Чӣ парлумонро ба ислоҳи қонунҳои амниятӣ водошт?

Баррасии якбораи се қонуни марбут ба танзими амнияти дохилӣ ва ҳифзи тартибот дар парлумонро коршинсон ба хатарҳо ва чолишҳое марбут медонанд, ки имкон дорад Тоҷикистонро ноором кунанд.

Тағйири манофеи бархе аз “бозигарон” дар Осиёи Марказӣ, хориҷ шудани нерӯҳои НАТО аз Афғонистон ва густариши фаъолияти гурӯҳҳои терористиву нооромиҳои дохилӣ дар кишварҳои дигар, ба гуфтаи таҳлилгарон, ангезаест, ки мақомоти Тоҷикистонро таҳкими амнияти дохилӣ таҳрик додааст. Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон рӯзи 15 октябр ба қонун дар бораи мубориза бо терроризм, дар бораи милитсия ва дар бораи мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккилро ислоҳ кард.

Бо он ки ин дигаргуниҳо ҷузъӣ ба назар мерасанд, фаъолияти ниҳодҳои қудратиро дар баробари мубориза бо терроризм ва ҷилавгирӣ аз эътирози шаҳрвандон ва раҳпаймоиҳо мушаххастар кардааст. Аз ҷумла тибқи лоиҳаи нави қонуни милитсия, ҳамакнун кормандони мақомоти интизомӣ иҷоза доранд, дар сурати “ҳамлаи гурӯҳӣ ва мусаллаҳона” аз ҷониби тазоҳургарон аз силоҳ кор бигиранд. Ҳарчанд дар матни қаблии қонуни мазкур ҳам, милиса иҷозаи истифода аз силоҳро дошт, аммо ба таври мушаххас муаяйн нашуда буд, ки дар кадом ҳолат пулис метавонад аз аз силоҳ истифода кунанд.

Абдузафар Иномов, вакили парлумон аз Кумитаи дифоъ ва амнияти парлумон, ки қонун дар бораи мубориза алайҳи терроризмро дар ҷаласаи ахир муаррифӣ кард, гуфт, қонунҳои қаблӣ ҳам камбуди ҷиддӣ надоштанд, аммо бо талаби замон бояд ин қонунҳо баррасӣ ва мукаммал шаванд: “Ин андешаҳо, ки таваҷҷӯҳ ба ин чанд қонун ба сару садоҳо дар робита ба даъватҳои ахир ба гирдиҳамоӣ рабт дорад, нодуруст аст. Қонунҳои мазкур аз чанд соли қабл дар баррасӣ қарор доштанд. Имрӯз вазъи кишварҳо, пешрафти ҷамъият ҳаминро тақозо мекунад, ки ин қонунҳо баррасӣ шудаву тағйирот ворид шавад.”

Cаидумар Ҳусайнӣ, вакили парлумон аз ҲНИТ.

Ин ҳам дар ҳоле, ки Саидумар Ҳусайнӣ, вакили дигари порлумони Тоҷикистон мегӯяд, кишвар ба хатари ҷиддӣ рӯ ба рӯ нест, аммо ба хотири ҷилавгирӣ ва бастани ҳама дарҳо ба рӯи терроризм, кишвар бояд аз нигоҳи қонун хуб омода бошад: ”Барои кишвари мо таҳдидҳо зиёд нест, вале мо агар ҳаводисро пеш аз ба вуқӯъ омаданаш пешгирӣ кунем, беҳтар аст. Масалан, дар дигар ҷои дунё ин кор сурат гирифтааст, мо ҳам бояд васоили ба вуҷуд омадани терроризмро тавассути қонун ҷилавгирӣ кунем. Албатта онҳое, ки ба ин корҳо даст мезананд, нуқсони қонунро мекобанд ва аввал кӯшиш мекунанд аз амалҳое кор бигирад, ки дар қонун мухолифат ба он рӯшан нашуда бошад. Бинобар ин, қонун бояд ҳама роҳҳоро пешбинӣ кардаву тамоми дарҳоро бубандад, то бадхоҳону террористон ворид шаванд.”

