шудани Фирӯз Холиқзода шикоят бурдааст. Авфи ёвари додситон дар матбуот низ баҳсҳоеро ба миён оварда буд. Додгоҳи шаҳри Душанбе меафзояд, ки ҳанӯз додраси додгоҳи таъин нашудааст ва бо мушаххас шудани он баррасии парванда оғоз меёбад.

Мирзо Муродов, шавҳари Зеварбону Пирова низ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ хабари дубора баррасӣ шудани парвандаро тасдиқ кард ва афзуд, ки вай рузи 11 ноябри соли равон аз болои таъйиноти додгоҳи Сино шикоят кард. Шавҳари Зеварбону Пирова меафзояд, ки барои дифои даъвои худ дар додгоҳ вакили мудофеъ гирифтааст ва дар мурофиа ширкат хоҳад кард.

Фирӯз Холиқзода ёвари додситони ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ки рӯзи 28 сентябр дар назди меҳмонхонаи "Ҳятт Реҷенсӣ" дар маркази пойтахт бо “Мерседес”-и худ Зеварбону Пироваи 53-соларо пахш карда, боиси ҳалокати ӯ шуд, дар чаҳорчӯби қонуни афв аз боздоштгоҳ раҳо шудааст. Раёсати муассисаҳои ислоҳии Вазорати адлия рӯзи 5 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар нимаи дуввуми рӯзи 4 ноябр Фирӯз Холиқзода аз боздоштгоҳ раҳо раҳо шуд ва додгоҳи Синои пойтахт парвандаи ӯро қатъ кард.

Фирӯз Холиқзода 31 сол дошта, писари декани собиқи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллӣ Кароматуллоҳ Холиқов мебошад. Профессор Холиқов ду сол пеш вафот карда буд.

Ба ақидаи Мирзо Муродов, таҳқиқи парванда ба таври сунъӣ кашол дода шуд, то амрҳои Қонуни авф муайян шаванд. Дар додситонии шаҳри Душанбе шароити қатъи парвандаро шаҳр надоданд ва маълум нест, оё ёвари додситони ноҳияи Исмоили Сомонӣ танҳо ба беэҳтиётӣ айбдор мешуд ё ҳамчунин во гузоштани ҷабрдида дар ҳолати хатар низ.

Ба нақли шоҳидони ҳодиса, суръати “Мерседес”-и Холиқзода ҳангоми зарба ба тани зани 53-сола ба андозае баланд буда, ки ҷисми зан пора шудааст. Ду ҳамкори Зеварбону Пирова бо дидани воқеа аз ҳуш рафтаанд. Баъд аз зарба ронанда мошинро бознадошта, аз ҷойи воқеа фирор кард. Шахсияти ронанда танҳо баъд аз як рӯз ошкор гашт ва зоҳиран, расонаӣ шудани воқеа мақомотро водор кард, парванда боз кунанд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз қазияи хабари расмӣ нашр накард ва ҷузъиёти онро низ эълом надошт.

Боз ҳам расонаҳои ахбори ом ошкор карданд, ки Фирӯз Холиқзодаи 31-сола ёвари додситони ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Улфат Ҳусейнзода, писари декани пешини факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон аст. Нашрияҳо бар ин буданд, ки анъанаи беҷазо мондани фарзандони мансабдорон, ки дар садамаҳои маргбор муҷрим дониста мешаванд, ин бор дар намунаи Холиқзода мешиканад. Вале Қонуни авф ин қазияро низ амалан ба садамаҳое шабеҳ сохт, ки аз ҷумла писари хурдии раиси собиқи ширкати “Роҳи оҳан”-и Тоҷикистон Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ гунаҳкори он шумурда мешуд.

Видеои вокуниши шавҳари Зеварбону Пирова ба авфи ёвари додситон:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Як шаҳрванд зидди Қонуни афв аст