Дар гузашта хабару мақолаҳо дар бораи таҳдидҳои амниятӣ ба Тоҷикистон зиёд нашр мешуд. Баъдан ин раванд рӯ ба коҳиш овард ва ахиран матбуоти хориҷӣ, махсусан расонаҳои русӣ дубора ба масъалаи амнияти Тоҷикистон рӯ оварданд. Чанде пеш нашрияи «Русская планета» Тоҷикистонро аз хатари гурӯҳҳои исломӣ аз хориҷи кишвар ҳушдор дод. Ин нашри бо чопи мақолае таҳти унвони “Гастербайтерҳои ҷиҳодӣ”, вазъи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва хатароти гурӯҳҳои тундрави исломиро ба баррасӣ кашида, дар бораи Тоҷикистон гуфтааст, ба вижа гурӯҳҳои созмонёфтаи низомиву сиёсӣ аз берун метавонанд, таҳдид ба истиқлол ва ё ноамнӣ дар Тоҷикистон дошта бошанд.

Комёб Ҷалилов, коршиноси масоили амниятӣ.

Ба навиштаи нашрия, ба Тоҷикистон таҳдиди хатар аз берун, аниқтараш аз Афғонистон ва аз гурӯҳҳои ифротӣ бештар аст. Аммо Комёб Ҷалилов, коршиноси масоили амниятӣ мегӯяд, қонунҳо ғолибан бо дигар шудани вазъ бояд тағйир ёбанд. Аммо дар робита ба эҳтимоли таҳдидҳо Комёб Ҷалилов афзуд: “Таҳдидҳо ҳам аз дохил ҳам аз хориҷанд. Аммо сабаби асосии пайдоиши таҳдидҳо аз хориҷ, метавонад камбудиҳои сиёсиву иқтисодӣ ё иҷтимоӣ дар дохил бошад. Вале мутаассифона ҳоло медонед, ки Тоҷикистон дар ҳолате аст, ки аз ҷиҳати сиёсиву иқтисодӣ вобастагӣ дорад ба дигар бозингарон. Бештар таҳдидҳои хориҷӣ вобаста аз вазъи дохилии кишваранд.”

Дар ҳамин ҳол Султони Ҳамад, коршиноси дигари тоҷик мегӯяд, ҳарчанд мақомот ислоҳот ба қавонинро рабте ба таҳаввулоти ахири минтақа ва таҳдидо рабт намедиҳанд, аммо маълум аст, ки ислоҳот ба қонунҳои амниятӣ, як вокуниши ба чунин нигарониву хатарҳо аст.

Ҷаноби Ҳамад афзуд, “Бо эҳтимоли қавӣ гуфтан мумкин аст, ки ҳаводиси Украина, Ган Конг албатта таъсире дар бознигарии ин қонунҳо доштанд. Махсусан ҳамон банде, ки ба милиса иҷоза медиҳад аз силоҳи оташфишон истифода кунад. Дар ин замони пурошӯб, ки дар ҳар гӯшаи ҷаҳон тағйироте рух медиҳад, ҳар лаҳза ба Тоҷикистон ҳам ин таҳдидҳо метавонад хатар эҷод кунад. Масалан, Афғонистон кишвари ноором аст ва қувваҳои зиёде ҳастанд, ки нияти идомаи

Cултони Ҳамад

мубориза берун аз Афғонистонро доранд. Садҳо шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҷанги Сурия ширкат доранд, онҳо ҳам метавонанд хатаре эҷод кунанд. Ва имрӯз мебинем, ки байни абарқудратҳо ҳам рақобатҳо тезу тунд мешавад ва ин ҷангҳо ба ҳар кишвари дунё кашида шуда истодаанд. Тоҷикистон ҳам кишваре аст, ки кишварҳои абарқудрат инҷо манфиатҳои худро доранд ва албатта хатарҳои зиёде дар пешорӯяш қарор дорад”

Нозирони умур мегӯянд, бо таваҷҷӯҳ ба он, ки Тоҷикистон дар минтақаи ҳассоси геополитикӣ, қарор дорад, аз хатару таҳдидҳои эҳтимолии гурӯҳҳои террорист ва ифротгаро, ба хусус аз қаламрави Афғонистон эмин нест.

Бо ин вуҷуд мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар ба ҳеҷ кас ва гурӯҳе иҷозаи таҳдиди ин сарзаминро нахоҳанд дод. Ин аст, ки ахиран Амирқул Азимов, раиси Кумиати дифоъ ва амнияти парлумони Тоҷикистон гуфт, ки нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, ки дар даврони ҷанги дохилии ин кишвар бо мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ буданд, акнун аз таҷрибаи кофӣ барои муқобила бо ҳар навъ таҳаррукоти гуруҳҳои террористӣ бархӯрдор мебошанд.